Сотни мусульманских паломников окружают Каабу

Ҳаҷи умра: Арабистони Саудӣ рӯйхати кишварҳоро эълон кард

915
(Таҷдидшуда 15:31 03.11.2020)
Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷоза дод, ки бо вуҷуди шароити коронаӣ барои ба ҷо овардани маносики ҳаҷҷи умра ба ин кишвар сафар кунанд.

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории Форс, давлати Арабистони Саудӣ рӯйхатти кишварҳоеро, ки шаҳрвандони онҳо ба рағми маҳдудиятҳои коронаӣ метавонанд барои маносики умраи инфиродӣ ба ин кишвар сафар кунанд эълом кардааст, ки дар ин рӯйхат номи Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Чин, Туркия, Озарбойҷон ва Беларус ба чашм мехурад.

Бар асоси ин рӯйхат Эрон, Миср, Қатар, Италия ва Қирғизистон низ ба таври муваққат аз сафар ба умра манъ шудаанд.

Ҷисман обутобёфта: эълони озмуни раҳбаладони "Ҳаҷ-2020"

Ҳамчунин сафари шаҳрвандони кишварҳои Кувейт, Русия, Англия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ин кишвар мамнуъ шудааст.

Давлати Риёз пазириши шаҳрвандони хориҷӣ аз 108 кишварро, ки мойил ба анҷоми ҳаҷҷи умра ҳастанд аз аввали ноябр оғоз мекунад.

Пеш аз ин, Риёз эълом карда буд, ки барои кишварҳое, ки дар он шиддати шуюъи вируси корона коҳиш ёфтааст, ҳаҷҷи умраро баргузор хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, ки Арабистони Саудӣ пас аз сабти аввалин ҳолати гирифторӣ ба вируси корона ва ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ, ба таври муваққатӣ вуруди афрод ба ин кишварро барои адои Ҳаҷҷи умра ва зиёрати Масҷиди паёмбар, манъ карда буд.

"Ҳаҷ-2020" доир намешавад?: Шӯрои уламо гуфт, маблағҳои ҷамъкардаро ба куҷо сарф кард

Кишвари Арабистони Саудӣ, ки Макка ва Мадина — ду макони муқаддас барои мусалмонон дар он ҷойгир ҳастанд, ҳамасола мизбони миллионҳо мусалмон аст ва авҷи сафари онҳо ба мавсими Ҳаҷҷ рост меояд.

Ҳамасола аз Тоҷикистон низ ҳазорҳо нафар ба Арабистони Саудӣ ба зиёрати ҷойҳои муқаддас сафар мекунанд.

915
Барчаспҳо:
иҷозат, Арабистони Саудӣ, ҳаҷ, Тоҷикистон

Аҳмадзода бо сохтмони тарабхонаи “Форел” шинос шуд

160
(Таҷдидшуда 19:00 03.12.2020)
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар тарабхонаи “Форел” шинос шуд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Суғд, тарабхонаи “Форел” дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.

Таъкид шудааст, ки ҳадафи сохтмон ҷалби сайёҳон, бахусус ҷаҳонгардони хориҷӣ буда, дар атрофи тарабхона ташкили мавзеъҳои истироҳатӣ, аз ҷумла як шиногоҳ ба нақша гирифта шудааст.

Манбаъ илова намуд, ки тарабхона аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, масоҳати он  960 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ба раиси вилоят иттилоъ дода шудаст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани тарабхонаи муосир то 30 нафар сокинон соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати анҷоми босифати корҳо, истифодаи масолеҳи баландсифат, ороиши бино бо истифода аз унсурҳои миллӣ супоришҳо дод.

Қаблан шаҳрдори Хуҷанд бо сохтмони ин тарабхона шинос шуд. Он вақт хабар доданд, ки тарабхона то ҷашни Наврӯз ба истифода дода хоҳад шуд.

