Ойнихол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова: гирифтани пора “фарҳанги миллӣ” шудааст

24
(Таҷдидшуда 16:02 23.12.2014)
Вай аз даврони декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ буданаш дар ибтидои даҳаи 90 асри пор мисол оварда, он замонро ба ҳолати имрӯзӣ қиёс кардааст.

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ойниҳол Бобоназаров, ҳуқуқшинос ва собиқ номзад ба курсии президентӣ мегӯяд, гирифтани пора ба "фарҳанги миллӣ" бадал шудааст. Дар ин бора вай бо оҷонсии "Озодагон" суҳбат кардааст.

Вай аз даврони декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ буданаш дар ибтидои даҳаи 90 асри пор мисол оварда, он замонро ба ҳолати имрӯзӣ қиёс кардааст.

"Вақте декан будам, рӯзе як зан омад ва хоҳиш кард фарзандашро баҳо гузорам, чун аз оила камбизоат аст. Ба ин дилам сӯхт. Он ҷавон дар ҳузури комиссия ҷавоб дод ва баҳо гирифт. Баъди чанде он зан барои ман мӯзаи бисёр хушрӯ ва дар он замон бисёр ҳам камёфт овард, ман нагирифтам ва гуфтам, модар, агар зуд намеравед пулисро хабар мекунам, писаратонро хориҷ мекунам, боз акт мекунам, ки ба ман пора пешниҳод кард. Ва он зан тарсиду зуд аз дар берун шуд. Дар он вақт агар касе пора мегирифт барои ман даҳшат буд. Аз ҳама даҳшати калон барои ман ҳамин буд. Имрӯз гирифтани пора "фарҳанги миллӣ"- и мо шудааст. Ҳатто дар он вақт мардум тарзи додани пораро ҳам намедонист", — афзудааст Бобоназарова.

Собиқ декани факултаи ҳуқуқшиносӣ дар робита ба хешутаборбозӣ ва доду гирифти пора ҳодисаи дигареро дар суҳбати "Озодагон" ба ёд овардааст. Вай гуфтааст, президенти вақти Тоҷикистон Раҳмон Набиев боре барои хотири додарарӯсаш бо Ойниҳол тамос гирифта, хоҳиши баҳо гузоштан ба додарарӯсашро кардааст.

"Ман хоҳиши Раҳмон Набиевро рад кардам. Набиев гуфт, ман як президент чӣ тавр шумо маро гӯш намекунед, шумо чанд президент доред? Ман гуфтам, мебахшед ман умуман президент надорам ва барои шумо овоз надода будам. Маро интихоб карданд, шумо маро таъйин накардаед, ки ба сари ман дуғ занед. Баъди чанд рӯз Набиев боз телефон кард ва гуфт, духтарам, ин ҷияни занам аст, занам нони хурдагима заҳр карда истодааст, илтимос аз имтиҳон гузарон. Баъди ин ман пешниҳод кардам, ба ҳамаи он нафароне, ки аз имтиҳон нагузаштанд, имконият дода шавад. Ман гуфтам, ин тавр намешавад, ки ман аз байни 16 нафаре, ки нагузаштааст, ҷияни шуморо интихоб кунам. Гуфтам ба ҳамааш як бори дигар имконият медиҳам, шумо ягон муаллимро пул диҳед, берун аз дарс ҷияни шуморо дарс диҳад. Ҳамин тавр кард, ба "чор" ҷавоб дод, баъдан "се" мондем", — илова кардааст Бобоназарова.

Хонум Бобоназарова дар айни ҳол роҳбари созмони "Перспектива+" аст, ки бештар ба масоили ҳуқуқӣ сару кор дорад. Дар соли 2013 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ӯро ба ҳайси номзад дар интихоботи президентӣ пешниҳод кард. Аммо тими Бобоназарова натавонист барои расман ба қайд гирифтани вай миқдори 210 ҳазор имзоро ҷамъ биорад. Ба ҳамин тартиб, вай аз сабқати интихоботи ақиб уфтод. Ойниҳол Бобоназарова бо назарот ва андешаҳои хос дар ҷомеа матраҳ аст.

