Парчами Давлати исломӣ. Акс аз бойгонӣ

Ифшои ному насаби ҳазорон ҷангии "Давлати исломӣ"

59
(Таҷдидшуда 14:19 10.03.2016)
Яке аз аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ба шабакаи телевизионии Бритониёи Кабир исму насаб, суроға ва рақамҳои телефони 22 ҳазор ҷангиро додааст.

ДУШАНБЕ,  10 мар — Sputnik. Феълан дар ихтиёри шабакаи бритониёии "Sky News" иттилоъ дар бораи даҳҳо ҳазор ҷангии "Давлати Исломӣ" қарор гирифтаст.

Шабакаи "Sky News" мегӯяд, санадҳоеро, ки маълумоти шахсии даҳҳо ҳазор ҷангиро дар бар мегирад, пайдо кардааст. Ҳуҷҷатҳоро дар флешка ба ин шабака як ҷангӣ додааст.

Сухан дар бораи даҳҳо ҳазор ҳуҷҷат бо номҳо, суроға ва рақамҳои телефонии 22 ҳазор террористон меравад.

Дар қатори ҷангиён, шаҳрвандони беш аз 51 кишвари ҷаҳон қарор доранд, ки ҳар яки онҳо ҳангоми ба гурӯҳ шомил шудан, маълумоти пурра бар бораи худ бо ҷавоб додан ба 23 савол пешниҳод менамуданд.

"Давлати исломӣ", ё ба истилоҳ "ДИИШ" дар ҳоли ҳозир аз бузургтарин хатар ба  амнияти ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Тайи се сол ҷангиёни ин гуруҳ қисме аз сарзаминҳои Ироқу Сурияро ғасб карда, таҳти назорат гирифтанд. Дар баробари ин, онҳо кӯшиш доранд, то таъсири худро дар мамлакатҳои Африқои Шимолӣ ва махсусан дар Либиё мустаҳкам намоянд.

Бино ба маълумоти мақомотҳои гуногун ҳудуди минтақаҳое, ки аз ҷониби "Давлати исломӣ" идора мешаванд, то ба 90 ҳазор километри мураббаъ мерасад.

Теъдоди тахминии ҷангиёни ин созмон аз 50 то 200 ҳазор нафар гуфта мешавад.

Давлати исломӣ
© Инфографика
"Давлати исломӣ"

 

59
Барчаспҳо:
террористон, ҷангиён, исм, рӯйхат, ифшои номи ҷангиён, ДИ, ДИИШ, шабакаи телевизионии "Sky News", Лондон, Британияи Кабир
Мавзуъ
Додгоҳи олӣ “Давлати исломӣ”-ро террористӣ эълон кард
Джо Байден

Дар шикасти Байден намешавад русҳоро гунаҳкор кард

417
(Таҷдидшуда 18:41 22.10.2020)
Интихобот дар Амрико ба лаҳзаҳои ниҳоӣ расид: имрӯз Доналд Трамп ва Ҷо Байден бори охир дар рафти дебат дидор хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Мумкин аст, ҳамин дидор охирин бошад, чун вазъияти ИМА имрӯз чунон шадид аст, ки ин ду нафарро намешавад якҷо тасаввур кард.

Агар ҳам муъҷизае рух диҳаду Байден дар интихобот пирӯз шавад - Трамп метавонад натиҷаи интихоботро эътироф накунад ё ками камаш ҳамаи анъанаҳоро поймол карда, ба маросими савгандёдкунӣ ҳозир нашавад.

Ва Байден ҳам ба ҳеҷ ваҷҳ ба маросими инаугуратсияи Трамп нахоҳад омад - ба ҳамин минвол рӯзи панҷшанбе барояшон рӯзе хоҳад буд, ки онҳо метавонанд бигӯянд, чӣ мехоҳанд. Ва онҳо аз ин имконият ба пуррагӣ истифода хоҳанд кард.

Трамп Байденро раҳбари гурӯҳи ҷинояткорон меномад ва талаб мекунад, ки ӯро ҳамроҳи писараш Хантер равонаи зиндон кунанд. Ҷо дар зиндон намешинад, вале вақте ӯ интихоботро бой медиҳад, расонаҳо мегӯянд, ки ӯро "сюрпризи октябрӣ" аз пой зад - яъне маводе, ки чанд рӯз қабл аз компютери Хантер дарёфт шуд, ки собиқ ноиби президентро дар фасод муттаҳам мекунад. Вале Байден бидуни ин маводҳо ҳам мағлуб мешуд, чун Трамп ба пирӯзӣ маҳкум шудааст.

