Раджаббой Ахмадзода председатель Согда

Аҳмадзода бел дар даст ба мумфаршкунии роҳҳо дар вилоят оғоз кард

256
Дар шаҳри Хуҷанд роҳи кӯчаҳои Фирдавсӣ, Озодӣ, маҳаллаҳои Тиллокону Чашма мумфарш гардида, роҳи кӯчаи ба номи Раҳмон Набиев васеъ ва чароғон карда мешавад.

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба мумфаршкунии роҳҳо дар вилоят оғоз бахшид, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, 22 май раиси вилоят ба мумфаршкунии роҳи маҳаллаи 1 – Майи шаҳри Хуҷанд ҳусни оғоз бахшид.

"Бо ин иқдом, яъне мумфарш намудани роҳи яке аз маҳаллаҳои қадимтарини шаҳри бостонии Хуҷанд мо имрӯз ба мавсими мумфаршкунии роҳҳо дар қаламрави вилоят ҳусни оғоз мебахшем", - изҳор дошт Аҳмадзода.

Гуфта мешавад, соли ҷорӣ роҳҳои мошингарди шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент, Мастчоҳ, Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт мумфарш гардида, ба беҳбуди сатҳи зиндагӣ ва ободонии маҳалҳо мусоидат хоҳанд намуд.

Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд роҳи кӯчаҳои Фирдавсӣ, Озодӣ, маҳаллаҳои Тиллокону Чашма мумфарш гардида, роҳи кӯчаи ба номи Раҳмон Набиев васеъ ва чароғон карда мешавад.

Раиси вилоят зимни мулоқот ҳамчунин изҳор дошт, ки бояд мардум низ дар ободонии маҳал саҳмгузор бошанд ва иқдомҳои некро дастгирӣ намоянд. Бахусус, дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла мумфарш намудани роҳҳо ва сохтмони пулҳо амали басо хайру савоб аст.

Раҷаббой Аҳмадзода масъулини дахлдор, аз ҷумла раисони маҳаллаҳои шаҳрро муваззаф намуд, ки дар ҳамҷоягӣ бо сокинон баҳри ободу зеботар гаштани шаҳри бостонии Хуҷанд, ки имрӯзҳо маъвои дили сайёҳону меҳмонон гаштааст, корбариро хубтар ба роҳ монанд.

 

 

 

256

Сипоси Ҳабиб аз падараш баъди пирӯзӣ бар Гетҷи-видео

5
Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз шикаст додани Ҷастин Гетҷи навиштаи аввалро нашр кард

ДУШАНБЕ, 25 октябр - Sputnik. Қаҳрамони UFC дар вазни сабук, размикори ҳунарҳои муҳорибаи омехтаи Русия Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз шикаст додани варзишкори амрикоӣ Ҷастин Гетҷи ба падари худ ташаккур гуфт.

“Падар ташаккур ба шумо барои ҳама чизҳое, ки дар ин зиндагӣ ба ман омӯхтед, Аллоҳ ба шумо дараҷаи баландтарини биҳиштро ато гардонад",- навиштааст Хабиб дар аккаунти худ.

Навиштаи Нурмуҳаммадов пас аз мағлуб кардани Гетҷи ва пас аз эълони хотимаи корномаи варзишияш буд.

Ёдовар мешавем, шаби гузашта Ҳабиб Нурмуҳаммадов размикори амрикоӣ Ҷастин Гетҷиро шикаст дод.

Рақобат ду давр идома карда, размикори доғистонӣ бо усули маъмулияш, буғӣ кардан, ҳарифашро шикас дод.

Пас аз пирӯзӣ ӯ эълон кард, ки ин охирин баромадаш буд. Ӯ гуфт, ба модараш ваъда додааст, ки охирин муҳорибааш аст, ва анҷоми корномаи варзишияшро эълон кард.

5
Букет гвоздик в руке, архивное фото

Ли Ҳонг Хи, мудири ширкати ҷаҳонии Samsung даргузашт

13
Соҳибкори бузурги Кореяи Ҷанубӣ, роҳбари консерни Samsung Ли Ҳонг Хи, дар синни 79-солагӣ дар Сеул вафот мекунад

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Роҳбари Samsung Ли Ҳонг Хи 25 октябр дар беморхонаи Сеул дар синни 79-солагӣ даргузашт.

Вориси ин соҳибкор писари ӯ Ли Ҷэ Ён мебошад, ки додситонии Кореяи Ҷанубӣ дар қаллобӣ гумонбар медрнд.

Дар бораи марги соҳибкори маъруф хабаргузории “Ренхап”  хабар додааст.

Сабаби марг мушаххас нашудааст.

Samsung Group соли 1938 аз ҷониби падари Ли Ҳон Хи, Ли Бён Чхол таъсис дода шудааст. Пас аз марги ӯ, корпоратсия ба фарзандонаш мерос монд ва Ли Ҳонг Хи (писари сеюм) роҳбари Шӯрои директорон шуд.

Таҳти роҳбарии ӯ, ширкат аз як истеҳсолкунандаи хурди Корея ба як корпоратсияи бузурги байналмилалӣ табдил ёфт.

Соли 2014 Ли Ҳонг Хи сактаи қалбро аз сар гузаронд, пас аз он, назорати корпоратсия ба писараш ва ноиби президенти ширкати фаръии ин гурӯҳ, Samsung Electronics Ли Ҷэ Янг гузашт, ки боварӣ дорад, ворис аст.

Дар гузориши хабаргузории Кореяи Ҷанубӣ гуфта мешавад, ки додситонӣ Ли Ҷэ Янгро ба ин далел гумонбар мекунад, ки дар ҷараёни ба даст овардани қудрат дар консерн, Ли Ҷэ Янг дар тақаллуби ғайриқонунӣ дар якҷояшавии ширкатҳои корпоратсия бо мақсади ба даст овардани назорат аз болои Samsung Group ширкат кардааст.

13