ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Сокини 28 - солаи ҷамоати деҳоти Гулистон дар ноҳияи Восеъ ба кормандони пулис бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудааст.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, номбурда аризашро ба кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино расонидааст.
Ба гуфтаи ӯ барои соҳиби замин шудан дар ноҳияи Варзоб 15 ҳазор доллар масраф намудааст, вале бо гузашти се сол на соҳиби замин шуду, на маблағи додагии худро бозпас гирифт.
Ӯ мегӯяд, рӯзи 19 октябри соли 2018 дар назди масҷиди навсохтмон, воқеъ дар кӯчаи Навобод марди 36-солаи сокини ноҳияи Данғара бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 15 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта буд.
Бар ивази 15 ҳазор доллар ба сокини ноҳияи Восеъ бояд аз заминҳои ноҳияи Варзоб қитъаи замин харида медод.
Пули калон дод, аммо соҳиби хонаву мағоза нашуд: пулиси Душанбе марди қаллобро меҷӯяд
Ба ҳамин минвол ҷабридида то ҳол маблағҳои масрафкардаи худро бозпас нагирифтааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Духтарони волейболбози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар сабқати касбӣ ва бонувони ВКД дар мусобиқаи ғайрикасбӣ, ки ба муносибати Рӯзи Модар баргузор шуд, мақоми аввалро ба даст оварданд.
Дар ин сабқат 42 дастаи волейболбозони касбӣ ва ғайрикасбӣ ширкат карданд.
Дар мусобиқаи касбӣ - дастаи волейболбозони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойи аввал, дастаи Душанбе-1 ҷойи дуюм ва дастаи вилояти Суғд мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Аз миёни волейболбозон дар сабқати ғайрикасбӣ, ки байни бонувони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо дастаи волейболбозони "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилӣ ғолиб омада, соҳиби Ҷоми мусобиқа гардид.
Онҳо рӯзи 5-уми март дар даври ниҳоии мусобиқа дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллиро бо ҳисоби 3:0 мағлуб сохтанд. Дар ин гурӯҳ мақоми сеюмро дастаи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба даст овард.
Дар ин росто, рӯзи 6-уми марти соли 2021 вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода волейболбозони ғолибро бо ин дастовардашон ва иди бонувон – "Рӯзи Модар" табрику гуфт.
Ҳамчунин ба варзишгарони ғолиб тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ғолибони мусобиқа аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ бо Ҷом, диплом, медалу Ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мусобиқаи мазкур бахшида ба таҷлили "Рӯзи Модар", ки бо ташаббуси Мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида буд, аз 10-уми феврал то 5 марти соли 2021 дар толори Муассисаи давлатии Маркази омодакунии олимпии тимҳои мунтахаби шаҳри Душанбе (Манеж) идома ёфт.
ДУШАНБЕ, 6 март - Sputnik. Ҳунарманди театр ва синамои тоҷик, Раҳмондӯсти Қурбониён бар асари маризе имрӯз ҷаҳони фониро абадан падруд гуфт. Марги ин ҳунарманди номиро талафоти бузург дар соҳаи синамо ва театр арзёбӣ мекунанд.
Қурбониён 77 сол дошт ва то ҷашни солрӯзаш ҳамагӣ ду рӯзи дигар боқӣ монда буд. Марҳум Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва Ходиси шоистаи ҳунари ҷумҳурӣ буд ва бисёртар дар филмҳои мазҳакавӣ нақш меофарид. Ӯ бисёртар дар филмҳои мазҳавӣ нақш меофарид.
Дар робита ба даргузашти ин ҳунарманди босалиқа, аҳли Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ба наздикону пайвандони ва ҳамчунин ба мухлисони марҳум изҳори ҳамдардӣ намудаанд.
Дар таъзияномае, ки раёсати мазкур дар сафҳаи Фейбсук нашр намудааст, аз ҳунарманди марҳум ҳамчун, ҳаҷвнигори хушзавқ, инсони хубу дидадаро ёдоварӣ шудааст.
Зимнан, дар сафҳаи иҷтимоии Фейсбук даҳҳо нафар аз даргузашти Қурбониён изҳори таассуф намуда, дар ҳаққи марҳум дуо намудаанд.
Аз ҷумла Аҳрорзода Адабшоҳ Ҷума дар сафҳаи худ чанд аксе аз лаҳзаи филмбардорӣ бо иштироки ҳунарманди марҳум нашр намудааст.
Ҳамчунин, аҳли эҷоди Театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ аз марги Раҳмондӯсти Қурбониён изҳори таасуф намуда ба пайвандони ӯ ҳамдардӣ баён намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 1 март, Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи номдори театру синамо, модари коргардони машҳур Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди номии театру синамо пас аз бештар аз як моҳи марги шавҳараш даргузашт.