Табрези Давлатмир, футболбози тоҷик

Табрез тарки "Истиқлол" бар қасди клуби Эстония кард

181
(Таҷдидшуда 12:31 09.02.2021)
Футболбози 22-солаи тоҷик бо клуби Эстония "Нарва-Транс" шартнома бастааст. Дар тими нави худ Табрези Давлатмир бо рақами 3 баромад мекунад.

ДУШАНБЕ, 9 фев – Sputnik. Футболбози тоҷик Табрези Давлатмир тарки тими "Истиқлол" бар қасди клуби Эстония "Нарва-Транс" кард, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

"Ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ва "Истиқлол"-и Душанбе Табрези Давлатмир фаъолияти варзишии худро дар премиум-лигаи чемпионати Эстония идома медиҳад", - менависад манбаъ.

Футболбози 22-солаи тоҷик бо клуби Эстония "Нарва-Транс" шартнома бастааст. Дар тими нави худ Табрези Давлатмир бо рақами 3 баромад мекунад.

"Рафтан ба клуби "Нарва-Транс" барои ман мушкилоти нави касбист. Мехоҳам ҳарчи зудтар бо ин даста шинос шавам ва дар клуби нав тамринро оғоз кунам", - гуфтааст Табрез.

Вай ба дастаи "Истиқлол", ки дар он чанд мавсим бозӣ кардааст, изҳори миннатдорӣ кардааст.

Мураббии футболбозони тоҷик сирри пирӯзиро ошкор кард: навор

"Ба клуби Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АФК-2021 муваффақият орзу мекунам", — афзудааст футболбози ҷавон.

Мавсими нави лигаи олии Чемпионати Эстония, ки дар он даҳ клуб иштирок мекунанд, 5 март оғоз меёбад.

181
Барчаспҳо:
"Истиқлол", футбол
Церемония открытия учений Центр-2019

Покистон: мо ҳамаи ихтилофот бо Ҳиндро ҳал мекунем

6
(Таҷдидшуда 15:14 02.03.2021)
Вазири умури хориҷаи Покистон аз тасмими ин кишвар барои ҳаллу фасли тамоми ихтилофот ва танишҳову масоили дуҷониба бо Ҳинд хабар дод

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории "Форс", Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон гуфт: Мо мехоҳем ҳамаи масоилро бо Ҳинд аз тариқи гуфтугӯи сулҳомез ҳал кунем.

Вай изофа кард, ки Покистон мехоҳад мутобиқ бо қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал бо Ҳинд дар мавриди масъалаи Кашмир гуфтугӯ кунад, аммо мо наметавонем аз мавзӯи ҳуқуқи башари кашмириҳо чашмпӯшӣ кунем.

Қурайшӣ ёдовар шуд, ки Покистон қасди ҳуҷум надорад, аммо агар ҳодисаи Болокут такрор шавад, медонад чӣ гуна аз худ дифоъ кунад.

Ба гуфтаи вазири умури хориҷаи Покистон, Ҳинд 26 феврали 2019 аз марзҳои Покистон убур ва Болокутро бомбаборон кард то ба ҷаҳониён бигӯяд, ба як урдӯгоҳи шибҳинизомиён ҳамла кардаву ҳудуди 300 террористро куштааст. Аммо имрӯз ба ҷаҳон собит шудааст, ки ҳеч урдӯгоҳе аз шибҳинизомиён дар он ҷо набуда ва ҳеч террористе дар онҷо кушта нашудааст.

Қурайшӣ таъкид кард, ки Покистон дунболи ташдиди танишҳо нестем, аммо мехоҳем ба ҷаҳониён собит кунем, ки қодир ба муҳофизат аз худ ҳастем.

6
Барчаспҳо:
таниш, ихтилофот, мушкилот, Покистон, Ҳинд
Преступник за решеткой

Исфандиёр барои ҷалби тоҷикистониён ба сафи ДИИШ 5,5 сол зиндон шуд

45
(Таҷдидшуда 15:08 02.03.2021)
Айбдоршуда ба 5 солу 6 моҳ маҳкум шуд ва барои адои ҷазо ба зиндони низомаш умумӣ интиқол ёфт

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Як шаҳрванди Осиёи Миёна дар шаҳри Санкт-Петербург барои кумак ба фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ба панҷу ним сол зиндон маҳкум ва барои адои ҷазо ба зиндони низомаш умумӣ равона шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Идораи минтақавии ФСБ-и Русия.

"Акрамов Исфандиёр дар тарғиби ду шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия барои сафар ба Сурия ба хотири иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар ҳайати созмони байналмилалии террористии “Давлати исломӣ” (мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) гунаҳгор дониста шуд", - омадааст дар иттилоия.

Айбдоршаванда ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд. Номбурда дар зиндони низомаш умумӣ адои ҷазо хоҳад кард.

Ҳукм аз ҷониби додгоҳи сайёри ҳавзаи низомии дувуми Ғарбии Русия содир карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш як шаҳрванди Тоҷикистон дар Олмон барои терроризм маҳкум шуда буд. Додгоҳи Олмон шаҳрванди Тоҷикистонро ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Зодаи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар Олмон як бахши гурӯҳи террористии ДИИШ-ро таъсис дод. Номбурда ба шариконаш кӯмакҳои молиявӣ мерасонд ва тасмим дошт дар Аврупо ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳад.

45
Барчаспҳо:
тоҷикистониён дар сафи ҷангҷӯён, ДИИШ, зиндон, террористӣ, Русия