24
Барчаспҳо:
фарҳанги миллӣ, декан, порагирӣ, коррупсия, фасод, Раҳмон Набиев, Ойниҳол Бобоназарова, Тоҷикистон
Мавзуъ
ҲНИТ боз Бобоназароваро пешбарӣ мекунад, ин дафъа ба парлумон
Дмитрий Гусев

Коршинос гуфт, ки мушкилии харидории газ аз Ӯзбекистон барои Тоҷикистон дар чист

254
(Таҷдидшуда 17:51 12.09.2020)
Оё Тоҷикистон ва Ӯзбекистон метавонанд созишномаи нави энергетикӣ ба имзо расонанд? Ба ин суол коршиноси рус, муовини роҳбари Иттиҳоди сӯзишвории мустақил, мудири кулли ICON Trading Дмитрий Гусев посух гуфт.

Ширкати газрасони Тоҷикистон имконияти таъмини аҳолиро бо гази табиӣ тавассути вориди газ аз Ӯзбекистон баррасӣ мекунад. 

Гусев рассказал, что мешает Таджикистану закупать газ у Узбекистана

Саволи асосӣ ин аст, ки арзиши газе ки аз кишвари ҳамсоя ворид мешавад, чигуна хоҳад буд.

Омили иқтисодие нест, ки тавонад ба нархгузории гази Ӯзбекистон таъсир расонад, ин танҳо қарори сиёсӣ аст, гуфт дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон  коршиноси рус, муовини роҳбари Иттиҳоди сӯзишвории мустақил, мудири кулли ICON Trading Дмитрий Гусев.

Воридоти газро наметавон на бо интиқоли об ва на бо мубодила вобаста кард, мегӯяд коршиноси рус.

Гусев таъкид кард, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бояд ба созиши оқилона азм кунанд.

"Беҳтарин тасмиме, ки метавон аз ин ду кишвар интизор шуд, ин ташкили комиссия ва ё идораест, ки ба шартҳои интиқоли газ машғул хоҳад шуд. Ҳамин тавр, арзиши газро низ метавон муайян кард", - гуфт Гусев.

Коршинос афзуд, ки тамоми тобишҳои техникӣ аз маблағ ва набудани мутахассисони кофии техникӣ вобаста аст.

Коршинос таъкид кард, ки дар гуфтушунидҳо вазифаи асосии Тоҷикистон наздик кардани арзиши харидории газ ба фурӯш ба аҳолӣ мебошад, зеро бақия аз ҳисоби буҷаи давлат рӯпӯш хоҳад шуд.

Баъди “гушмол”- и мақомот нархи газ дар Тоҷикистон поён рафтааст

254
Обсуждение хода работы группы «6+2» с Ахмад Шахом Масудом. Северная провинция Тахар, июнь 1998 года

Ёди Давлат Усмон аз вохӯриҳо бо Масъуд: суҳбат аз Тоҷикистон, Ҳикматёр, хости ИМА ва марг

1870
(Таҷдидшуда 17:22 09.09.2020)
19 сол пеш, 9 сентябри соли 2001 Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон, аз сӯи ду террористи араб, ки дар либоси рӯзноманигор ба мусоҳиба омада буданд, террор шуд

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Дар ин миён даҳҳо китобу матлабу филми мустанад аз ин ҳодиса нашр шуда, имрӯзҳо низ мешаванд. Ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон нафарест, ки борҳо бо фармондеҳ Масъуд мулоқот карда, то охири умр бо ӯ тамос доштааст.

Давлат Усмон, яке аз раҳбарони собиқ Иттиҳоди неруҳои мухолифин, собиқ муовини сарвазир ва вазири иқтисоди Тоҷикистон аз соли 1992 то 1996 дар сафи мухолифин ва муҳоҷирини тоҷик дар Афғонистон буд. Ӯ нафари робити ИНОТ бо Аҳмадшоҳи Масъуд, он замон вазири дифоъи Афғонистон ба шумор мерафт.

