Парчамҳои Русия ва ИА. Акс аз бойгонӣ

Шевенман: Ғарб иштибоҳи бузург кард, вақте Киевро ба канораш пазируфт

2
(Таҷдидшуда 15:04 06.02.2015)
Сиёсатшиноси фаронсавӣ мегӯяд, Иттиҳодияи Аврупо бузургтарин иштибоҳро вақте содир кард, ки бо Украина шартномаи ҳамкориро имзо намуд ва он санад манофеъи Русияро нодида гирифт.

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Иттиҳодияи Аврупо набояд дар Украина ангезаҳои аврупоиро бедор мекард, менависад РИА Новости дар такя ба суханони намояндаи вижаи ҳукумати Фаронса дар умури муносибот бо Русия  Жан-Пйер Шевенман, ки нашрияи Lengadoc-info онро ба чоп расонидааст.

"Пешниҳоди кишвари русӣ ва ё аврупоӣ шудан барои Украина иштибоҳ буд. Ин кӯтоҳандешист! Украина дар байни Русия ва Аврупои марказӣ ҷойгир аст, ин кишвар дар ҷоест, ки бояд бошад. Он ҳам ба Русия наздик асту ҳам ба Аврупо. Беҳтар мебуд, агар ба Украина пешниҳод мекарданд, ки кишвари украинӣ бошад",- меафзояд Жан- Пйер Шевенман.

Ба андешаи сиёсатшинос, Иттиҳодияи Аврупо бузургтарин иштибоҳро вақте содир кард, ки бо Украина шартномаи ҳамкориро имзо намуд ва он санад манофеъи Русияро нодида гирифт.

Аммо, қайд мекунад Шевенман, Аврупо соҳиби тасмимҳояш худаш нест. "Тасмим дар дигар ҷо ва аз ҷониби дигар ҳукумат гирифта мешавад",- қайд кардааст сиёсатшиноси фаронсавӣ.

2
Барчаспҳо:
сиёсатшиноси фаронсавӣ, иштибоҳи бузурги Ғарб, Иттиҳоди Аврупо, Жан-Пйер Шевенман, Украина, Русия
Мавзуъ
Раҳбарони Фаронса, Олмон ва Украина хостори сулҳ дар Донбасс мебошанд
СММ: теъдоди қурбониён дар Украина аз 5,3 ҳазор нафар бештар шуд
Коршиносон: ИМА бояд ба Украина бештар силоҳ ворид кунанд