Президенти Донишгоҳи Ховари Миёна  Евгений Сатановский. Акс аз бойгонӣ

Сатановский: Аврупо барои мубориза бо ҷиҳод омода нест

84
(Таҷдидшуда 12:42 29.03.2016)
Дар бораи сарчашмаҳо ва маблағгузорони асосӣ, таҳдидҳои террористӣ дар мусоҳиба бо Sputnik президенти Донишгоҳи Ховари Миёна Евгений Сатановский нақл кард.

Ҷиҳоди умумиҷаҳонии имрӯза сатҳи баланди нооромиро нишон медиҳад. Оё Аврупо ва Русия ба ҷавоби муносиб тайёранд?

— Русия аллакай мубориза бурда истодааст. Мисоли рӯшан Сурия аст, мо муборизаро хеле фаъол ва ботадирҷ мебарем, на дар дохили Русия. Зеро намехоҳем, ки инфиҷорҳо (ба монанди 29 марти соли 2010 дар метро) такрор шаванд. Оё Аврупо ба ҷавоби муносиб тайёр аст? Албатта не, вале ин мушкили худи Аврупост.

Чанде қабл дар расонаҳо нашр шуд, ки ДИ (ДИИШ) ҳудуди 400 ҷангиро тайёр ва ба Аврупо фиристодааст. Ба назари шумо ин гурӯҳро маблағгузорӣ мекунад?

— Ба он чизе, ки ВАО менависанд аҳамият надиҳед, чунин намуди маълумотро бояд хадамоти махсус пешкаш намояд, албатта агар худи онҳо тайёр бошанд. Дигараш сухангӯии беҳудаи журналистон аст.

Ҷиҳодиёнро ҳар кас метавонад маблағгузорӣ кунад. Ҳеч кас ба масъалаҳои Арабистони Саудӣ, Қатар, Туркия, ки террористонро правариш мекунанд ва меомӯзонанд машғул нест. Дар мавриди Эрон бар зидди Исроил бошад гуфтаниам, ки онҳо ҷангиёни "Ҳизбуллоҳ" ва "ХАМАС"-ро тайёр мекунанд.

Қатар террористонро бар зидди Сурия, алайҳи Миср дар Либия ва Афғонистон дастгирӣ мекунад. Арабистони Саудӣ чун ҳамеша вазифаи нозири умумиро дар идоракунии ҷангиёни "Ал-Қоида" дар мамлакатҳое, ки  "Ал-Қоида" вуҷуд дорад ба ӯҳда дорад. Инҳо сарчашмаҳои асосии хатар ҳастанд. Ҳамчунин Покистонро набояд фаромӯш кард, ки бо "Толибон" алоқаи хеле наздик дорад, вале ин дуюминдараҷа аст.

Оё дар дунё ҳаст усулҳои дурусти мубориза бо ҷиҳод?

— Усулҳои мубориза бар зидди терроризм маълуманд, аммо истифодаи онҳо тасмими ҳар кишвар вобаста аст.

84
Барчаспҳо:
изҳори назар, изҳор, назар, террор, террористон, Ал-Қоида, ҷунбиши "Толибон", Донишгоҳи Ховари Миёна, Евгений Сатановский, Русия, Маскав
Руководитель отдела экономики Института стран СНГ Аза Мигранян

Коршинос: барномаи зиддибӯҳронии Тоҷикистон ду моҳ дер тасвиб шуд

187
Тоҷикистон аз ҳисоби кадом маблағҳо соҳибкоронро дастгирӣ хоҳад кард ва оё ин иқдомҳоро буҷаи кишвар мебардорад ё не - ба ин саволҳо коршинос, иқтисодшиноси Пажӯҳишгоҳи ИДМ Аза Мигранян посух гуфт

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи зиддибӯҳронии замони пандемияи коронавирусро қабул кард, ки ба дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ равона гардидааст.

Имрӯз, 5 июн чанд фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, ки мувофиқи он чанд гурӯҳ соҳибкорон аз андоз озод карда шуда, ба қишри осебпазир кӯмакпулӣ таъин ва боло бурдани арзиши барқу хизматрасониҳои коммуналӣ мавқуф карда шуд.

Мигранян о том, за счёт чего в Таджикистане будут поддерживать бизнес

"Дар ҳар як кишвар захираи муайяне ҳаст, ки ба истилоҳ захираҳои ғайрибуҷавӣ гуфта мешавад. Ин гуна буҷа дар Тоҷикистон низ ҳаст", - гуфт Миграниян дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи коршинос, таҳлили он ки иқдомҳои зиддибӯҳронии Ҳукуматро буҷаи Тоҷикистон мебардорад ё не, ғайриминтақист, зеро феълан маълум нест, ки барои ин иқдоми Ҳукумат чӣ қадар маблағ лозим аст.
"Фаҳмиши норасоии буҷа нисбӣ аст. Ҳама гуна кишвар бо норасоии буҷа метавонад то дер  арзи вуҷуд дошта бошад", - таъкид мекунад коршинос.

