Тамриноти муштараки неруҳои вокуниши сареъ (КСОР)-и СПАД Ҳамкорӣ-2015

Затулин: кишварҳои дигар низ аз СПАД кӯмак хоҳанд пурсид

19
(Таҷдидшуда 11:38 15.09.2015)
Нақши Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар моварои таҳдидҳои нав аз ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ густариш хоҳад ёфт, ин ва дигар масъалаҳои марбути онро ба хабарнигори Sputnik директори Донишкадаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Константин Затулин шарҳ дод.

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Ояндаи наздик нақши СПАД боло ва болотар хоҳад рафт, табиист, ки аз ин рӯ ба кӯмаки он кишварҳое амсоли Туркманистону Ӯзбакистон, балки дигарон низ ниёз пайдо мекунанд, иброз дошт директори Институти кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва узви Шӯро оид ба сиёсати дифоию хориҷӣ Константин Затулин.

Дар шаҳри Душанбе ҳоло ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД ҷараён дорад. Роҳбарони кишварҳои аъзо дар бораи вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар карда, рушди минбаъдаи бахши низомии созмонро баррасӣ мекунанд. СПАД барои чи муҳим асту чаро зарурати фаъолияти он дар Осиёи Марказӣ пеш омадааст, саволҳое буданд, ки хабарнигори Sputnik бо коршинос дар миён гузошт.

Ҷаласа аснои амалиёти вижаи мақомот

Ҳамсуҳбати мо ба он ишора кард, ки ҷаласаи мазкур ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз даргириҳои 4 сентябр баргузор мешавад, ки дар пайи он муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон ба куҳҳо паноҳ бурдаву дар ҷумҳурӣ амалиёти боздошт ва безараргардонии дастаи ӯ шуруъ гардидааст.

"Ин ки бо вуҷуди ин ҳаводис дар пойтахти Тоҷикистон чунин як чорабинии бузург баргузор мешавад, бозгӯи он аст, ки аъзои СПАД ҳаросе барои рафтан ба минтақаи доғ надоранду Тоҷикистон ҳам вазъи кунунии худро ором медонад",- гуфт Затулин.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, дар ҳоли ҳозир ҳеч гуна иттилои расмие дар мавриди тавсеаи ин созмон вуҷуд надорад, вале рӯз аз рӯз зарурати он бахусус дар минтақаи Осиёи Марказӣ бештар хоҳад шуд.

"Барои он ки дар ин минтақа густариши фаъолияти созмони террористии "Давлати исломӣ" аз эҳтимол дур нест ва аз ҳама кишварҳои осебпазир низ Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон мебошанд. Пас СПАД, ки як созмони низомӣ барои муборизаи бо ҳам алайҳи таҳдидҳои низомии террористӣ роҳандозӣ шудааст, бисёр зарур мебошад",- мегӯяд коршинос.

Таҳдидҳои нав боиси нигаронианд

Затулин қайд кард, ки агар дар солҳои 90-ум дар робита ба ҳар сохтори байнидавлатии Ӯзбакистон шакку тардиде пеш меомад, дар доираи СПАД кор гирифта мешуд, чун он вақт гап дар бораи гуруҳи террористии "Толибон" мерафт. Он замон на танҳо дар Ӯзбакистон, балки дар кишварҳои ҳамсояи он ҳам ба кӯмаки Русия, ё созмонҳои марбут ба он зарурате пеш омада буд. Аз ин рӯ, ин кишварҳо ҳоло атрофи СПАД ҷамъ шудаанд.

"Ба назари ман, дар оянда низ зарурати фаъолияти СПАД бештар хоҳад шуд. Ва аз эҳтимол дур нест, ки минбаъд ба кӯмаки ин созмон на танҳо Ӯзбакистон, ки шомилу хориҷ мешавад, ниёз пайдо кунад, балки Туркманистон ҳам, ки ҳеч гоҳ узвияти ин созмонро надошт, ба он мепайвандад",- афзуд Затулин.

Иртибот бо СҲШ

Ба назари ҳамсуҳбати мо, дар оянда эҳтимол дорад, иртиботе миёни СПАД ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ба вуҷуд ояд. Зеро дар ҳар ду созмон ҳам Русия нақши калидӣ дораду тақрибан кишварҳои узви ҳар ду якеанд.

Ба гуфти Затулин, ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай боиси рушди СПАД ҳамчун воситаи таъмини амнияту субот, ки ба тавсеаи иқтисоди ин минтақа бисёр муҳим аст, хоҳад шуд.