Вале чигуна мешавад: назарпурсиҳо тамомии бартарияти Байденро нишон медиҳад? Набояд онҳо сохта бошанд?

Метавонанд. Чун онҳое, ки муқобили Трамп бозӣ мекунанд, метавонанд аз ҳар дурӯғе кор бигиранд.

"Ман натанҳо муқобили Байден, балки зидди расонаҳо, ширкатҳои бузурги технологӣ ("Фейсбук", "Твиттер", "Гугл") ва "ботлоқи вашингтонӣ" номзад мешавам, гуфт Трамп. Бале - ва беҳтарин тасдиқи ин вокуниши деви сесара ба далелҳои айбдоркунандаи зидди оилаи Байден буд.

Мавод дар "Ню-Йорк пост" - ро кӯшиш карданд, блок кунанд. "Гугл" онро наметавонист бихонад ва "Фейсбук" - у "Твиттер" иҷоза надоданд, ки он мавод дар саҳифаҳояшон паҳн шавад. Ва расонаҳо ҳам кӯшиш карданд, маводи баҳсбарангезро нодида бигиранд ва аксарияти сиёсатмадорон чунон вонамуд мекарданд, ки коре нашудааст.

Дар баробари ин, ҳамон замон ба тарафи Русия айбдориҳо садо доданд, маълум ки ин Русия боз ба корҳои дохилии Амрико дахолат кард ва Байденро муттаҳам намуд.

Дар ин бора натанҳо конгрессменҳо гуфтанд, балки кормандони мақомот низ. Кормандони пешин - чун директори Хадамоти ҷосусии ИМА Ҷон Рэтклифф изҳор дошт, ки маълумот дар ноутбуки Байден "қисми ягон маъракаи русиягӣ нест". Вале кормандони собиқ номаи кушод навишта гуфтаанд,, ки "таҷрибаи пешин моро водор месозад, ки дасти ҳукумати Русияро дар ин бор эҳсос кунем".

"Пайдо шудани номаҳои электронӣ дар саҳнаҳои сиёсии Иёлоти Муттаҳида, ки гӯё ба писари ноиби президенти ИМА Байден Хантер тааллуқ доранд, ки аксари онҳо аз даврае, ки ӯ дар раҳбарии ширкати Burisma дар Украина кор кардааст, нишонаҳои классикии маъракаи иттилоотии Русияро дорад".

Яъне, Русияро ба сохтани далелҳои носозгор нисбати Байден айбдор намекунанд - ҳарчанд чунин овоазҳо ҳаст - не, Русия танҳо паҳн кард. Аммо чӣ гуна - мешавад агар, ба гуфтаи Руди Ҷулиана (адвокати Трамп ва шаҳрдори собиқи Ню-Йорк), муҳтавои диски компютерии Ҳантер Байден ҳафт моҳ пеш ба ФБР супурда шуда бошад?

Яъне Маскав ин маводҳоро баҷой нигоҳ медошт ва ба "сюрпризи октябрӣ" омода мешуд, ё дастгоҳи трамп ва мушовиронаш аз ҷумла Ҷулиана ин корро карданд? Бале, Ҷулиана зертобеи Путин аст...ва ин шӯхӣ нест: чуноне сенатор Крис Мерфи изҳор дошт, "ин бор русҳо қарор карданд, ки шаҳрвандони амрикоро чун ҷосусони худ созанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки пропагандаи худро дар расонаҳо ҷой диҳанд. Ва онҳо комёб шуданд. Медонед, Руди Ҷулиана акнун ҷосуси Русия аст".

Бале, албата агар худи Трамп корманди Кремл бошад, дар бораи зертобиъинаш бояд чӣ гуфт. Ханда хандаю, вале худи ҳамин баҳогузории хатои воқеъият ва ҳодиса бо оилаи Байден аллакай нишонгари пирӯзии Трамп аст. Чун рақибони ӯ дар ҷаҳони хаёлӣ ба сар мебаранд - дар ҷаҳоне, ки дар он русҳо ба рафти интихоботи ИМА дахолат мекунад.

Вале, дар воқеъ мо чизи тамоман дигарро мебинем: роҳпаймоии ҷонибдорони Трамп дар сар тосари кишвар ва вохӯрии камёби Байден бо ҷонибдорони камаш. Трампро ҳатто мусулмонон ва дигар қавмҳои аққалият низ дастгирӣ мекунанд. Набуди пурраи далелҳо оиди алоқаи русҳо бо Трамп ва фасоду дуруғгӯии оилаи Байден. 

