Автомобильная дорога, ведущая к городу Душанбе

Обуҳавошиносон: дар Душанбе меғ мефарояд, аммо дар ВМКБ боридани барфу борон дар назар аст

81
(Таҷдидшуда 13:09 26.11.2019)
Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон эълон намудааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаву бебориш шуда, дар ноҳияҳо меғ мефарояд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, меғ ё туман  мефарояд.  Ҳаво шабона 3-5 дараҷа хунук  ва  рӯзона  4+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Туман  мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук шуда, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва  барф меборад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва  рӯзона  аз 2+7 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 11-16 ва рӯзона  0-5 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук   ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8-13 дараҷа хунук  ва   рӯзона    аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 4+9  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10  дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

81
Барчаспҳо:
Душанбе, бориши барфу борон, барфу борон, тағйирёбӣ, ҳаво, ҷумҳурӣ, Оҷонсии обуҳавосанҷӣ, Тоҷикистон