Созишнома дар мавриди амнияти дастаҷамъӣ соли 1992 дар шаҳри Тошканд аз сӯи раҳбарони Тоҷикистону Ӯзбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Русия имзо шудааст. Баъд аз як сол кишварҳои Озарбойҷону Беларус ва Гурҷистон ҳам шомили ин ташкилот шуданд. Вале баъдан Ӯзбакистон ва Гурҷистону Озарбойҷон дубора аз ин созмон берун рафтанд.

 

19
Барчаспҳо:
андешаи таҳлилгар, зарурияти СПАД, коршинос таҳлил кард, изҳори назар, ҷаласаи Шӯрои СПАД, КСОР, СПАД, СҲШ, Константин Затулин, Чолпон-Отаи Қирғизистон, Туркманистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбакистон, Душанбе, Тоҷикистон, Русия
Мавзуҳо:
Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД дар Душанбе (12)
Мавзуъ
СПАД: омодагии низомии артиши Тоҷикистон баланд аст

Байден ИМА - ро ба лухтаки Урупо табдил медиҳад

292
(Таҷдидшуда 16:17 25.11.2020)
Иттиҳоди Урупо дар симои раҳбари Шӯрои Урупо Шарл Мишел ба Ҷо Байден пешниҳод кард, ки "Иттифоқи қавии трансатлантикӣ" - ро барқарор созад

ДУШАНБЕ, 25 ноя - Sputnik, Ирина Алкснис. Агар Байден вориди Қасри Сафед шавад (бо назардошти рушди воқеъа ин кор ногузир аст) умеди барқарорсозии "Иттифоқи қавии трансатлантикӣ" - асос дорад. 

Номзадии эҳтимолии котиби давлатии  ИМА - Энтони Блинкен, ки маҳсулоти тозаи "ботлоқи Вашингтон" ва "ҳимоятгари эътилофҳои ҷаҳонӣ" аст, як нишони муҳим гардид.

Хушҳолии Урупои Шарқӣ аз дидани Ҷо Байден дар нақши президенти ИМА вақте маълум шуд, ки раҳбарони ин имнтақа яке паси дигар ӯро барои ба маснади раҳбарӣ интихоб шудан, муборакбод мегуфтанду Олмон, изҳор дошт, ки барои кор бо Трамп "дар муддати чор соли дигар" нақша надорад.

Маълум нест, чаро барои Урупо маҳз дар сари қудрат будани глобалистҳо - онҳое, ки хостори ҷаҳони якқутбӣ бо сарварии Вашингтон ҳастанд, хушоянд аст.

Мешавад гуфт, ки дар Урупо қувваҳои дастгири Амрико зиёд шудаанд, ки омодаанд давлатҳои худро қурбони сиёсати ИМА кунанд.

Масалан ҳукумати Олмон бори дигар мавқеъи худро дар бораи ғайри қобили қабул будани таҳримҳои экстерриториявӣ, ки дар Иёлоти Муттаҳида алайҳи "Маҷрои Шимолӣ 2" таҳия мешаванд, тасдиқ кард.

Ҳамин тавр, Урупо мехоҳад манофеъи худ ва нақши геополитикии худро дар ҷаҳон нигоҳ дорад, вале ҳамзамон бозгашти қувваҳоеро ба сари қудрати Вашингтон , ки аслан ин қудратро намехоҳанд пазиранд, дастгирӣ мекунад.

Роҳи ҳалли ин зиддияти аҷибро дар рӯйдодҳои чор соли пеш бояд ҷӯё шуд.

Баробари ба Қасри Сафед ворид шудан, Доналд Трамп аз имзои бархе аз созишномаҳои байналмилалӣ бо ширкати ИМА даст кашид. Сарнавишти иттифоқи машҳури трансатлантикии тиҷорат ва сармоягузорӣ, ки то он замон обрӯи бад дошт, низ ба дасти ӯ афтод.

Суханчинҳо огоҳ мекарданд, ки Амрико бо кумаки он тамоми захоири Урупоро ба сӯи худ хоҳад кашид.

Вале, Трамп, ки дар давраи сари қудрат буданаш аз ҳамаи имконот барои ҷалби сармоя ба давлаташ моҳирона истифода мекард, дарҳол ва бедудилагӣ аз "мурғе", ки бояд чанд сол барои ИМА тухмҳои тиллоӣ мекард, даст кашид. Зиёда аз ин, ӯ чандин маротиба изҳор дошт, ки ин созишномаҳо дар асл барои ИМА фоидаовар нестанд. Аз афташ суханони тоҷири ватандӯст бовар карданист.

