Похороны в Таджикистане, архивное фото

Даргузашти генерал Азимов, собиқ фармондеҳи марзбонӣ ва ноиби сарвазир

8986
(Таҷдидшуда 18:00 17.05.2020)
Генерал Абдураҳмон Азимов, фармондеҳи собиқи нирӯҳои сарҳадии Тоҷикистон, шаби ҷумъа дар синни ҳафтодсолагӣ вафот кардааст

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Яке аз наздикони марҳум дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, генерал на аз коронавирус, балки аз бемории дил даргузашт.

Ба иттилои манбаъ, номбурда шаби ҷумъаи гузашта фавтида, ҷасади ӯро дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб ба хок супоридаанд.

Абдураҳмон Азимов, 10 январи соли 1950 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, арбоби давлатӣ ва низомӣ, генерал-лейтенанти қувваҳои сарҳадӣ буд.

Ӯ ба соҳаи низомӣ пас аз солҳои ҳаштодум ворид гашта, нахуст дар ин самт ҳамчун корманди Комитети бехатарии давлатии Тоҷикистон кор карда, баъдан ёвари сардори идораи Комитети амнияти миллии (КАМ) Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори идораи КАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон (1993 – 1996), Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996 – 1999) буд.

Ҳамчунин ӯ вакили Маҷлиси Намояндагон низ буда, раҳбарии комитети Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, Комитети ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зима дошт.

Ахиран вазифаи сардори Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Сарраёсати нирӯҳои марзбониро ба зима дошта, моҳи сентябри соли 2015 бо як фармон аз суи президенти кишвар ба нафақа гусел карда шуд ва тули бознишастагияш дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб иқомат дошт.

Ин дуввумин генерали бознишастаи тоҷик аст, ки давоми чанд рӯзи ахир мефавтад.

Рӯзи 14 май низ генерал – майор Абдулназар Абдуласанов, собиқ муовини вазири дифоъи Тоҷикистон, фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди кишвар ва комменданти низомии Душанбе дар синии 76 – солагӣ тарки олам кард

 

8986
Люди в масках в городе

Омори ҷадиди фавт, сироят ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон давоми як рӯз

385
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори ҷадиди фавт сироят ва шифоёбӣ аз маризии сироятии коронавирусро мунташир намуд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 49 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардидааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Ба ҳамин минвол, шумораи умумии гирифторон ба маризии коронавирус аз 30 - юми апрел то 11 - уми июл ба 6 505 нафар баробар аст.

Баъди марги боз як нафар: сироятёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон коҳиш ёфт - омори расмӣ

Манбаъ меафзояд, то имрӯз дар мамлакат 5176 нафар ё худ 79,5 дарсади гирифторони COVID-19 шифо ёфтаанд. Ҳамчунин шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст ва теъдоди умумии қурбониён 55 нафар арзёбӣ мешавад.

"Шабонарӯзи охир 196 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 61 нафар пас аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", — таъкид мешавад дар хабар.

Имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

385
Барчаспҳо:
омор, Тоҷикистон, вазорати тандурустӣ
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Пляжный зонт

Наҷоти як кӯдак аз ғарқшавӣ ба марги 11 нафар анҷомид

146
(Таҷдидшуда 17:20 11.07.2020)
Ин ҳодиса дар яке аз пляжҳои Миср рух додааст. Ба далели зиёд сар задани чунин ҳодисаҳо, сокинон онр "пляжи марг" ном гузоштаанд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Ёздаҳ нафар дар пляжи Александрияи Миср ғарқ шуданд, хабар медиҳад Akhbar el-Youm.

Ҷавони 26 - сола, ки гирифтори бемории рӯҳӣ буд, дар канали Чузӣ ғарқ шуд

Ба иттилои манбаъ, ғарқшавии 11 нафар дар ҳолест, ки қаблан мақомоти давлатӣ дар доираи чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии коронавирус пляжро баста буданд ва аз сокинон дархост намуданд, ки дар ин манотиқ дигар ба шиноварӣ машғул нашаванд.

Гуфта мешавад, ҳодиса соати 05:20 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Сокинон ба хотири ба дасти кормандони пулис науфтодан, субҳи барвақт ба пляж рафтанд.

"Даҳ нафар ба ҳангоми наҷот додани як кӯдак аз ғарқшавӣ худ зери об рафтанд. Наҷотбахшон танҳо ҷасади 6 нафарро берун оварданд. Корҳои кофтукобӣ идома дорад", - таъкид мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки дар Миср сар аз моҳи март, аз замони авҷ гирифтани маризии коронавирус ҳамаи пляжҳо баста шудаанд ва кормандони пулис ҳамарӯза аз ҳузури одамон назорат мебаранд.

146
Барчаспҳо:
Миср, ғарқ, кӯдак

Ҳушдори Лавров: террористҳо метавонанд аз коронавирус сӯистифода кунанд - навор

0
(Таҷдидшуда 18:30 11.07.2020)
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров дар ҷараёни "Примаковских чтения" назари худро дар мавриди вазъи байналмилалӣ изҳор дошт

Сергей Лавров вазири умури хориҷии Русия ба масоили таъсири пандемия ба сиёсати ҷаҳон мудохила кард.

"Ин сироят ҳамаи мушкилот ва таҳдидҳое, ки қаблан ҳам мавҷуд буданд, шадидатар кард. Тахминҳо вуҷуд доранд, ки террористон фикр мекунанд, ки чӣ гуна ин вирусро истифода баранд ва ё ба эҷоди вируси нав даст ёбанд", - изҳор доштааст Лавров.

Ба гуфтаи ӯ, на танҳо террористон мехоҳанд аз ин маризӣ суистифода кунанд, балки роҳбарони аксар кишварҳо мехоҳанд бӯҳроне, ки пандемия дар пай дошт ба манфиати худ истифода кунанд.

Омори ҷадиди як рӯз: фавти 5 000 ва сироятшавии 237 ҳазор нафар ба коронавирус дар ҷаҳон

Ба изҳори вазири умури хориҷии Русия, раванди барқароршавӣ пас аз пандемия вақти зиёдро талаб мекунад.

0
Барчаспҳо:
навор, маризӣ, сӯистифода, террорист, ҳушдор, Сергей Лавров