Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев

Президент муовини сарвазирро аз вазифааш барканор кард

415
Нодир Отаҷонов аз вазифаи муовини сарвазир озод ва ба вазифаи ноиби мушовири президент оид ба масоили сармоягузорӣ ва муносибатҳои иқтисоди беруна пазируфта шуд

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ноиби сарвазири кишвар Нодир Отажоновро, ки ҳамзамон автопроми маҳалиро идора мекардааст, аз вазифааш озод кардааст, иттилоъ медиҳад "Газете.uz" бо истинод ба намояндаи кабинети вазирон.

“Нодир Собирович Отаҷонов бо фармони раисҷумҳур аз вазифаи муовини сарвазири Узбакистон сабукдӯш карда шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзудааст, ки Отаҷонов инчунин аз вазифаи роҳбари маҷмааи кабинети вазирон оид ба рушди гардиши мол, содироти коло, мошинсозӣ, саноати автомашина ва техникаҳои электронӣ ва стандартизатсияи маҳсулот озод шудааст. Отаҷонов ин вазифаҳоро дар моҳи августи соли 2017 соҳиб шуда буд.

Намояндаи кабинети вазирон афзудааст, ки Отаҷонов дар асоси қарори дигари Мирзиёев ба вазифаи муовини мушовири президенти Узбакистон оид ба масоили сармоягузорӣ ва муносибатҳои иқтисоди беруна, таъйин шудааст.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Мирзиёев ноиби дигари сарвазири Узбакистон Суҳроб Холмуродовро, низ аз вазифааш сабукдӯш карда буд. Ба ҷои вай ба Элнер Ғаниев собиқ ноиби мушовири роҳбари кишвар таъйин шуда буд.

Айни ҳол дар дар кабинети вазирони Узбакистон 8 муовини сарвазир фаъолият доранд.

 

415
Барчаспҳо:
ноиби сарвазир, вазир, Мирзиёев, Узбакистон