Ва муҳимтар аз ҳама, дар ҷаҳони воқеӣ, амрикоиҳо кайҳо боз, аз элитаи сиёсии худ -  "ботлоқи Вашингтон" -и дилсард шудаанд ва аз ин рӯ ягона алтернативаи ҷиддӣ ба Трамп метавонист Сандерс бошад. Аммо маҳз ба сабаби дар система набуданаш коллективи "Байден" ӯро ба интихобот роҳ надод.

Амрикоиҳои оддӣ на дар ҷаҳони таблиғотӣ, балки дар ҷаҳони воқеӣ зиндагӣ мекунанд ва аз ин рӯ натиҷаи интихоботи 3 ноябр барояшон пешакӣ муайян аст. Ҳатто сарфи назар аз кӯшиши гардиш додани овозҳо дар "иёлатҳои ноустувор" тавассути сафарбар кардани як интихобкунандаи ғайрифаъоли демократӣ ба овоздиҳӣ тавассути почта - зеро дар он ҷо низ афзоиши овозҳо ба тарафдории ҷумҳурихоҳон дида мешавад.

Ҷаҳони ихтироъшуда 3 ноябр мағлуб хоҳад шуд, ҳатто агар баъд хаос барпо кунаду воқеъиятро напазирад, он ҳеҷ куҷо намешавад.

Гидраи се сар ба интиқом умед мебандад ва барои он кор мекунад. Ҳам дар миқёси Амрико ва ҳам ҷаҳон - ва дар ин ҷо вай ҳақ дорад, ки дар нокомиҳояш русҳоро гунаҳгор кунад.

417
Барчаспҳо:
русҳо, гуноҳ, Русия, ИМА

"Ҳадди аққал бояд кӯшиш кард": коршинос дар бораи тамдиди созишномаи СНВ-3

90
(Таҷдидшуда 18:54 20.10.2020)
Кремл изҳороти ИМА дар бораи созишномаи СНВ-3 - ро шарҳ дода қайд кард, ки равобит барои суботи стратегӣ бо ИМА идома хоҳанд дод

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар суҳбат бо радиои Sputnik, сиёсатшинос Константин Блохин гуфт, гуфтушунид бо кадом сиёсатмадор дар ин бобат осотар хоҳад буд.

Гарчанде ҷониби Амрико аз пешниҳоди Владимир Путин дар бораи тамдиди созишномаи СНВ-3 ба муҳлати як сол даст кашид, Маскав умед дорад, ки алоқа бобати суботи стратегӣ ва тамдиди созишномаи СНВ-3 идома хоҳад ёфт, гуфт сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков.

Пештар Қасри Сафед изҳор дошт, ки аз пешниҳоди Путин барои тамдиди созишномаи ҷорӣ барои як сол, бидуни шарту шароити пешакӣ даст мекашад.

"Мо умед дорем, ки ба ҳар ҳол, равобит бо ҷаниби Амрико идома хоҳад ёфт. Дар умум, албатта чуноне президент гуфт, тамдиди ин созишнома имкон медиҳад, ки вақт, ҳамин 12 моҳро барои гуфтушуниди ҷиддӣ оиди масоили назорати силоҳ, аз худ кунем", - гуфт Песков.

Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки маҳрум кардани тамоми ҷаҳон аз ин "санги асосии субот ва амнияти ҷаҳонӣ" оқибатҳои хеле харобиовар хоҳад дошт.

"Барои ҳамин, албатта мо мехоҳем аз ҳамтоёни амрикоиямон омода будан барои тамдидро бишнавем", - қайд кард сухангӯи президент.

Ба гуфти ӯ, айни ҳол дар ин самт ягон пешравӣ дида намешавад. Вале чунин ҳолат маънои онро надорад, ки "равобитро пурра бояд қатъ кард".

Корманди илмии Маркази таҳқиқотии амнияти АИР, сиёсатшинос Константин Блохин дар суҳбат бо радиои Sputnik гуфт, тақдири ин созишнома аз он вобаст аст, ки дар интихоботи дар пешистодаи ИМА, кӣ пирӯз мешавад.

