Эмомали Рахмон провел заседение Совбеза страны

Раҳмон роҳбарони “Амонатбонк” ва “Тоҷик Эйр”-ро аз толори ҷаласа пеш кард

355
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди шунидани ҳисоботи роҳбари ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”, Руҳулло Ҳикматзода ва роҳбари “Амонатбонк”, Хайрулло Раҳимов фаъолияташонро зери танқиди шадид қарор дода, онҳоро аз толори ҷаласа пеш кардааст

ДУШАНБЕ, 22 янв - Sputnik. Раисҷумҳури  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи ҷамъбасти соли гузаштаи Ҳукумат, баъди танқидҳои шадид аз роҳбарони ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва “Амонатбонк” дархост намуд, ки толори маслисро тарк кунанд, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Манбаъ қайд кардааст, ки ба ақидаи коршиносон ин маънои аз вазифа озод кардани роҳбарон аз вазифаҳояшон мебошад.

“Раҳмон баъди шунидани ҳисоботи раиси БДА “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода ва роҳбари ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов кори ҳардуро мавриди интиқоди шадид қарор дода, дархост намудааст, ки фавран толорро тарк намоянд”, - афзудааст манбаъ.

Фармони раисҷумҳур дар бораи озод намудани Ҳакимзода ва Раҳимов аз вазифаҳояшон то ҳол набаромадааст.

Раҳмон инчунин супориш додааст, ки баҳри беҳтар намудани низоми бонкӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Вай қайд кардааст, ки норасоии асъори хориҷӣ дар бонкҳо ба рушди соҳибкорӣ халал мерасонад.

Хотиррасон мекунем, ки Ҳакимзода Руҳулло 13 майи соли 2015 бо фармони президент раиси БДА “Амонатбонк” таъйин шуда буд. То таъйинот ӯ ба ҳайси муовини аввали ин бонк фаъолият дошт.

Хайрулло Раҳимов санаи 27 январи соли 2016 ба мансаби директори генералии ширкати ҳавопайоии “Тоҷик Эйр” таъин гардида буд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр”, ки ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон аст, тамоми парвозҳояшро бо далели мушкилоти молӣ қатъ намуда, коргаронашро ба рухсатии бемузд равон карда буд.

 Феълан вазъи “Тоҷик Эйр”-ро комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Қоҳир Расулзода омӯхта истодааст ва қарор дар мавриди тақдири ширкат бояд давоми як моҳ эълон карда шавад. 

Ба ақидаи коршиносон ду роҳ дар назар аст, ки яке эълони муфлисии “Тоҷик Эйр” ва дигаре эҳёи фаъолияту парвозҳо, агар муайян гардад, ки вазъ ислоҳшаванда аст.

 

355
Барчаспҳо:
Амонатбонк, Тоҷик Эйр, ҷаласа, Раисҷумҳур, Раҳмон
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)