Sputnik Тоҷикистон дар оғоз аз мулоқоти нахусташ бо Масъуд пурсид.

- Моҳи декабри соли 1992 буд. Ман минҳайси муовини сарвазири Тоҷикистон барои ширкат дар ҷаласаи созмони Конфронси кишварҳои исломӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ қарор доштам. 2 декабри соли 1992 мо Тоҷикистонро узви ин созмон кардем. Аммо вазъи Тоҷикистон муташанниҷ буд. Дар ҳамон Саудӣ расонаҳои ҷаҳонӣ гузориш медоданд, ки дар ҷануби Тоҷикистон ҷангҳо шиддат ёфта, мардум ба Афғонистон фирор мекунанд. Ин вазъ бозгашти ман ба Душанберо низ ғайримумкин месохт. Ба ин натиҷа расидам, ки тариқи Эрону Покистон ба Афғонистон ва аз он ҷо ба Бадахшони Тоҷикистон биравам. Кобул омадам. Маро раисҷумҳури Афғонистон марҳум Устод Раббонӣ қабул кард. Дар анҷоми мулоқот ба ман гуфт, ки бояд як нафари дигарро ҳам бинам. Номашро нагирифт. Фикр кардам, ягон нафари хос ва масъули равобит бо мост.

Мавзолей Ахмада шах Масуда в Панджшерском ущелье
Aleksandr Khrolenko
Мавзолей Ахмада шах Масуда в Панджшерском ущелье

Ҳамон шаб маро ба виллаҳои Вазир Акбархон бурданд. Тақрибан соатҳои 9 то 10 – и шаб марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд омад. Ӯ аз ман хост, ки буҳрони Тоҷикистонро қисса кунам. Ду соат шарҳ додам. Бояд бигӯям, ки дар умрам бори аввал чунин инсонеро медидам: бо диққат гӯш кард ва ягон бор гапамро набурид! Соат 3 – и субҳ шуд. Гуфт, суҳбатро фардо идома медиҳем. Рафт...

Ҳикматёр, Усома ибни Лодан ва Мулло Умар дар бораи Масъуд

- Решаи мухолифатҳои Аҳмадшоҳ Масъуду Гулбуддин Ҳикматёр дар чӣ буд?

- Ин мухолифат ҳам ҷанбаи қавмӣ ва ҳам шахсӣ дошт. Ман бо Ҳикматёр чанд маротиба мулоқот доштам. Ӯ касеро болотар аз худ намедид. Мехост дар миёни раҳбарони Афғонистон нафари якум бошад. Масъуд як шахсияти қавӣ буд. Ҳатто дар бархе ҷиҳот аз Ҳикматёр бартарӣ дошт. Аз ин хотир, Ҳикматёр ӯро як монеаи ҷиддӣ дар роҳи расидан ба аҳдофаш медонист.

- Усома ибни Лодан ва Мулло Умар, раҳбарони собиқи “Ал – қоида” – ву “Толибон” (гурӯҳҳои террористии маманӯъ дар қаламрави Русия) дар бораи Масъуд чӣ назар доштанд?

- Афроди “Ал-қоида” дар роҳи Пешовар-Кобул моро нигаҳ доштанд ва назди Усома ибни Лодан бурданд, ки дар Ҷалолобод буд. Ӯ аз мо – ману Муҳаммадшариф Ҳимматзода, яке аз роҳбарони қаблии ИНОТ хост, ки ба ӯ пайвандем, аммо мо гуфтем, ки ба ҳеҷ як нерӯ намепайвандем ва ба ватан бармегардем. Дар бораи Масъуд ҳарфе назадем. Аммо худ шоҳидед, ки Масъуду ибни Лодан дар ду сангари муқобил буданд ва якдигарро аслан қабул накарданд. Ҳоло собит шудааст, ки террори Масъудро маҳз аъзои “Ал-қоида” анҷом доданд.

