Созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон дар ҳаҷми 85 миллион доллар грант ба даст оварданд

36
(Таҷдидшуда 11:43 29.01.2019)
Грантҳои хориҷаро бештар созмонҳои ғайридавлатии ҳимоятгари ҳуқуқи инсону созмонҳои иҷтимоӣ ба даст овардаанд

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Созмонҳои ғайридавлатӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2018 аз кишварҳои хориҷ дар ҳаҷми зиёда аз 85 миллион доллар, грант ба даст овардаанд, - ба рӯзноманигорон гуфт вазири адлияи кишвар Рустам Шоҳмурод.

“Дар соли гузашта 1,718 созмони ғайридавлатии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда дар маҷмуъ ба миқдори 58 миллион доллар, 8 миллион евро, 2,5 миллион фунт стерлинг, 6,5 франки шветсарӣ ва инчунин зиёда аз 78 миллион сомонӣ маблағ ба даст овардаанд”, - гуфт вазир.

Ба гуфтаи ӯ грантҳоро бештар созмонҳои ғайридавлатии ҳимоятгари ҳуқуқи инсону созмонҳои иҷтимоӣ ба даст овардаанд.

Ба гуфтаи Рустам Шоҳмурод ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 2,5 созмони ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд.

Манбаъ афзудааст, ки дар соли 2017 баҳри дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии кишвар аз хориҷа дар ҳаҷми қариб 100 миллион доллар грант ҷудо шуда буд.

Ҳукумати Тоҷикистон моҳи апрели соли 2016 қарор қабул кард, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар сурати гирифтани грантҳо бояд дар давоми 10 рӯз ба мақомоти адлия дар бораи он маълумот пешниҳод кунанд.  

 

 

36