Қрим

Cеяки аврупоиён ва амрикоиҳо Кримро қисме аз Русия мешуморанд

32
(Таҷдидшуда 15:35 16.03.2016)
Тибқи натиҷаи пурсиши Sputnik.Мнения, тақрибан сеяки амрикоиҳо, ҳолландҳо, англисҳо, фаронсавиҳо, олмониҳо ва итолиёвиҳо Кримро ҷузъи Русия меҳисобанд.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Пурсиш бо дархости Оҷонсии иттилоотӣ ва радиои  Sputnik аз ҷониби ширкати таҳқиқоқотии Populus дар ИМА, Бритонияи Кабир, Нидерланд ва ширкати бузургтарини фаронсавии  Ifop дар Фаронса, Италия ва Олмон гузаронида шуд.

Ба саволи "Оё шумо Қримро қисми Русия меҳисобед, ё на", 39% шаҳрвандони Итолия  ва 37% сокинони Олмон мутаввафиқанд, ки Крим ҷузъе аз Русия аст. Дар Бритонияи Кабир ва Нидерланд ин нишондод мутаносибан ба 33% ва 32% баробар аст. Дар ИМА ва Фаронса шумораи нафароне, ки Кримро қисме аз Русия меҳисобанд, 26% буда, дар ИМА онҳое,  ки гуфтаанд "намедонанд"- 42 фоизро ташкил медиҳанд.

Пурсиш дар ИМА, Бритонияи Кабир ва Нидерланд аз сӯи ширкати Populus аз 4 то 9 марти соли равон гузаронида шуд. Дар пурсиш 3092 нафари синнашон аз 18- сола боло: дар Нидерланд 1004, дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ 1085 ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 1003 нафар ширкат доштанд.

Пурсишнома аҳолиро аз рӯи ҷинс, синну сол мансубияти ҷуғрофӣ ва касбу кор ҷудо менамояд. Дар Фаронса, Италия ва Олмон пурсиш 8-10 март аз ҷониби ширкати собиқадори  Ifop, гузаронида шуд. Дар пурсиш 3001 нафари синнашон аз 18- сола боло: дар Фаронса- 1005, дар Олмон —1002 ва дар Италия 994  ҷавоб пешниҳод намуданд. Эҳтимолияти иштибоҳи пурсишнома аз 95 дарсади пурсидашудагон ҳамагӣ 3,1%-ро ташкил медиҳад.

Маълумот дар бораи лоиҳаи  Sputnik.Мнения.Лоиҳаи байналмиллалӣ оиди тадқиқот ва омӯзиши афкори омма моҳи январи соли 2015 шурӯъ шуд. Шарикони ин лоиҳа ширкатҳои тадқиқотии бонуфузи Populus ва Ifop мебошад. Дар доираи лоиҳаи Sputnik.Мнение. мунтазам пурсишномаҳо бо мақсади омӯзиши афкори омма оид ба  масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар мамлакатҳои Аврупо ва ИМА гузаронида мешавад.

Sputnik (sputniknews.com) — хабаргузорӣ ва радио аст, ки бо бахшҳои чандрасонаӣ ва иттилоотӣ дар даҳҳо кишвар фаъол мебошад. Ба "Sputnik" сайтҳо, пахши рақамӣ ва анъанавии радио, нармафзорҳои мобилӣ ва сафҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ тааллуқ доранд. Барои обуначиён хабарҳои  Sputnik ба таври шабонарӯзӣ бо забонҳои англисӣ, арабӣ ва испониву чинӣ ба нашр мерасанд. 

32
Барчаспҳо:
маълумот, анкета, пурсиш, ҷузв, қисме аз Русия, таҳлил, ширкати таҳқиқоқотии Populus дар ИМА, ширкати бузургтарини фаронсавии Ifop дар Фаронса, Оҷонсии иттилоотӣ ва радиои Sputnik, Италия, Қрим, Британияи Кабир, Фаронса, ИМА, Русия
Холод Леонид доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия РФ

Коршинос гуфт, ки чигуна устувории хоҷагии қишлоқ дар Тоҷикистон ба иқтисод таъсир мекунад

54
(Таҷдидшуда 18:37 01.08.2020)
Леонид Холод, коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисод, муовини вазири хоҷагии қишлоқ ва озуқаи Русия тавзеҳ дод, ки оё дар Тоҷикистон рушди содирот ба бозори дохилӣ таъсири манфӣ мерасонад ё не

Кӣ ба чунин натиҷа ноил шуд - табиат ё одамон бо кӯшиши худ ва истифодаи агротехнодогия, саволест, ки вақт металабад, таъкид мекунад, Леонид Холод, коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисод, муовини вазири хоҷагии қишлоқ ва озуқаи Русия ба Sputnik Тоҷикистон.