Портрет Ахмад Шаха Масуда на одной из улиц в Кабуле
© Sputnik / Валерий Мельников
Портрет Ахмад Шаха Масуда на одной из улиц в Кабуле

Бо Мулло Умар як суҳбат доштем. Толибон боре дар фазои Ҳирот тайёраи мо – раҳбарони мухолифини тоҷикро, ки аз Теҳрон ба Толиқон бармегаштем, нигаҳ дошта, маҷбур ба замин нишонданд. Ҳайатро ба Қандаҳор бурданд. Мулло Умар моро дар фурудгоҳ қабул кард. Аммо танҳо ману марҳум устод Нурӣ, раҳбари мухолифини тоҷикро пазируфт. Суҳбат дар дохили мошини ӯ сурат гирифт. Устод Нурӣ аз Мулло Умар хост, ки бо Масъуд сулҳ кунад, чун ӯву Раббонӣ, Сайёф ва дигарон ҳама раҳбари ҷиҳодиянд, кофир нестанд, гузашта аз ин, мавқеияти Толибон ҳам қавӣ аст. Мулло Умар ба “Калашников”- и дасташ ишора кард ва гуфт: “Мулло соҳиб, дар Афғонистон ана ин ҳамаро ҳал мекунад!” Мулло Умар бо Масъуд меҷангид, аммо ба Масъуд ҳамчун шахсият эҳтиром дошт.

- Масъуд дар бораи Ҳикматёр, Мулло Умар ва Усома ибни Лодан чӣ мегуфт?

- Масъуд аҷаб инсоне буд. Агар аз ягон рафиқ, дӯст ё ҳамкораш мепурсидӣ, кӯтоҳ мегуфт, одами хубест. Дигар ягон чӣ намегуфт. Аммо дар бораи ашхосе, ки эҳтиром надошт, ҳеҷ вақт изҳори назар намекард. Намегуфт, ки Ҳикматёр, Усома ё Мулло Умар одами баданд. Ёд надорам, ки Масъуд нафареро паст зада ё бад гуфта бошад.

Бубинед, ҳеч вақт мушкилотеро, ки дар дохили Афғонистон дошт, бо мо матраҳ намекард. Ба муносибатҳои мо бо Ҳикматёру Толибон ва дигар рақибонаш кор надошт, балки истиқбол мекард. Мегуфт, кори оқилона аст, ки ба бадбахтиҳои мо ҳамроҳ нашавед.

 “Миллатгаро”, “Агенти КГБ”, “дастнишондаи Эрон”...

- Масъудро мухолифонаш як миллатгаро мехонанд, ки чун тоҷик буд, мехост тоҷиконро ба қудрат расонад. Оё чунин буд?

- Масъуд бар ақида ва арзишҳои динӣ ё мазҳабиаш арҷ мегузошт. Дар дини ислом қавм матраҳ нест. Масъуд як шахсеро дар раъси Афғонистон дидан мехост, ки тафаккури миллӣ, умумиафғонистонӣ дошта ва ботақво бошад. Фарқ надошт, ки ин нафар аз кадом қавм аст. Ӯ ҳукуматеро мехост, ки мардум онро қабул кунад ва таҳти нуфузи кишварҳои хориҷӣ набошад. Толибонро ҳам ба маҳзи ин, ки як нерӯи покистонӣ буданд, қабул надошт.

- Масъудро “агенти КГБ” ё “дастнишондаи Эрон” мехонданд, чун бо Русияву Эрон кор мекард. Инро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Масъуд, содда гӯем, агент ё дастнишондаи Афғонистону мардумаш буд. Аз моҳи январ то апрели соли 1993 дар се-чор ҷаласаи Масъуд, ки ба масъалаҳои сиёсати дохилӣ ихтисос ёфта буд, ҳамчун нозир ширкат доштам. Дидгоҳи ӯро хуб медонистам.

