Фурудгоҳи низомии Марҷ ал-Султон зери тасарруфи артиши Сурия даромад. Акс аз бойгонӣ

WSJ: ИМА дар Сурия табаддулоти низомӣ анҷом доданӣ буд

23
(Таҷдидшуда 11:18 24.12.2015)
Дар Сурия аз моҳи марти соли 2011 то имрӯз муноқишаи низомӣ идома дошта, тибқи иттилоъи СММ дар пайи ин даргириҳо 220 ҳазор нафар ҳалок шудааст.

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Маъмурияти президенти ИМА Борак Обама шурӯъ аз оғози низоъи Сурия кӯшиши сарнагун кардани Башор Асадро доштанд, аммо нақшаи Вашингтон барабас рафт, менависад рӯзномаи Wall Street  Journal бо истинод ба мансабдорони собиқ ва феълии Амрико, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Аснои сар задани муноқиша дар Сурия, ИМА ба ҳар васила саъй мекард "халоъ дар низоми Димишқ"-ро пайдо кунад ва бо ин роҳ кудатои низомиро анҷом бидиҳад, менависад нашрияи мазкур.

"Аммо як чунин камбудиҳо кам ва хеле кам пайдо шуданд. Зимнан, дар соли 2011 хадамоти ҷосусии Амрико афсарони алавиеро ҷустуҷӯ карда ёфтанд, ки дар ҳолати зарурӣ ба сари қудрат биёянд",- иттилоъ медиҳад рӯзнома бо такя ба масъулини собиқ ва феълии маъмурияти Кохи Сафед.

Дар ҳоли ҳозир, понздаҳ кишвари узви Шӯрои амнияти СММ бо иттифоқи оро қатъномаи фароянди сулҳ дар Сурияро тасвиб карданд. Тасвиби ин қатънома нишонаи камсобиқа аз тавофуқи қудратҳои ҷаҳонӣ дар масъалаи ҷанг дар Сурия аст. Ин қатънома хостори ташкили "давлати қонунӣ, фарогир ва ғайрифирқаӣ" дар шаш моҳи оянда шуда ва мегӯяд, дар "18 моҳи оянда интихоботи озод ва одилона бар асоси Қонуни асоси нав баргузор хоҳад шуд."

 

23
Барчаспҳо:
кудатои низомӣ, табаддулот, қатънома, ҷанг дар Сурия, ҳукумати ИМА, Кохи сафед, Башор Асад, Борак Обама, Димишқ, Вашингтон, ИМА, Сурия
Мавзуъ
Калиди ҳалли низоъи Сурия аз дидгоҳи Бан Ки Мун
Гурезаҳои Сурия
Пассажиры в здании Казанского вокзала во время дезинфекционной обработки вокзала

Анҷумаи ширкатҳои сайёҳии Русия бозшавии сарҳадҳоро пешгӯӣ кард

397
(Таҷдидшуда 12:34 11.07.2020)
Анҷумаи ширкатҳои сайёҳии Русия пешгӯии хушбинонаро барои  барқарор кардани парвозҳои байналмилалӣ гуфт

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Парвози хатсайрҳои мусофирбари ба минтақаҳои сайёҳие, ки маъмулан мардуми рус ба он таваҷҷуҳ доранд, дар гумон аст пеш аз  охири моҳи сентябр - октябр барқарор шавад,  гуфт  Мая Ломидзе, директори иҷроияи Анҷумани ташкилотҳои сайёҳии Русия (ATOR) зимни суҳбаташ дар эфири радиои "Говорит Москва".

Мая Ломидзе изҳор доштааст, ки пешгӯии аз ҳама хушбинона авохири моҳи сентябр – октябр хоҳад буд.

Ба гуфтаи вай, дар навбати аввал, интиқол ба ҷойҳои маъмултарини туристӣ дубора барқарор карда мешавад.

Вай илова намуд, ки набояд дар илова ба ҳодисаҳои рухдода асабонияти худро зиёд кард.

"Аммо ин маънои онро надорад, ки мо дар соли 2020 ба ҳеҷ ҷо парвоз нахоҳем кард. Албатта, ин саволест, ки ҳама ҳам сайёҳон ва ҳам соҳаи туризм мепурсанд. Ин як саволи муҳим аст, вақте имконпазир мешавад мо на танҳо шаҳрвандони худро фиристем, балки шаҳрвандони хориҷиро низ қабул мекунем".

Ба гуфтаи вай, бояд дарк кард, ки вазъ хеле зуд тағир меёбад.

Ломидзе ёдовар шуд, ки Хорватия охири моҳи июн боз шуд, дар моҳи май Туркия эълом дошт, ки барои қабули шаҳрвандони Русия омода аст.

"Булғория омодагии худро барои қабули шаҳрвандони Русия эълом кард. Ҳама эҳсос доштанд, ки фавран, агар пагоҳ набошад, пас аз фардо, мо ба баъзе кишварҳо парвозро оғоз хоҳем кард" Анҷумани ширкатҳои сайёҳӣ.