Холод рассказал, как укрепление сельхозсферы влияет на экономику Таджикистана

"Рушди 8 дар садии соҳаи аграрӣ натиҷаи хуб аст. Ин дастоварди муваққатӣ нест", - афзуд коршинос.
Холод гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳосилро пештар аз Русия мебардоранд, ин аз он шаҳодат медиҳад ки омор аз натиҷаҳои бадастомада аст.

"Содирот чизи хуб аст, агар нархҳои дохилиро набардорад, молро дар худи дохили кишвар кам накунад,", - таъкид кард коршинос.

Хоҷагии қишлоқ яке аз соҳаҳои бузурги Тоҷикистон аст, ки рушди нишондодҳои он боиси мустаҳкам шудани пули миллӣ ва рушди иқтисоди кишвар мешавад.

54
Генеральный директор авиакомпании Таджик Эйр Дилшод Исматуллозода

Рӯзҳои сахти "Тоҷикэйр": қарз аз маош ва рухсатии бемузди кормандон

702
Ширкати ҳавонавардии "Тоҷикэйр" ҳудуди 90% дарсади кормандонашро дар пайи қатъи парвозҳо ба рухсатии бемузд фиристодааст

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дилшод Исматуллозода, директори кулли ширкати "Тоҷикэйр", ки дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, дар шарҳи ин матлаб гуфт, моҳи март вақте парвозҳо қатъ карда шуданд, ҳамчунин зарурат – ба рухсатии бемузд фиристодани 80 – 90% кормандони ширкат пеш омадааст.

"Аммо замоне, ки парвозҳои чартерӣ шурӯъ шуданд, мо аксарияти онҳоро дигарбора ба кор ҷалб намудем. Аз моҳи август вақте парвозҳои мунтазам сар шаванд, ҳамаи коргаронамон сари кор хоҳанд буд", - гуфт Дилшод Исматуллозода.

"Тоҷикэйр" аз соли гузашта ба ин сӯ бо мушкили молӣ мувоҷеҳ шудааст. 4 январи соли 2019 ин ширкат муваққатан парвозҳояшро қатъ карда, аз 2 сентябри ҳамон сол онҳоро дубора аз сар гирифт.

Аммо қатъи дубораи парвозҳои байнулмилалӣ дар моҳи марти соли равон дар пайи густариши "вируси корона" дар ҷаҳон ширкатро дигарбора ба мушкил мувоҷеҳ сохт.

Ширкати “Тоҷик Эйр” парвозҳояшро ба Деҳлӣ барқарор мекунад

Директори кулли ширкат мегӯяд, ҳолати бефаъолиятӣ ширкатро ба қарз афканд, аз ҷумла бештар аз 12 миллион сомонӣ аз музди меҳнат пеши кормандонаш бидеҳкор шуд.

"Пас аз шурӯъи дигарбораи кор мо тавонистем 4 миллион сомонӣ қарзи пештара аз ҳисоби музди меҳнати кормандон ва ҳам 8 миллиону 200 ҳазор сомонии дигар маош пардохт кунем. Умедворем, ки пас аз барқарор шудани парвозҳо ҳармоҳа маоши кормандонро мепардозем ва парвозҳои мунтазам имкон медиҳанд, ки қарзҳои пешинаро низ адо кунем", - гуфт ӯ.

"Тоҷикэйр" як ширкати давлатии ҳавонавардии Тоҷикистон буда, тибқи иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, дар парки худ як ҳавопаймои коршоями "Боинг 757 – 200" ва як ҳавопаймои "Ан – 28" дорад ва бақия ҳавопаймову чархболҳои ширкат дар таъмир мебошанд.

702
Барчаспҳо:
кормандон, маош, қарз, Тоҷик Эйр

Сурудхонии саг дар Ҳиндустон корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба ваҷд овард - навор

0
(Таҷдидшуда 14:55 04.08.2020)
Сурудхонии нависанда аз Мумай бо ҳамроҳии сагаш, ки Зои ном дорад аз ҷониби корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хуб пазируфта шуд ва баҳси гармеро ба миён овард

Роҳит Наир навори сурудхонии худ бо сагаш Зои сабт намуда дар сабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст. Ин навор аз ҷониби садҳо нафар бозбинӣ ва писандида шуд.

Ба саёҳати дунё бо дучарха ва саг

Дар навор Наир суредеро замзама мекунад ва саг ҳам дар ҳамовозӣ бо ӯ садояшро баланд мекунад.

 Корбарон истеъдоди ҳайвони хонагиро баланд арзёбӣ арзёбӣ мекунанд.

Қаблан низ Ноир сабтти дигари ҳунарнамоии худ ва сагашро нашр намуда буд ва изҳор дошт, ки онҳо кам кам суруд мехонанд ва аслан дар вақтҳое, ки "сиёсатро баҳс намекунанд" ба зам замаи суруде мепардозанд.

0
Барчаспҳо:
навор, суруд, саг, Ҳиндустон