Министр здравоохранения Таджикистана Джамоллидин Абдуллозода

Вазири тандурустӣ нахустин тағйироташро аз сухангӯяш сар кард: ҳамкори қаблияшро овард

1266
(Таҷдидшуда 17:28 13.05.2020)
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон нахустин тағйироти кадрияшро баъди ба мансаби нав роҳ ёфтан аз сухангӯи ин ниҳод огоз кард

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон Бибихонум Дарвешзода, ки то ин замон сухангӯи ин ниҳод буд аз вазифааш барканор шуд.

Ба иттилои манбаъ, бо фармони Ҷамолиддин Абдуллозода, Бибихонум Дарвешзода, субҳи имрӯз аз вазифааш сабукдӯш ва ба ҷойи ӯ Эмомалӣ Мирзоев таъйин шуд.

Ба иттилои манбаъ,  сухангӯи нави вазорат ҳамакнун ҳамкори қаблии вазир Эмомалӣ Мирзоев таъйин шудааст.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Мирзоев қаблан дар вазифаи раҳбари бахши иттилоот ва робитаи беморхонаи “Истиқлол” кор мекард.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири нави тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 5 май аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба ин мансаб таъйин шуд.

Ӯ дар ин мақом Насим Олимзодаро иваз намуд.

Номбурда қаблан раҳбарии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”-ро ба зима дошт, ки аз ҷониби Рустами Эмомалӣ Таъйин шуда буд.

1266
Барчаспҳо:
таъини сухангӯ, Вазорати тандурустии ҶТ, Ҷамолиддин Абдуллоев
Верующий на намазе в мечети, архивное фото

Масоҷид ва марказҳои мусалмонӣ дар вилояти Маскав дубора ба кор даромаданд

9
Ҳоло масҷидҳо танҳо барои ташрифи инфиродӣ дастрасанд ва бо риояи қатъии қоидаҳои санитарӣ ба роҳ монда шуданд

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Дар вилояти Маскав  пас аз сабукгардонии чораҳои маҳдудсозӣ вобаста ба пандемия масҷидҳо ва марказҳои мусалмонӣ боз шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Шӯрои Муфтиёни Русия.

Аммо, ҳоло онҳо танҳо барои боздидҳои инфиродӣ дастрасанд ва бо риояи қатъии қоидаҳои санитарӣ амалӣ карда мешаванд.

Қайд карда мешавад, ки намози ҷумъа танҳо дар ҳавои кушод дар Ногинск, Старая Купавна, Орехово-Зуево, Шелково, Солнечногорск, Наро-Фоминск, Звенигород, Родники, Коломна, Яхрома, Зарайск, Домодедово, Тучково ва Шаховский баргузор мешавад.

Дар ҷамоаҳои боқимондаи мусулмонони вилояти Маскав намози ҷумъа баргузор нахоҳад шуд.

То беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ онҳо онлайнӣ баргузор карда мешаванд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон риояи қатъии меъёрҳои санитарӣ ҳатмӣ мебошад. Мӯъминон бояд бо худ ниқобҳои тиббӣ ва дастпӯшак дошта бошанд ва инчунин пешниҳод мешавад, ки бояд масофаи иҷтимоӣ риоя шавад.

Ёдрас мешавем, қаблан маълум шуда буд, ки аз 6 июн дар Маскав масҷидҳо боз хоҳанд шуд. Ва ду рӯз пеш  1 июн, дар пойтахти Русия, дар реҷаи озмоишӣ, Масҷиди марказӣ дарҳои худро барои намозгузорон боз кард.

9
Барчаспҳо:
макони ибодати мусулмонон, мусалмонон, кушодашавӣ, масоҷид, Русия

Ҳайати Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба қарибӣ дубора ба Тоҷикистон меояд

86
(Таҷдидшуда 10:16 04.06.2020)
Дар нишасти матбуотии Дафтари минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бораи сафари такрории ҳайати ин ташкилот ба Тоҷикистон гуфтанд

 

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Ҳайати Созмони ҷаҳонии беҳдошт  дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон дубора меояд. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби Дафтари минтақаи ТУТ дар Аврупо хабар дода шуд.

Доктор Олег Стороженко, корманди маркази ҳамоҳангсозӣ оид ба вокуниш ба пандемияи COVID-19 ва ҳамзамон узви ҳайати СҶБ, ки ба Тоҷикистон омада буд, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, мубориза бо коронавирус як равиши хеле ҳамаҷонибаест, ки захираҳои муайянро лозим дорад ва ҳамзамон дар баробари табибон кор бо аҳолиро талаб мекунад.

"Дар ҳолати зарурӣ, ТУТ омода аст шарикони худро барои кӯмак, пешниҳоди таҷрибаи зарурӣ ва таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ сафарбар намояд. Мо хуб медонем, ки ҳеҷ кишваре ва ҳеҷ як ташкилот наметавонад танҳо ба пандемия мубориза барад. Мо барои муттаҳидӣ дар ин ҷоем ва агар лозим бошад, дасти худро дароз кунем ", гуфт Стороженко.

Ҳамзамон  Луба Негру, сухангӯи Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо илова намуд, ки ҳайати ташкилот ба наздикӣ боз ба Тоҷикистон ташриф меорад.

“Хеле сахту ногувор буд”: набарди Абдуллоҳи Раҳнамо бо “вируси корона” поён ёфт

 Ёдовар мешавем, сафари охирини гурӯҳи махсуси ТУТ чанде пеш баргузор шуда буд, ки коршиносони он ду ҳафтаи аввали моҳи майро дар Тоҷикистон гузарониданд.

86