Тасаввури ғалат дар бораи ҳамаи глобалистҳо (ҳатто амрикоиҳо) ин аст, ки ҳамаи онҳо ба манфитаи миллӣ кор мекунанд. Барои онҳо ИМА чун армияи бузурги ҷаҳон шояд бисёр муҳим бошад. Аммо худ як кишвари азиме, бо 330 миллион нафар аҳолӣ бори гаронест, ки сармоягузорӣ ба он барои ҳалли мушкилоташ қобили қабул нест.

Аммо манфиатҳои воқеӣ ва эҳсосоти сентименталии глобалистҳо ҳамчун шаҳрвандони ҷаҳон метавонанд бо ҷойҳои тамоман дигар алоқаманд бошанд. Масалан Энтони Блинкен, замони кӯдакии худро  дар Порис гузаронидааст ва ба ташаккули шахсияти ӯ падарандараш, ки урупоист, сахт таъсир кардааст. Ҳамин тариқ, шубҳаҳо дар бораи он, ки ӯ ҳамчун котиби давлатӣ то чӣ андоза манфиатҳои миллии Иёлоти Муттаҳидаро пеш мекунад, комилан табиист.

Дар ин сурат мавқеъи Урупо маъно пайдо мекунад. Урупо дар даҳсолаи охир дар алоқамандӣ  бо Амрико ба ҳадаф расиданро омӯхтааст. Танҳо созишномаи ҳастаии Эронро ба ёд меорем, ки онро аксар вақт яке аз пирӯзиҳои раёсати ҷумҳурии Обама меноманд, аммо дар асл Иттиҳоди Урупо манфиати бештар дошт.

Гузашта аз ин, ИА ҳанӯз ҳам аз бисёр ҷиҳат ба ИМА ниёз дорад. Аз ҷумла, кӯшишҳои Урупо барои созмони артиши худ - на тақлид, ки имрӯз вуҷуд дорад, балки нерӯи воқеии низомӣ ҷиддӣ ба назар намерасад. Ба ин маъно барои урупоиҳо алтернатива нест ва дар ояндаи наздик пешбинӣ ҳам намешавад.

Аммо Трамп ҷиддан мехост, Ҷаҳони Қадимро барои пардохти нархи "чатр" - и низомӣ маҷбур кунад, вале акнун Брюссел ва Берлин имкон доранд бо "ботлоқи Вашингтон" ба таври мусолиматомез дар ин масъала муросо кунанд.

Ва ҳанӯз ҳам, барои муқобили Русия - дар масоили геополитикӣ, иқтисодӣ ва низомӣ ИМА ба Иттиҳоди Урупо ниёз дорад. Дар акси ҳол, Маскав дар самти ғарбӣ шароити мусоид фароҳам мекунад, ки ин ба пойтахтҳои Урупои Ғарбӣ наонқадар писанд меояд.

Дар натиҷа, як ҳолати ғайримуқаррарӣ ба миён меояд: дар ҳоле, ки Урупо дар назари аксарият барои Иёлоти Муттаҳида як маводи истеъмолӣ менамояд, дар асл, бояд диламон ба ИМА бисӯзад, ки метавонад қурбони хиёнати элитаҳои урупоӣ гардад.

292
Барчаспҳо:
Урупо
Отражение мужчины на фоне флага ЕС

Коронавирус нишасти G20 - ро сироят кард. Вале Ғарб ваксинаи Русияро тоқат надорад

235
(Таҷдидшуда 19:26 23.11.2020)
Ба кӯшиши софдилонаи ширкатдорон нигоҳ накарда, саммити маҷозии G20 ҳалокати ҷаҳонишавиро таъкид кард

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik, Иван Данилов. Гап сари фитнае муқобили "ҷаҳони якқутбии амрикоӣ" ё кӯшиши барқарор кардани "муқобилияти деворӣ" монанди миёнаҳои дуюми асри 20 нест. Акси глобализатсия ва бисёрқутбӣ новобаста аз андешаҳо дар марказҳои ақлонии Амрико ва Брюссел аллакай воқеъияти ҳол шудааст.

Мушкил сари ин ки, мавзӯъи ягонаи сиёсӣ нест ҳамон тавре, ки як забон барои баррасии он вуҷуд надорад. Ва зиёда аз ин, "як кунҷи геопалитикӣ" ҳам нест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он пайравӣ кунад.

