Сайфулло Сафаров. Акс аз бойгонӣ

Сафаров: Тоҷикистон ба марзбонони рус ниёз надорад

21
(Таҷдидшуда 14:52 16.10.2015)
Расонаҳои хабарӣ бо истинод ба муовини вазири дифои Русия аз эҳтимоли бозгашти низомиёни рус ба марзҳои Тоҷикистон дар пайи шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон иттилоъ доданд. Хабарнигори Sputnik дар ин бора назари Сайфулло Сафаровро ҳам пурсид.

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Тоҷикистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ мебошад, ки дар сурати таҳдиди хатаре ба амният ва тамомияти арзии кишвар ин созмон ба кӯмакаш хоҳад расид, аз ин рӯ, ниёзе барои бозгашти низомиёни рус нест, мегӯяд, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегии кишвар Сайфулло Сафаров.

Ба назари стратеги тоҷик, худи тарзи саволгузорӣ, яъне бозгашти сарбозони рус ба марзҳои Тоҷикистон ҳам нодуруст аст.

"Соли 2005 нигаҳбонии марзҳои Тоҷикистон ба ихтиёри сарбозони тоҷик супорида шуд ва таҷрибаи 10-сола ҳам нишон дод, ки онҳо аз уҳдаи ин вазифа мебароянд", — таъкид кард, ҷаноби Сафаров.

Гузашта аз ин, сарҳадбонон бояд аз убури ғайриқонунии марз, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ ҷилавгирӣ кунанд, на амалиётҳои ҷангӣ. Дар сурати таҷовузи марз ва бад шудани вазъ артиш дахолат хоҳад кард.

"Мехоҳам ёдовар шавам, ки бар асоси созишномаи имзошуда миёни Душанбею Маскав дар қаламрави Тоҷикистон пойгоҳи низомии "201"-уми Русия қарор дорад ва яке аз шартҳои ҳузур ва вазифаи ин пойгоҳ ҳам кӯмак ҳангоми эҳсоси таҳдид ба тамомияти арзӣ ва амният мебошад. Дар ин гуна вазъиятҳо ин пойгоҳ ба артиш ва марзбонони тоҷикро дастгирӣ хоҳад кард", — илова кард, ӯ.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки Тоҷикистон узви СПАД мебошад, ки тамоми таҳдидҳои ношӣ аз Афғонистонро ба назар мегирад.

"Мисоли равшан метавонад, санҷиши ногаҳонии омодагии Неруҳои вокуниши сареъи СПАД бошад. Ин санҷиш нишон дод, ки дар сурати лозимӣ ин неруҳо дар давоми чанд соат ба қаламрави Тоҷикистон мерасанд ва ба тамоми таҳдидҳо ҷавоб хоҳанд гуфт", — ёдовар шуд, ҷаноби Сафаров.

Имрӯз як қатор расонаҳои хабарӣ бо истинод ба муовини вазири дифои Русия хабар доданд, ки эҳтимол дорад, ин кишвар нигаҳбонии марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистонро дубора аз бар уҳда бигирад. Дар ин бора гӯиё Юрий Борисов рӯзи 15 октябр дар суҳбат бо "Рейтер" дар шаҳри Остона хабар дода бошад.

Ӯ дар посух ба суоли рӯзноманигорон, ки дар сурати бад шудани вазъ эҳтимоли бозгашти низомиёни рус ба марзҳои Тоҷикистон вуҷуд дорад ё не, гӯйё гуфтааст, "ин чизро аз эҳтимол дур намебинам".

21
Барчаспҳо:
марзбонони тоҷик, сарбозони рус, СПАД, сарҳад, марз, Русия, Афғонистон, Тоҷикистон, СПАД, Афғонистон, Тоҷикистон, Русия