Таҳлилгар: ВАО инсонро ба истеъмолкунада ва ғуломи пул табдил медаҳад

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкҶулетто Кеза. Акс аз бойгонӣ
Ҷулетто Кеза. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бӯҳрони муҳоҷиратӣ, ки имрӯз саросари Аврупоро фаро гирифтааст ва мушкилиҳои вобаста ба онро фақат ба даврони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ қиёс кардан кардан мумкин асту бас.

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Журналисти итолиёвӣ, нависанда ва фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандӣ Ҷулетто Кеза дар форуми иқтисодии Маскав гуфт, Аврупо ба мардуми Ховари Миёна технолигия тақдим намуд ва маҳз тавассути он ҷавонон вазъияти ҷаҳониро мебинанд ва дарк мекунанд.

"Ин гурӯҳи одамон (муҳоҷирон- шарҳи идора) таърихшинос, файласуф ё иқтисоддон нестанд. Онҳо танҳо суратеро, ки худи Аврупо тавассути расонаҳо нишон медиҳад, мебинанд. Онҳо фикр мекуанд, ки Олмон ва Фаронса- биҳишти рӯи заминанд ва мантиқан ҳангоме ки онҳо аз манзилу хонаҳои худ бар асари ҷангу кашмакашҳо маҳрум монданд, маҳз ба ҳамин кишварҳо рафтанд ", —афзуд Кеза.

ХФМ Русия: сели муҳоҷиронро аз Ховари Миёна ба қайд нагирифтаем

Ба андешаи коршинос, бӯҳрони муҳоҷират- оғози "кор" аст. Ӯ боварӣ дорад, ки Аврупо дар бӯҳрони бузурги маънавӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ қарор мегирад ва мушкилоташ жарфтар мегардад.

Ба қавли Ҷулетто Кеза гунаҳкори асосӣ ин низоми имрӯзаи ВАО, ки дар бисёр мавридҳо ба тезу тунд кардани ҳаводис машғул аст, мебошад.

"Афкор, орзуву ғояҳо ва арзишҳои зиндагӣ дар дохили ҳамин система парвариш мешаванд. Вай хеле амиқ дар ботини мо ҷой гирифтааст. ИҶШС (СССР) маҳз тавассути ҳамин яроқ (расонаҳо дар назар аст- шарҳи идора) шикаст хурд. ВАО инсонро ба истеъмолкунанда, ба ғуломи пул табдил медиҳад", —меафзояд ӯ.

Танҳо бинандагони телевизиони Русия ҳаводиси Украинаро диданд, қайд кард Кеза.

"Васоити ахбори оммаи Русия ягона шабакаҳое буданд, ки ин наворҳоро пахш мекарданд. Ман муболиға намекунам: амалан ягон шабакаи аврупоӣ намоиш намедод, ки дар Украина чӣ гапу хабар аст. 500 миллион аврупоиён ва 320 миллион амрикоиҳо натанҳо дар бораи ҳаводиси Донбасс, балки дар бораи бӯҳрони иқтисодӣ чизе намедонанд. Расонаҳо ба мо мегӯяд, ки сатҳи бекорӣ дар Амрико 7 фоиз аст, чанде қабл Доналд Трамп дар бораи 42%-и бекорон сӯҳбат кард. Фикр намекунам, ки ӯ девона бошад", —илова кард коршинос.

Роҳбари форуми Русияву Олмон Александр Рар бо Ҷулетто Кеза ҳамфикр аст.

"Мо ҷанги бузурги иттилоотиро аз сар гузаронида истодаем, одамон якдигарро намешунаванд. Даҳшатнок аст, ки ҳар кас кӯшиш мекунад худро болотар аз дигарон ва гузашта аз он болотар аз ахлоқ гузорад. Низоъи идеологӣ ҷанги сардро ба хотир меорад. Ҳоло, ки ВАО дар набард аст аст, аз ин тиҷорат, мардуми оддӣ азият мекашанд ", —хулоса кард Рар.

Лентаи хабарҳо
0