Мушкили умумӣ шурӯъ аз ҳамагирии коронавирус то бӯҳрони иқтисодӣ ҳаст, вале ҳалли якхели он натанҳо ки нест, балки буда ҳам наметавонад. Барои он ки, низоми муносиботи миёни давлатҳо ба режими бозӣ аз сари нав омадааст, яъне комёбии як давлат чун мағлубияти рақибон пиндошта мешавад ва он ҷониб омодагии комил барои қурбонӣ кардани баъзе манфиатҳои умумиро нишон медиҳад (на мулоҳизаҳои башардӯстона) танҳо барои он, ки яке аз рақибони геополитикӣ натавонист як навъ тасвир, пирӯзии сиёсӣ ё иқтисодиро нависад.

Чанд мисоли чашмрас бояд гуфта шавад.

Дар нишасти G20, раҳбари Чин пешниҳод кард, ки як навъ механизми рақамӣ эҷод карда шавад, то ҳаракати байни кишварҳоро боздорад, вале ба иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷорати байналмилалӣ ва барқарорсозии туризм кумаки калон расонад (ки ин барои бисёриҳо, аз ҷумла кишварҳои камбизоат хеле муҳим аст).

Дар ин росто Чин, ташкили механизми байналмилалии шинохти "рамзи QR-и саломатӣ" -ро пешниҳод кард, ки бар пояи натиҷаи санҷишҳои тестӣ асос хоҳад ёфт.

"Умедворам, ҳарчӣ бештари кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон ба он ҳамроҳ мешаванд" - гуфт Си Ҷинпин.

Дар сатҳи объективӣ эҷоди як навъ "тасдиқи рақамӣ" - и байналмилалӣ ва  эътирофшуда дар бораи он ки як сайёҳ, дипломат ё соҳибкор солим аст  ва метавонад марзҳи кишварҳоро убур кунад (ё ба ватани худ баргардад) бидуни карантин -  фикри хуб аст.

Вале имконият барои роҳандозии ин барнома дар сатҳи глобалӣ нест, новобаста аз он ки ин чораандешӣ ин замон лозим аст ва метавонад осон таҷриба шавад. Вале, ин идея дар амал татбиқ намешавад, танҳо ба он хотир, ки аз нуқтаи назари раҳбарони Ғарб ин пешниҳоди расмии Чин (яъне пешниҳоде, ки рушди баланди технологияҳои инфрматсионии Чинро таъкид мекунад).

Мисоли дигар дар бораи дастнорас будани ваксинаи алайҳи коронавирус барои кишварҳои камбизоат мебошад, ки дар сурати эм накардан метавонанд манбаъи сироятёбӣ гарданд. Владимир Путин дар суханронии худ аз зарурати таъмин кардани тамоми ҷаҳон бо ваксина гуфт:

"Русия қарори калидии тарҳи саммити ҳозираро, ки ба дастрас кардани ваксинаҳои самарабахш ва бехатар ба ҳамагон нигаронида шудааст, дастгирӣ мекунад. Бе шубҳа доруҳо барои эмкунӣ бояд дастоварди ҳамагон бошад. Ва Русия албатта ба кишварҳои ниёзманд ваксинаҳои аз тарафи олимон сохташударо дастрас мекунад: ин аввалин ваксинаи ба қайд гирифташуда дар ҷаҳон "Sputnik V" буда, ваксинаи дуюми Русия "EpiVacCorona" -и Маркази илмии Новосибирск низ омода аст ва ваксини сеюми Русия дар роҳ аст.

Миқёси пандемия моро вазифадор мекунад, ки тамоми захираҳои мавҷударо истифода барем. Ҳадафи умумии мо - сохтани ваксинаҳо ва таъмин намудани тамоми аҳолии сайёра бо он мебошад. Ин маънои онро дорад, ки кор барои ҳамагон, кофӣ аст ва ин дар ҳолест, ки рақобат эҳтимолан ногузир аст, аммо мо бояд пеш аз ҳама аз мулоҳизаҳои башардӯстона сар барорем ва инро дар мадди аввал гузорем".

Дар сатҳи декларативӣ ҳамааш хуб хоҳад буд, вале "бистгонаи бузург" дар умум барои дар амал татбиқ намудани тарҳ, ки бунёди хазинаи умумиро барои харидории ваксина ва таъмин намудани кишварҳои ниёзманд дар назар дораду маҳз харидории ваксинаи сохти русии "Sputnik V" - ро, ки нисбат ба аналогҳои амрикоӣ ва урупоӣ арзонтар мебошад, ризо намешавад.

Агар ба ин мушкилӣ аз нуқтаи назари ИМА ва Брюссел назар кунем боз мефаҳмем, ки гап сари - русиягӣ (эҳтимолан сохти чинӣ низ онҳоро хуш нест), будани ваксина аст.

