Акси Владимир Путин ва Барак Обама дар монитор. Акс аз бойгонӣ

Сиёсатшинос: дастовардҳои хориҷии Обама бо номи Путин марбут аст

9
(Таҷдидшуда 11:50 24.07.2015)
Кӣ аз мақомоти баландпояи амрикоӣ алоқаманди идомаи ҷанг алайҳи раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин аст? Ва барои чӣ Обама аз Путин бояд сипосгузор бошад? Ба таваҷҷӯҳи шумо назари профессори донишгоҳи Принстон Стивен Коэнро қарор медиҳем.

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама ба ду ҳадафи хориҷии худ даст ёфт — интиқоли захойири аслиҳаи кимиёии Сурия таҳти назорати байналмиллалӣ ва созишномаи барноами ҳастаии Эрон — бо мусоъидати Владимир Путин ҳосил шудаанд, муътақид аст профессори донишгоҳи Принстон, сиёсатшинос Стивен Коэн.

"Путин аз омори беҳтарини хоум-ранҳои (зарбаи муваффақ дар бозии бейсбол) сиёсӣ барх=рдор аст, ки дар шароити басо душвор ба даст омадааст", — мӯътақид аст Коэн.

Обама дар мусоҳиба бо хабарнигори амрикоӣ Томас Фридман изҳор дошта буд, ки дар ҳалли мушкили ҳастаии Эрон аз шарикии Русия бо Вашингтон дар таъаҷҷуб (ва ин ҳарфро вай ду бор такрор кард) аст, зикр мекунад сиёсатшинос. Стивен Коэн аз вокуниши раиси ҷумҳури ИМА дар таъаҷҷуб аст, зеро ҳосил шудани чунин тавофуқ мавқеъи расмии Москав дар тӯли солҳои ахир буд ва маҳз Русия Теҳрон, Вашингтон ва Брюселлро паси мизи музокирот бо ҳам нишонид.

Ҳамзамон ба гуфтаи Коэн, Вашингтон фишорҳо бо навҳаи замони ҷанги сард ба Русияро идома медиҳад, ки баргузории тамриноти муштарки низомии феълии ИМА бо панҷ кишвари узви НАТО дар вилояти Лвов аз намунаи он мебошад. То моҳи ноябр фаъолияти низомиёни амрикоӣ дар Украина афзоиш меёбад. Сиёсатшинос ин саволро матраҳ мекунад: пас ки амалан ба Украина ворид мешавад — Русия (ки дар ин бораи расонаҳои амрикоӣ пайваста ҳарф мезананд) ва ё ИМА?

"Дар як тарафи тарозу пешрафт дар музокироти ҳастаии Эрон, ки бо мусоъидати Путин ба даст омадааст ва дар тарафи дигар низомиёни амрикоӣ дар қаламрави Украина дар наздикии марз бо Русия. Пас, ин чӣ аст?" — тааҷҷуб мекунад коршинос.

Ба эътиқоди вай далели чунин духӯрагии сиёсати амрикоӣ дар қиболи Москав шикоф дар миёни мақомоти баландпояи Вашингтон аст.
Вазири хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ, ки ҳайъати амрикоӣ дар Венаро раҳбарӣ мекард, хостори қатъи мухолифат бо Русия аст, вале "ҳизби дипломатӣ" муқобили "ҳизби ҷанг" дар раъси Ҷо Байден ва Ҷон Маккейн ҳаст. Инҳо хостори идомаи ҷанг бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин мебошанд.

9
Барчаспҳо:
бӯҳрони иқтисодии Русия, андешаи коршинос дар бораи Путин, изҳори назар, донишгоҳи Принстон, Стивен Коэн, Владимир Путин, Барак Обама, Русия, ИМА
Мавзуъ
Дик Чейни: Обама ин фоҷиъаи ИМА аст
Обама: ИМА ва Аврупо дар таҳримоти алайҳи Русия бояд муттаҳид бошанд
Обама гуфт, ИМА бо ислом ҷанг намекунад
Истифодаи никнейми “Обама” ва “Путин” дар Чин мамнуъ шуданд
Сиёсатшинос: иқдомоти хориҷии Обама ба сифр баробар аст
Путин бо раҳбарони БРИКС масоили сармоягузорӣ ва ҳастаиро матраҳ кард
Путин: Русия аз вазъи Афғонистон нигарон аст
Эътимод ба Путин ҳанӯз ҳам ба таври рекордӣ боқӣ мемонад
Путин: Русия қасд надорад империя созад
Қодиров гуфт, омодаам барои Путин ҷон бидиҳам
Чалий: дар тавофуқоти Олланд, Меркел ва Порошенко ақоиди Путин нест
Путин: артиши Киев ин легиони НАТО аст
Путин дар садри ҷадвали нухбагони Русия қарор гирифт