Радио и телеведущий Александр Гордон с супругой Нозанин Абдулвасиевой

Гордон аз абераи Миршакар ҷудо шуд: 2 фарзанд ва 6 сол зиндагии муштарак доштанд

6411
(Таҷдидшуда 19:18 04.08.2020)
Александр Гордон, рӯзноманигори шинохтаи рус аз ҳамсари чаҳорумаш Нозанин Абдулвосиеваи 26 - сола ҷудо шуд

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik.  Бино ба гузориши маҷаллаи "СтарХит" барандаи телевизион Александр Гордон, аз набераи режиссёри машҳури Шӯравию Русия Валерий Аҳадов ва абераи Мирсаид Миршакар Нозанин Абдулвосиева ҷудо шудааст.

Онҳо замоне оиладор шуда буданд, ки Гордон 50 - сол ва Нозанин ҳамагӣ 20 - сол дошт ва тайи шаш соли зиндагии муштарак онҳо соҳиби ду писар Александр ва Федор шуданд.

Ба иттилои манбаъ,  дархости ҷудо шудан аз суи Нозанин сурат гирифта, додгоҳ 17 - уми июл издивоҷи онҳоро бекор кард.

Валерий Аҳадов: ҳар сонсургарӣ метавонад ба филм халал расонад

Ба гузориши додгоҳ, зану шавҳар ҳамаи масъалаҳои алимент ва амволро мустақилона ҳал кардаанд ва аз ин рӯ, дар ҷараёни ҷудошавӣ баҳсе ба миён наомад.

Александр Гордонро дар Тоҷикистон пас аз расонаӣ шудани хабари издивоҷаш бо Нозанин Абдулвосиева, набераи синамогари шинохта Валерий Аҳадов ва абераи шоири шинохта Мирсаид Миршакар бештар шинохтанд.

Режиссер, актёр, продюсер и сценарист Александр Гордон, его супруга Нозанин Абдулвасиева
© Sputnik / Екатерина Чеснокова
Режиссер, актёр, продюсер и сценарист Александр Гордон, его супруга Нозанин Абдулвасиева

Ӯ ва Ноза Абдулвосиева соли 2014 оила барпо кардаву, моҳи октябри ҳамон сол соҳиби писар шуданд. Бино бар хабари расонаҳо, онҳо замони наворбаргирии филми “Умник” шинос шудаанд.

Гордон аз рӯзноманигорони шинохта ва ровии барномаҳои маъруфи шабакаи телефизионии ОРТ буда, муаллифи барномаҳои  "Они и мы", "Ночной Гордон", "Закритый сеанс","“Гордон-Кихот", "Гражданин Гордон" мебошад.

Нозанин Абдулвасиева кист?

Нозанин Абдулвосиева дар хонаводаи маъруфи тоҷик таваллуд шудааст. Гузаштагони ӯ шоири халқии ҶШС Тоҷикистон Мирсаид Миршакар ва бобояш коргардони кино Валерий Аҳадов мебошанд.

"Се талоқ" : Мисс Москва дар бораи ҷудошавӣ аз шоҳи Малайзия гуфт

Нозанин, ба монанди падару модараш, касби эҷодӣ интихоб карда, хатмкардаи ВГИК – Донишкадаи давлатии санъати кинои Русия мебошад.

6411
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали

Дастури Рустам ба масъулини пойтахт аз танзими нарх то захираи ғизо ва омодагӣ ба зимистон

10
(Таҷдидшуда 15:54 27.09.2020)
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба масъулини пойтахт дастур додааст, ки ба мавсими тирамоҳу зимистон омодагии ҷидди бигиранд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси шаҳр, зимни баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Рустами эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои пойтахт, дастур додааст, ки дар ҳама соҳаҳо омодагии ҷидди гирифта, фаъолияти сохторҳоро дар ин самт зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Ҳамзамон роҳбарони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати захираи маводи озуқаворӣ, сӯзишворӣ, ангишт ва ҳезум, омодагии генераторҳои барқӣ, бехатарии зиддисӯхтор дар мавсими тирамоҳу зимистон ва омода намудани бинои иншоотҳои соҳа барои қабули гармӣ чораҳои бетаъхир андешанд.

Рустами Эмомалӣ барои бо нархҳои дастрас таъмин намудани сокинони пойтахт бо маҳсулоти ниёзи аввалия, захира ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ, иҷрои аз меъёри асосӣ зиёди нақшаҳои захираи картошка, пиёз, сабзӣ, орд, равған, шакар, мониторинги нарху наво ба масъули пойтахт супоришҳо додааст.

Масъулини соҳаҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ уҳдадор гардиданд, ки кори муътадили марказҳои барқу гармидиҳӣ захираи ангишту мазутро таъмин намуда, оид ба пайвастшавии бинову иншоот ба шабакаи гармидиҳӣ, таъмир ва сохтмони истгоҳҳои трансформаторӣ, пешгирии худсаронаи пайвасти ноқилҳо ба симчӯбҳо ва қонунвайронкуниҳо дар истифодаи қувваи барқ,  тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

10
Барчаспҳо:
дастур, Рустами Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон
Встреча президента Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов и президента РТ Эмомали Рахмон, архивное фото

Тавсифи Раҳмон аз дастовардҳои Туркманистон

21
Туркманистон рӯзи 27 сентябр Истиқлоли давлатиро таҷлил мекунад. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури ин кишвар паёмҳои шодбошии ҳамтоёнашро қабул мекунад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро бо солгарди Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфт.

Раҳмон ба Бердимуҳаммадов изҳор доштааст, ки Туркманистон тайи солҳои истиқлоли давлатӣ ба дастовардҳои бузург дар бахши иқтисод, илм, фарҳанг ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум ноил шудааст.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, мавқеи Туркманистон дар сатҳи байналмилалӣ боло рафт.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳо ва таҳкими дӯстию муносиботи созандаи ду кишвар аҳамияти калон медиҳад.

Туркманистон сохтмони роҳи оҳани Афғонистон то сарҳади Тоҷикистонро анҷом хоҳад дод

Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки Тоҷикистону Туркманистон зарфияти ҳамкорию шарикии минтақавиро амалӣ хоҳанд кард.

21