Шахтёр в штольне на шахте Заря, архивное фото

Геологи №1: захираи конҳои кишвар бо барномаи 40 ҳазордоллара дақиқ карда мешавад

156
(Таҷдидшуда 17:05 19.07.2020)
Саридораи геологияи Тоҷикистон мегӯяд барои муаян кардани захираҳои конҳо кишвар аз муосиртарин барномаҳо кор мегирад

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik.  Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, раҳбари ин ниҳод зимни як нишасти хабарӣ гуфт, барои ҳисоб кардани захираҳои конҳои фоиданок дар кишвар истифодаи барномаи “Майкромайн” ба роҳ монда шуд.

Ба иттилои манбаъ, барномаи мазкур самти фарох дошта, ба воситаи он, пеш аз ҳама, маълумоте, ки барои ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок зарур аст, ба даст меояд.

“Барнома ба таври автоматӣ ҳамаи захираҳоро ҳисоб карда, баъд дар шакли модели 3 нишон медиҳад, ки кори мутахассисонро даҳчанд осон мегардонад”,- афзуд манбаъ.

Номбурда гуфт, барнома қудрати нишон додани ҳатто миқдори ками маъданро ҳам дорад. Он корхона ва ширкатҳое, ки ба истихроҷи канданиҳо машғул ҳастанд, тариқи ин барнома метавонад, ба таври онлайн, яъне мустақим назорати рафти истихроҷи маъданро ба роҳ монанд.

Ӯ гуфт, айни ҳол  дар Саридораи геология як гурӯҳ ташкил карда шудааст, ки ба омӯзиши геологӣ бо истифода аз барномаи «Майкромайн» машғул мебошад ва ҳоло  дар як кони намунавӣ ҳисоби захираҳо бо истифода аз барномаи мазкур амалӣ карда мешавад.

Геологияи тоҷик гуфт, сокининон дар чанд минтақа метавонанд тилло шӯянд

Ба иттилои ӯ, барнома дар Австралия тарҳрезӣ шуда нарҳи он 40 ҳазор доллар мебошад.

Гуфта мешавад,  барномаи “Майкромайн” дар самти геология муосиртарин ба ҳисоб рафта, кори геологҳоро хеле осон мегардонад.

156
Связка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото

Раҳмон ба  76 корманди нерӯҳои марзбонии КДАМ хона тақдим кард

2
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни боздид аз ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои истиқоматиеро боз намуда аз он ба кормандони Нируҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон низ додааст

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо имкониятҳои бинои нав, нахустин калиди ҳуҷраҳои истиқоматиро ба кормандони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карданд.

“Дар бинои наву замонавӣ 76 корманди ниҳоди мазкур соҳиби хонаи истиқоматӣ гардиданд”, афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, ҳамаи хонаҳои истиқоматӣ таъмиру тармим гардида, пурра бо ҷиҳози рӯзгор, аз қабили қолинҳои гуногун, яхдон, телевизор, мошини ҷомашӯӣ ва дигар ҷиҳози зарурӣ таъмин мебошад.

Гуфта мешавад, иншооти нав аз 19 ошёна ва 591 хонаи истиқоматӣ иборат буда, онро ширкати “Сарманзил” бунёд кардааст.

Таъкид шудааст, бинои муҳташами баландошёнаи истиқоматӣ бо санъати хоси меъморӣ бунёд гардида, ҷавобгӯ ба талаботи замонавӣ ва дорои ҳама шароити лозима мебошад.

Раҳмон ба амниятиҳои ноҳияи Восеъ хона тақдим кард

Ёдовар мешавем. Чанд рӯз қабл Эмомалӣ Раҳмон бинои 3-ошёнаро бароии кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Восеъ ифтитоҳ карда буд.

2

Рубл боз паст шуду доллару евро боло рафт: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

59
(Таҷдидшуда 00:37 29.09.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Бар пояи овезаҳои бонкҳои кишвар имрӯз арзиши рубл дар бозори асъори кишвар дар ҳоли коҳишёбӣ буда, доллар ва евро гаронтар шудааст

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Тибқи нишондодҳои ҳафтаи равон қурби рубл нисбат ба сомонӣ қариб то чаҳор сомонӣ коҳиш ёфт.

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши имрӯ 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1307сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1350 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3290 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.0529  то 12.3000сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1355 то 0,1375 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 133 то 137 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1320 то 0,1400 сомонӣ нишон дода шудааст.

Дурнамои норушан: долларро дар охири соли 2020 чӣ интизор аст

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

59
Барчаспҳо:
евро, доллар, рубл, сомонӣ, қурби асъор, Тоҷикистон