160
Барчаспҳо:
Суғд, шумораи ками тарабхона, сохтмон, Тоҷикистон
Глава Согда вручает стипендии студентам и аспирантам

Стипендияи раиси Суғд ба маблағи 134 ҳазор сомонӣ супорида шуд

94
(Таҷдидшуда 18:50 03.12.2020)
Стипендияи раиси вилояти Суғд ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ супорида шуд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ба 130 нафар донишҷӯёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят дар маҷмуъ ба маблағи 134 ҳазору 500 сомонӣ стипендия супорид.

Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Суғд, барандаҳои стипендия аз ҷониби комиссия интихоб ва пешбарӣ мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар миқёси вилоят алҳол 7 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият мебаранд, ки дар ин муассисаҳо аз рӯи 130 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад.  

Котиботи ҳукумати Суғд афзуд, дар соли хониши 2020-2021 шумораи умумии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят дар маҷмӯъ беш аз 69 ҳазору 642 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин зикр шуд, ки дар ҳудуди вилоят имрӯз 1267 нафар магистрант ва 82 нафар аспирантон ба таҳсилу таҳқиқ машғуланд.

94
Барчаспҳо:
сомонӣ, маориф, Тоҷикистон
Люди в защитных костюмах проводят церемонию погребения человека умершего от COVID-19

Шӯрои уламо фатвои мурдаҳои бе намози ҷаноза гӯронидаро дод

1995
Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳолати ба қабр гузоштани майит бидуни хондани намози ҷаноза мусалмонон чи кор карда метавонанд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik.  Шӯрои уламои Маркази  исломии Тоҷикистон дар посух ба суоли як корбараш гуфтааст, ки дар ҳолати гӯронидани мурдае бидуни хондани намози ҷаноза чи кор метавон кард.

Усмон ном корбаре аз уламои Маркази исломии Тоҷикистон пурсидааст: агар нафаре аз касалии гузаранду фавтад, бе хондани намози ҷаноза гӯрониданаш ҷоиз аст.

"Шахсе, ки аз ягон бемории гузаранда, яъне аз вабо вафот мекунад ва ӯро ҷаноза намекунанд, барои майит ягон зарар дорад?", - навиштааст вай.

Дар посух Шуро роҳи адои ин намозро дар ҳолати зикргардида нишон додаанд.

Ба гуфтаи улумои дин, он намозро метавон пас аз гӯронидан дар сари қабр адо кард.

"Намози ҷаноза яке аз он ҳуқуқе аст, ки майит бар зиммаи дигар мусулмонон дорад. Бинобар ин, касе, ки бидуни ҷаноза дафн шуда бошад, бар сари қабраш намози ҷанозаи ў хонда мешавад", - омадааст дар посухи онҳо.

Пештар сокинони Тоҷикистон изҳори нигаронӣ доштанд, нафарони дар пайи сироят аз коронавирус фавтидаро бе хондани намози ҷаноза ба қабр мегузоранд.

Ёдрас мешавем, Кумитаи дини Тоҷикистон бо нашри як иттилоия тафсилоти маросими дафни фавтидагон аз коронавирус - аз шустан то кафан кардану ҷаноза ва дар қабргузориро баён доштааст.

Намозҳои ҷаноза хатар доранд?: мақомоти Суғд аз сокинон хост дар намозҳо эҳтиёт намоянд

"Дини ислом дафн кардани шахси фавтидаро фарзи кифоя ҳукм кардааст, ки агар дар он чанд нафар иштирок кунанд, кофӣ аст. Бинобар ин, бо дарназардошти шароити кунунӣ намози ҷаноза дар назди қабристон ё ҷойҳои махсус бо иштироки теъдоди ками хешовандон ва дӯстони наздик хонда шавад, беҳтар аст. Тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дуо аз ҳар ҷо қабул мегардад. Бинобар ин, дигарон дар ҳаққи майит дуо кунанд, кифоя аст", - омадааст дар дастурамали кумита.

Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи шариат анҷом дода, дар масофаи на камтар аз 2 метр аз тобут меистад.

Муфтиёт дастурамал барои ҷаноза ва маросими дафни фавтидагон аз коронавирусро таҳия кард

 

1995