Амрико, Покистон, кишварҳои Халиҷ бо овардани Толибон (гурӯҳи мамнӯъ дар қаламрави Русия) ба саҳнаи Афғонистон амалан ба канор задани Масъуд остин бар заданд. Онҳо ҳукумати Раббонии тоҷикро қабул накарданд. Масъуд маҷбур буд, ки бо Русияву Эрон ва Ҳинд канор ояд. Ахириҳо низ дар ин ҷанги ниёбатӣ ба Масъуд ниёз доштанд.

Русияву Амрико, Саудиву Эрон, Ҳинду Покистон дар ҳар куҷое, ки имкон дорад, дар рақобат буданду ҳастанд. Масъуд мегуфт, бо ҳар қудрате, ки озодиву иззати Афғонистонро эҳтиром мекунад, ҳамкорӣ хоҳад кард.

Дар ёд дорам, соли 1995 вақте ки Кобул дар дасти Масъуд буд, вазири амнияти Арабистони Саудӣ Туркӣ Файсал омад. Масъуд ба ӯ гуфт, ки тамоми ҷараёнҳои сиёсӣ, аз ҷумла Ҳикматёрро қабул хоҳад дошт, ба шарте Арабистони Саудӣ аз дахолати Покистон дар умури Афғонистон ҷилавгирӣ кунад. Возеҳ аст, ки ӯ мехост худи мардуми Афғонистон сарнавишташро таъйин кунад, на як гуруҳи дастнишондаи кишварҳои хориҷӣ.

"Хоҳиши мақомдори ИМА аз Масъуд ва посухи ӯ: муқобилатон меҷангам"

- Назари Масъуд ба сиёсатҳои Амрико дар Афғонистонро чӣ буд?

- Боре дар Қасри Истолиф будем. Масъуд як-ду рӯзи қабл бо Робин Рафаэл, ёрдамчии вазири корҳои хориҷии Амрико дар ҳамин қаср мулоқот карда буд. Хеле эҳсосӣ ба назар мерасид. Пурсидам, ки чӣ иттифоқ афтода? Вай бадоҳатан гуфт: “Амрикоиҳо хуб беҳаё будаанд. Хонум Рафаэл мегӯяд, ки шумо бояд аз қудрат канор равед! Бигзоред, ки мо дар Афғонистон як ҳукумати технократҳоро созем. Гуфтам, аҷаб, магар мо миллат нестем? Ин қадар сол барои чӣ мубориза бурдем? Хуб, мо демократияро, ки мегӯед, қабул дорем. Ҳизбҳои сиёсиро озод гузоред, бигзор, мардуми Афғонистон интихоб кунад. Моро қабул накард, халос! Номзадатонро биёред. Аммо фақат интихобот шавад. Шумо обрӯву иззату шарафи моро паст назанед. Пул партоед, ки номзади шумо пирӯз, раисҷумҳури Афғонистон шавад. Агар мардум интихоб кард, мо ӯро қабул дорем”.

Хеле бо ҳарорат гап мезад. Гуфт, вақте Рафаэл аз мавқеи зӯриву таҳдид сӯҳбат кард, ғурурам баланд рафт ва гуфтам, ки шумо дар Афғонистон ягон кор карда наметавонед. Ангушти ишоратиро ба сӯяш карда, гуфтам: “Агар тамоми артиши Амрикоро биёред, ман муқобилатон меҷангам!“

Сипас Масъуд ҳамон кулоҳашро аз сар мегираду пешаш партофта мегӯяд, ки агар ба андозаи ҳамин кулоҳ хоки Афғонистон монад, як поямро он ҷо гузошта, ба як пой бо шумо меҷангам. Пас аз ин мулоқот хотири Масъуд аз Амрико ҷамъ шуда буд.

- Амрико аз Масъуд мехост, ки ба Толибон таслим шавад?

Флаг 217 корпуса афганской национальной армии Памир
пресс-центр 217 корпуса афганской национальной армии "Памир"

- На, аз Масъуд мехостанд, ки ҳукуматро на ба Толибон, балки ба худи амрикоиҳо супоранд! Гуфта буданд, мо ҳукумати худро месозем.