Сулҳҷӯи зӯргӯй: Трамп мехоҳад, сарбозони амрикоиро ба хона орад - YouTube
Ruptly / Sputnik / dvids / FoX News / us department of defense / twitter.com/realDonaldTrump

"Намояндаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп дар навбати аввал Чинро бад мебинад ва СНВ-3 - ро бо Чин пайванд медиҳад. Дуюм, Ҳизби Ҷумҳурихоҳон кӯшиш дорад, назорати яроқро нобуд созад. Ёдрас мешавам, ки дар аҳди Ҷорҷ Буши хурдӣ, амрикоиҳо аз созишномаи ПРО баромаданд, худи Трамп созишнома оид ба мушакҳои дурпарто ва Созишнома оид ба осмони кушодро бекор кард. Агар ӯ дар интихобот пирӯз шавад, эҳтимои баромадан аз созишномаи СНВ-3 хеле зиёд аст , - гуфт Блохин.

Коршинос мегӯяд, агар намояндаи демократҳо Ҷо Байден пирӯз шавад, эҳтимоли тамдиди созишнома вуҷуд дорад.

"Чун анъана, ҳизби демократҳо тарафдори он аст, ки дар мавзӯи суботи стратегӣ бо ҷониби Русия гуфтушунид кунад. Ёдовар мешавам, ки маҳз дастгоҳи Обама ҳамроҳ бо Дмитрий Медведев созишномаи ҷориро имзо карда буданд. Вале, сарфи назар аз он, ки кӣ президент мешавад, бастани созишнома дар давоми чанд моҳ номумкин аст. Барои ҳамин бояд кӯшиш кард, то онро тамдид намуд, то дар давоми соли оянда созишномаи нав имзо шавад. Ин идея ҷолиб аст", - қайд кард коршинос.

START III ягона Созишномаи мавҷудаи маҳдудкунандаи яроқ миёни Русия ва ИМА мебошад. Муҳлати созишнома 5 феврали соли 2021 ба итмом мерасад ва агар он тамдид нашавад, дар ҷаҳон абзоре барои маҳдуд кардани силоҳҳои бузургтарин қудратҳои ҳастаӣ боқӣ намемонад.

START III - 5 феврали соли 2011 эътибор пайдо кард. Дар он пешбинӣ шудааст, ки ҳарду ҷониб арсеналҳои ҳастаии худро тавре коҳиш медиҳад, ки дар давоми ҳафт сол ва дар оянда шумораи умумии силоҳ аз 700 мушаки баллистикии байниқитъавӣ, мушакҳои баллистикӣ дар киштиҳои зериобӣ ва бомбаандози вазнин, инчунин 1550 кулоҳак ва 800 партоби мустақар ва мустақаршуда зиёд набошад.

90
Барчаспҳо:
ИМА, Русия

Путин кушташудаҳо дар Қарабоғро бо ҷонбохтагон дар Афғонистон қиёс кард: хеле зиёд-навор

0
(Таҷдидшуда 19:44 27.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, теъдоди кушташудаҳо аз ҳар ду ҷониб дар Қарабоғи Куҳӣ тайи як муддати кӯтоҳ ба 5 ҳазор нафар наздик омадааст

Раисиҷумҳури Русия изҳор дошт, ки тайи 10 соли ҷанг дар Афғонистон, нерӯҳои Иттиҳоди шӯравӣ 13 ҳазор нафарро аз даст доданд, аммо дар Қарабоғ тайи чунин як муддати кӯтоҳ теъдоди ҷонбохтагон аз ҳарду ҷониб ба 5 ҳазор нафар наздик шудааст.

“Чӣ қадар маҷруҳанд, чӣ қадар мардум азоб мекашанд, чӣ қадар кӯдакон? Аз ин лиҳоз ҳодисаи мазкур барои мо махсус мебошад”, -изҳор дошт раисиҷумҳури Русия.

“Мухолифат ба шеваи бадтаринаш”, - тасвир кард Владимир Путин ҳаводис дар Қарабоғи Куҳиро.

Раисиҷумҳури Русия таъкид намуд, ки фоҷиаи асосӣ ин марги одамон мебошад. Талафот аз ҳар ду ҷониб беш аз 2 ҳазор нафариро ташкил медиҳад.

Алиев мегӯяд, Боку ба ҳеҷ ваҷҳ истиқлолияти Қарабоғро намепазирад: Пашинян чӣ мегӯяд

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, изҳор дошт, ки Маскав тамоми талошашро мекунад, то хунрезӣ дар Қарабоғи куҳӣ қатъ шавад.

0
Барчаспҳо:
шарҳ, Владимир Путин, ҷанг дар Қарабоғ, Қарабоғи Кӯҳӣ