Владимир Путин даъват кард, ки рақобатро як сӯ гузошта гуманизмро пеша кунанд, аммо имкони шунидани муроҷиати ӯ ниҳоят ночиз аст, алахусус бо назардошти маъракаи таблиғотӣ дар расонаҳои ғарбӣ барои бадном кардани ваксинаҳои Русия ва Чин.

Рӯйхати мавзӯъҳоеро, ки дар он ҳеҷ гуна муколамаи моҳиятӣ дар саммити G20 вуҷуд надоштанд (ва як қатор монологҳои пешвоёни ҷаҳонӣ буданд) идома додан мумкин аст: ин аст ислоҳоти СУС ва мушкилоти қарзҳои асъории кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва тамоюли ҷаҳонӣ ба протексионизм.

Роҳбарони Ғарб мавқеи хеле возеҳ доранд: онҳо бисёр гап мезананд, касеро намешунаванд ва пешниҳодҳои онҳо ба формулаи оддӣ мепечанд: "ҳама бояд тавре ки мо мегӯем, кор анҷом диҳанд, он гоҳ ҳамааш хуб хоҳад шуд" ва ба ин маъно, мавқеи Вашингтон пас аз иваз шудани президент. тағйир нахоҳад ёфт.

Набудани моҳияти нишасти G20 далели равшани он аст, ки ҷаҳон на ба сӯи рақобати "блокҳои геополитикӣ" ва ҳатто камтар ба сӯи барқарорсозии "ҷаҳони Амрико" (тавре, ки Вашингтон ба он умедвор аст), балки ба сӯи ҷаҳоне меравад, ки дар он танҳо гуфтушунидҳои дуҷонибаи байни кишварҳои мушаххас имконпазир аст. Расман, ҷаҳони G20, ба истилоҳ, Гурӯҳи бист (G20) вуҷуд дорад, аммо дар амал чуноне сиёсатмадори амрикоӣ Ян Бремер мегӯяд "ҷаҳони G-сифр" аст: ҷаҳоне, ки дар маҷмӯъ ҳама барои худ кор мекунад ва суръат бахшидани ин тағйирот эҳтимолан мероси асосии таърихии коронавирус хоҳад буд.

235
Барчаспҳо:
Русия, Ғарб, вируси корона
Мужчина совершает молитву на кладбище

Даргузашти Гев Лоҳутӣ - писари Абулқосим Лоҳутӣ дар Маскав

399
(Таҷдидшуда 21:37 27.11.2020)
Гев Лоҳутӣ, фарзанди дуввуми шоири маъруфи тоҷик, хабарнигор, адабиётшинос ва узви Иттиҳодияи адибони Маскав аст

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Гев Лоҳутӣ - писари Абулқосим Лоҳутӣ даргузашт, хабар медиҳад рӯзномаи "Тоҷикистон" дар истинод ба Феликс Лоҳутӣ, писари Гев.

Гев Лоҳутӣ, фарзанди дуввуми шоири маъруфи тоҷик, хабарнигор, адабиётшинос ва узви Иттиҳодияи адибони Маскав буд.

Аз Абулқосим Лоҳутӣ ва Ситсилия –Бону чор фарзанд – Далер, Гев, Ҳотия ва Лайло тавлид шудаанд, ки як умр дар Маскав зистанд.

Гев Лоҳутӣ солҳои охир бемор буд ва дар садади навиштани китоби ёддоштҳо дар бораи падараш ба бемористон интиқол ёфт.

Гев, ки соли равон 83- сола шуд, нигаҳдорандаи бойгонии падар буд. Лайло Лоҳутӣ дар як суҳбат гуфта буд, ки сурудҳои дар асоси эҷодиёти падараш эҷодшуда дар хонаи Гев нигаҳдорӣ мешавад ва онҳо ҳар вақт онро мешунаванд.

Дар меҳмонии Лоҳутӣ ва Н. Махсум: сирҳои нуҳуфтаи тоҷикон аз “Хонаи назди соҳил”-и Маскав

Фелекс қаблан хабар дода буд, ки "Чанде пеш падарам баъзе матлабҳои солҳои пеш дар бораи бобоям дар рӯзномаҳо чоп кардаашро ҷамъ овард ва аз ман хост, ки аз онҳо нусха бигирам. Ӯ мехост, ки онҳоро дар китобе гирдиҳам оварад ва дар саҳифааш дар Фейсбук ҷой диҳад".

399