Таджикская свадьба, архивное фото

Дар Тоҷикистон шумораи тӯю талоқ замони пандемия коҳиш ёфт

102
(Таҷдидшуда 14:31 02.02.2021)
Соли 2020 шумораи издивоҷҳо дар ҷумҳурӣ бар асари пандемияи коронавирус тақрибан 12 ҳазор коҳиш ёфт

ДУШАНБЕ, 1 феврал - Sputnik. Дар Тоҷикистон, дар соли 2020, ҳангоми пандемия шумораи издивоҷҳо ба таври назаррас коҳиш ёфтанд, гуфт Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дар як нишасти хабарии ҳисоботӣ.

Ҳамин тариқ, тӯли як соли охир дар Тоҷикистон беш аз 67 ҳазор издивоҷ ба қайд гирифта шудааст, ки  ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2019 беш аз 79 ҳазор ҷуфт тӯй барпо карданд.

Ҳамин тариқ, пандемия қариб ба издивоҷи 12 ҳазор ҷуфтро монеа шудааст.

Тибқи иттилои вазорат, дар ин давра омори ҷудошавии хонаводаҳо низ коҳиш ёфтааст.

Ҳамин тавр, дар давраи ҳисоботӣ Вазорати адлия 10,5 ҳазор ҳолати азҳампошии оилаҳоро сабт кардааст. Дар ҳоле ки ин нишондиҳанда соли 2019 ба12,4 ҳазор баробар буд.

Дар маҷмӯъ, соли 2020, дар САҲШ каме бештар аз 465 ҳазор санади гуногун ба қайд гирифта шудааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,9 ҳазор камтар аст.

Вазорати адлия гуфт, соли гузашта чанд сокини Тоҷикистон бо хориҷиён хонадор шуд

Вазорат мегӯяд, ки дар давраи ҳисоботӣ тавассути сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба буҷаи давлат 8,3 миллион сомонӣ (729 ҳазор доллар) ворид карда шудааст.

Ин нисбат ба як соли пеш тақрибан 3,5 миллион сомонӣ (307 ҳазор доллар) камтар аст.

102
Барчаспҳо:
коҳиш, ҷудошавӣ, никоҳ, Тоҷикистон

COVAX даҳҳо кишварро бо ваксин таъмин кард: Тоҷикистон дар навбат аст

5
(Таҷдидшуда 18:41 06.03.2021)
Интизор меравад, ҳафтаи оянда боз 31 кишвари дигар дар доираи механизми COVAX бо ваксин алайҳи коронавирус таъмин шаванд

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, даҳҳо кишвари олам тибқи барномаи байналмилалии COVAX соҳиби ваксин алайҳи маризии коронавирус шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин барнома аз ҷумла кишварҳои африқоӣ ба мисли Нигария, Судон, Гана, Руандо,Лесота ваксинро дастрас карданд.

Илова бар ин, COVAX, Ҳиндустону Комбоҷа, Молдова ва Колумбияро низ бо ваксин таъмин кардааст.

Дар ҳамин ҳол, СҶБ мегӯяд, ҳафтаи оянда боз 31 кишвари дигар соҳиби ваксин алайҳи вируси COVID - 19 мегарданд. Ҷамъан 14,4 миллион воя ваксин миёни 31 давлат таҳсимбандӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон расман ваксини AstraZeneca-ро тасдиқ кард. Чанде пеш, Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод, ки моҳи март 732 ҳазор вояи он ба Тоҷикистон ворид мешавад.

Ба таъкиди ӯ, Тоҷикистон барои қаблуи ваксини мазкур тамоми шароит дорад ва ҳоло воситаҳои нақлиёт барои интиқол ва ҳамчунин макони нигаҳдории он омода шудааст.

Таъкид мегардад, ки дар доираи механизми COVAX, эмкунии 20% аҳолии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

5
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Фармацевт выбирает лекарство в аптеке, архивное фото

Қазияи доруфурӯши "Осон - фарм" то пулис рафт: маблағи ҳангуфтро аз худ кардааст

73
(Таҷдидшуда 17:46 06.03.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз қаллобии зани 58 - сола хабар медиҳад, ки дар муддати 6 моҳи корӣ дар дорухона 30 ҳазор сомониро ба манфиати худ сарф кардааст

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар ин бора ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 27-сола муроҷиат кардааст.

Қазия аз моҳи феврали соли 2020, оғоз шудааст, замоне, ки мард зани 58-солаи сокини шаҳри Хуҷандро дар дорухонаи "Осон-фарм" ба ҳайси фурӯшанда ба кор қабул намудааст.

Дар муроҷиатномаи ин мард омадааст, ки номбурда бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар муддати 6 моҳи кориаш маводи дорувории фурӯхтаашро ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ ба манфиати худаш сарф намуда, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ маблағи гирифтаашро бармегардонад.

Ба қавли ин мард то ҳол зан маблағро барнагардонидааст.

Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза зани 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷ. Раҳмонови шаҳри мазкур муроҷиат намудааст.

Ӯ шикоят дорад, ки соли 2019 марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти ҳамин шаҳр, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Мард қарз доду чанде пас фавтид: қазияи бозпас гирифтани 200 ҳазор доллар то пулис рафт

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

73
Барчаспҳо:
қаллобӣ, маблағ, пулис, Тоҷикистон, ВКД ҶТ