Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев. Акс аз бойгонӣ

Даъвати Назарбоев аз Аврупо барои лағви таҳримҳо алайҳи Русия

10
(Таҷдидшуда 22:11 12.10.2015)
Муносибати Русия ва Ғарб пас аз ҳаводиси маълуми Украина ба сардӣ гаравида, охири моҳи июли соли 2014 Аврупо ва ИМА аз таҳримот алайҳи ширкатҳо ва ашхоси алоҳида ба ҷорӣ кардани таҳримҳо дар маҷмӯъ муқобили иқтисоди Русия пардохтанд.

Душанбе, 9 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз кишварҳои Аврупо даъват кард, ки ба таҳримоти Русия нуқта гузоранд.

"Аврупо набояд дигар ин таҳримҳоро идома бидиҳад, зеро онҳо аз рӯи мантиқи сиёсӣ беҳуда ва бенатиҷа ба назар мерасанд",- изҳор дошт ӯ аснои мусоҳиба бо нашрияи Figaro.

Ба андешаи Назарбоев, таҳримот қабл аз ҳама ба одамоне, ки ҳеч умумияте ба низоъи Украина надоранд, таъсир мерасонад, яъне, ба кишоварзон, тоҷирон ва коргарони корхонаҳои алоҳида.

Ҳамчунин, ӯ илова кард, ки таҳримоти ҷоришуда алйҳи ФР ба шаҳрвандони Аврупо низ таъсири беандоза бузург доранд. Таври мисол, аз ин фермерҳои фаронсавӣ хисороти зиёд дидаанд.

Муносибати Русия ва Ғарб пас аз ҳаводиси маълуми Украина ба сардӣ гаравида, охири моҳи июли соли 2014 Аврупо ва ИМА аз таҳримот алайҳи ширкатҳо ва ашхоси алоҳида ба ҷорӣ кардани таҳримҳо дар маҷмӯъ муқобили иқтисоди Русия пардохтанд.

Дар навбати худ Русия воридоти маҳсулоти ғизоиро аз кишварҳои ИМА, давлатҳои ИА, Канада, Австралия ва Норвегия, ки дар муқобилаш таҳримот ҷорӣ намудаанд, манъ кард. Зимнан, овардани гӯшту маҳсулоти гӯштӣ, ҳасиб, моҳӣ, сабзавоту мева аз ин кишварҳо ба Русия манъ гардид.

Моҳи июни соли 2015 ФР дар посух ба таҳримоти ИА ва ИМА барои як соли дигар, то 5 августи соли 2016 воридоти маҳсулотро аз он ҷо табӯ эълон кард.

10
Барчаспҳо:
пешниҳоди лағви таҳрим, таҳримҳо, изҳори назари президенти ҶҚ, таҳримот алайҳи Русия, президенти Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев, ИМА, ИА, ФР, Остона, Қазоқистон