В.Чуркин дар чорабинӣ бахшида ба 70-солагии ДДМБМ (МГИМО)

Чуркин: нақшаи Киев бо ворид кардани сулҳҷӯён хилофи асноди Минск аст

3
Намояндаи доимии Русия дар СММ Виталий Чуркин изҳор дошт, ки тавофуқоти 12 феврал дар Минск ба ин натиҷа расида буд, ки ҶМЛ ҶМД мақомоти милисаи худро созмон хоҳанд дод ва назорати иҷрои ин тарҳ ба зиммаи САҲА вогузор шуд.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Изҳороти Киев дар мавриди даъват кардани нерӯҳои сулҳхоҳ ба шарқи кишвар иҷрои созишномаи Минскро зери суол мебарад, иброз дошт фиристодаи доимии Русия дар СММ Виталий Чуркин, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

"Бар пояи тавофуқоти Минск ҷамоҳири мардумии Луганск ва Донетск бояд мақомоти милисаи худро созмон медоданд ва САҲА назорати фаъолияти онҳор ба зимма медошт. Агар дар ин ҷо боз нақшаи дигар ва тарҳҳои дигар пиёда шавад, он гаҳ иҷрои санадҳои дар Минск имзошуда зери суол хоҳад рафт",- гуфт намояндаи доимии Русия дар СММ.

Шӯрои миллии амнияту дифои Украина (ШМАД) рӯзи чоршанбе қарор кард, ки барои ҷалби нерӯҳои сулҳхоҳ ба шарқи ин кишвар- минтақаҳои даргир дар Луганск ва Донетск ба СММ ва Иттиҳодияи Аврупо муроҷиат намояд. Котиби ШМАД Алексей Турчинов низ изҳори хушбинӣ кард, ки Радаи боло ин тасмимро ҷонибдорӣ менамояд.

Дар ҳамин ҳол,  раиси ҷумҳури Украина, гуфт, нерӯҳои давлатӣ шаҳри Дебалтсево, яке аз саҳнаҳои аслии ҷанг бо ҷудоиталабонро "ба таври  муназзам ва барномарезишуда" тарк мекунанд. Петро Порошенко гуфт, тақрибан 80 дар сади воҳидҳои низомии Украина шаҳрро тарк кардаанд ва ду корвони дигари сарбозон боқӣ мондааст.  

3
Барчаспҳо:
полиси шарқи кишвар, таъсиси милиса, ҷанг дар Украина, ШМАД, ИА, СММ, Алексей Турчинов, Петр Порошенко, Виталий Чуркин, Донетск, Луганск, Украина, Русия
Мавзуъ
Донетск алайҳи Украина ба иттиҳоми оғози ҷанг парвандаи ҷиноӣ боз кард
Путин гуфт, аллакай ба Украина силоҳ медиҳанд