- Амрико ҳам ҷиддан Масъудро намехост, аммо имрӯз бо Толибон сулҳ кард. Фикр мекунед, чаро?

- Ман ҳамон лаҳза ба Масъуд гуфта будам, ки Омир Соҳиб, ин амрикоиҳо, он тавр ки кушоду равшан ва бо эҳсос гуфтед, метавонанд ба Шумо зарари физикӣ расонанд, бояд рӯйрост намегуфтед. Хандид.

Амрикоиҳо бо ҳамон артиши Масъуд тавонистанд пой ба хоки Афғонистон ниҳанд. Аммо таври маълум, онҳо як сиёсати масъудзудоиро ба дасти чӣ расад ҳукуматҳои дастнишондаи худ, ҳатто бозмондагони Масъуд ба роҳ андохтанд. Ин ки чаро муваффақ нашуданд, баҳси дигар аст. Аммо сулҳи Амрико бо Толибон (гурӯҳи мамнӯъ дар қаламрави Русия) ба ҷуз ҳифзи ҷанг ва идомаи мудирияти буҳрон чизи дигаре нест. Агар ба Масъуд кӯмак мекарданд, воқеан, дар Афғонистон сулҳу субот барқарор мешуд. 

Як баҳси оддӣ нест...

- Чӣ фикр доред, пушти террори Масъуд киҳо меистанд?

- Террори Масъуд, ки мегӯянд, аз сӯи “Ал-қоида” – ву (гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия) созмони истихборотии Покистон, ҳатто Толибон анҷом шудааст, як баҳси оддӣ нест. Худ ба ҳаводиси баъди марги ӯ бингаред. Ӯро ба шаҳодат расонданду ду рӯз пас ҳаводиси Ню-йорк иттифоқ афтоданд ва як моҳ нагузашта, низомиёни амрикоӣ дар соҳилҳои Уқёнуси Ҳинд буданду ҳайатҳояшон дар кӯчаҳои пойтахтҳои Осиёи Марказӣ. Моҳи ноябри ҳамон сол ҳукумати Толибон суқут кард. Ин ҳама таҳаввулот дар як муддати хеле кӯтоҳ рух дод ва Амрико дар минтақа ҷойи пой пайдо кард. Агар Масъуд мебуд, ин ҳама иттифоқ намеафтид. Пушти тарҳи террори ӯ созмонҳои истихборотии даҳҳо кишвар қарор доранд, ки рӯзе таърих ҳамаро рӯи об хоҳад баровард.

- Масъуд чӣ инсоне буд?

- Як шахси қотеъ, дар қавл устувору дар аҳд вафодор. Намунаи барҷастаи як мусулмони батақво, тоҷики фарҳангпарвару афғони ватандӯст.

- Пас аз бозгашт ба Тоҷикистон бо Масъуд боз мулоқот доштед?

- Бале. Чанд бори дигар бо ӯ дар Душанбе мулоқот доштам. Як бор меҳмони хонаам шуда буд. Як бор ба хонааш, ки дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе буд ва фарзандонаш он ҷо истиқомат мекарданд, рафта будам. Бори охир се – чор моҳ пеш аз шаҳодаташ ӯро дида будам...

- Марги ӯро чӣ гуна пазируфтед?

- Ростӣ, сахт мутаассир шудам. Ҳамон рӯз гӯё осмон ба сарам чаппа шуд. Як дӯсту бародари ҳамаи мо буд. Дилам сиёҳ шуд. Афғонистон тағйир кард, аммо он сиёҳӣ аз дилам нарафт. Набуди Масъудро Афғонистону минтақа солҳои зиёд эҳсос хоҳанд кард.

1870
Барчаспҳо:
мусоҳиба, муқовимат, террор, террорист, рӯзноманигор, Аҳмадшоҳи Масъуд, Афғонистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

1763
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

1763