Вай афзуд, ки агар вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон бадтар шавад, маҳдудияти кушодани сарҳадҳо метавонад тамдид ёбад. Бар асоси пешгӯиҳо, равуои байналмилалӣ танҳо дар моҳи декабр дубора барқарор мешавад.

"Ҳоло мо медонем, ки кушодашавии парвозҳо ба ягон минтақаи сайёҳӣ то охиримоҳи июл мӯъҷиза хоҳад буд, ва дар гумон аст. 99 фоиз - не. Август сахт зери суол аст" гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки бар асари пандемияи коронавирус, Русия парвозҳои байналмилалии нақшавӣ ва чартериро 27 март ба таъхир андохт.

 

397
Шокирджон Хакимов, архивное фото

Ҳакимов: ҷорӣ кардани ҷарима барои напӯшидани ниқоби тиббӣ, мантиқан нодуруст аст

1053
(Таҷдидшуда 17:37 08.07.2020)
Маҳдудиятҳо барои напӯшидани ниқоби тиббӣ қариб, ки пандемияро пешгирӣ карда наметавонанд, аммо омили хатари ришваситонӣ мегарданд, мегӯяд ҳуқуқшинос ва сиёсатшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов

Чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйирот ба Кодекси ҶТ дар бораи қонуншиканиҳои маъмуриро, ки аз ҷониби парлумони кишвар тасдиқ гардид, имзо кард.

Хакимов о новых "масочных" штрафах: это нелогично и неэффективно

Мувофиқи он, барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ба воситаи расонаҳо дар бораи пандемия ҷарима аз 580 сомонӣ барои шахсони воқеӣ ва 11600 сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.

Афзун бар ин, барои напӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шаҳрвандонро метавонанд аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима кунанд.

Аммо, феълан, вақте ки пандемияи коронавирус дар кишвар каме коҳиш меёбад, ин маҳудудият аллакай мантиқ надорнд, ғайр аз пур кардани буҷа, мегӯяд муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, коршинос Шокирҷон Ҳакимов.

"Ин иқдом камсамар ва мантиқан нодуруст аст. Вақте ки феълан дар Тоҷикистон ҳаво гарм аст ва маризӣ то рафт кам мешавад, мақомот қарор доданд, ки ба қонунгузорӣ меъёри вижа ворид кунанд ва дар ҳамин ҳол даромади аҳолӣ ва ришваситониро дар сатҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба назар нагирифтанд", - таъкид мекунад Ҳакимов.

Тағйирот пас аз нашр тавзеҳи он дар расонаҳои давлатӣ ҳукми қонунӣ мегирад.

1053
Человек держит мобильный телефон в руках, архивное фото

Хадамоти алоқа гуфт, чаро нархи интернет гарону суръаташ суст аст

0
Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон шикояти шаҳрвандон дар мавриди гарониву сустии суръати интернети мобилиро дар кишвар шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik.  Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хададамоти алоқа имрӯз зимни як нишасти хабарӣ гуфт,  сабаби гарон будани қиммати интернет ба мавқеи ҷуғрофии ҷойгиршавии Тоҷикистон вобаста аст.

Ӯ гуфт, ҳатто дар замони Шӯравӣ аз сабаби мавқеи ҷуғрофӣ нарху наво дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳо фарқ мекард.

Номбурда гуфт, дар соли ҷорӣ суръати интернетро дар кишвар ба сатҳи 2,8 гигабит/сония баланд кардаанд.

Илҳомҷон Атоев гуфт, нисбат ба интернети мобилӣ шабу рӯз шикоятҳо зиёд аст ва ин низ як чанд омил дорад.

Барои он ки интернет суръаташ баланд бошад тамоми реҷаи кории ширкатҳои мобилӣ истгоҳҳои базавӣ аз 3G ба 4G мубаддал бояд гарданд, гуфт, муовини раиси Хадамоти алоқа.

Манбаъ гуфт, ин кор на танҳо дар марказҳо,  бояд дар минтақаҳои дурдаст ва навоҳии наздимарзӣ низ бояд шавад.

“Ин кор рафтаистодааст ширкатҳо бо тавоноии хеш пойгоҳҳояшонро ба 4G гузаронидаистодаанд ва ҳамин реҷа агар дар сатҳи дахлдор ба 4G гузарад суръату сифати интернети мобилӣ хубтар мешавад”,-гуфт Илҳомҷон Атоев

Дар мавриди интернети ноқилӣ Атоев гуфт, тариқи шартномавӣ пулашро пардот кардаву суръатро вобаста ба он мегиред.

Қаблан ширкати  “Speedtest Global Index”, дар раддабандии ҷадидаш, суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистон пасттарин унвон карда, миёни 141 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 127 қарор дод.

Дар гузориши “Speedtest Global Index”, суръати интернети мобилии Тоҷикистон, барои боргирӣ 10,77 Мбит дар сония  ва барои воридсозӣ 5,06 Мбит дар сония  арзёбӣ шудааст. Дар ҳоле ки суръати миёнаи интернети мобилӣ дар ҷаҳон 23,8 Мбит ва баландтарин 83,52 Мбит/сония баҳогузорӣ шудааст.

 

 

0