 

Ба гуфтаи ӯ, ин ҷо гап дар бораи дастгирии аҳолӣ ва тиҷорати хурд меравад.

"Ҳамааш аз он вобаста аст, ки то кай дар Тоҷикистон маҳудиятҳои фаъолияти иқтисодӣ амалӣ мешавад. Агар маҳдудиятҳо фарогир бошанд, пас ин ҳамагӣ дастгирии хурдест. Агар маҳдудиятҳо кутоҳмуддат ва маҳдуд бошанд, ҳамин тавре ки ҳоло дар Тоҷикистон рӯи кор меоянд, ин дастгирӣ ба аҳолӣ ва тиҷорати хурд назаррас хоҳад шуд".

Вай афзуд, ки вақте ҷараёни даромад нест, ихтисори андоз, пардохтҳои ҳатмӣ ва харҷҳои гуногун метавонад ба қисми рақобатпазир дар кам шудани талабот ба маводи онҳо дар мӯҳлати муайян кӯмак кунад. Аммо ин истеҳсолоти заифро наҷот намедиҳад.

"Сухан дар бораи дастгириҳои иҷтимоӣ бо мақсади тавонмандии харидории аҳолӣ меравад. Ин чораҷӯиҳо барои бештари кишварҳои ҷаҳон стандартӣ мебошанд", - тавзеҳ медиҳад ӯ.

 

Ин иқдомҳои Тоҷикистон ду моҳ дер қабул шуданд, гуфт дар анҷом Мигранян.

187
Женщина в защитной маске в городе Душанбе

СУТ аз хатари воридшавии коронавирус аз хориҷ ба Тоҷикистон гуфт

458
(Таҷдидшуда 17:59 03.06.2020)
Коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз хатари ҳолатҳои нави воридшавии коронавирус аз хориҷ ба Тоҷикистон гуфт

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Доктор Олег Стороженко, иштирокдори ҳайъати СУТ дар Тоҷикистон, корманди штаби мутобиқатии назорати пандемияи КОВИД-19 дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон вазъи паҳншавии коронавирус дар Афғонистон ва таъсири он ба Тоҷикистонро тавзеҳ дод.

Коршинос таъкид кард, ки аз ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон на танҳо Афғонистон, балки дигар ҷумҳуриҳо ба мушкилии коронавирус дучоранд ва ҳамарӯза дар онҳо ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба қайд гирифта мешавад.

"Ҳангоми боздид аз Тоҷикистон мо имконият доштем, ки чанд гузаргоҳро назорат кунем. Дар онҳо тамоми меъёрҳои лозима риоя мегардиданд, қавонини байналмилалии тиббиву санитарӣ санҷида шудаанд.  Ин чораҷӯиҳо дар сарҳад хуб аст, аммо кофӣ нест. Бояд вазъ дар марз ва дохили кишварро доим назорат бурд", - мегӯяд коршинос.

Намояндаи СУТ афзуд, ки бояд маълумот дар бораи паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон дастрас бошад. Хусусан бояд аз минтақаҳои марзӣ ба монанди Помир, ки бо Афғонистон ҳамсарҳад ас хабардор буд.

Стороженко таъкид кард, ки дар мубориза бо коронавирус таҳлили вазъ муҳим аст: вазъи хадамоти лабараторӣ ва муассисаҳои тиббӣ бояд санҷида шаванд.

Коронавирус ба буҷаи шаҳри Хуҷанд таъсир кард: шаҳр ба мушкилоти муваққатӣ рӯ ба рӯ шуд

 

458
Свеча

Мусибат дар хонаводаи Мӯъмин Қаноат: набераи 42 - солааш ҷаҳони фониро падруд гуфт

178
(Таҷдидшуда 23:48 06.06.2020)
Баҳрин нахустнабераи шоири зиндаёд Мӯъмин Қаноат дар синни 42 - солагӣ аз олам ҷашм пӯшид. Иллати марги ӯ маризии гурда арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Хабари фавти бармаҳали Баҳрин - нахустнабераи Мӯъмин Қаноат шоири зиндаёдро адиби тоҷик Аҳмадшоҳи Комилзода дар сафҳаи Фейсбукии худ коридаст.

акс аз сафҳаи фейсбукии Комилзода Аҳмадшоҳ
Баҳрин нахустнабераи Мӯъмин Қаноат

Ба навишати Комилзода, набераи устоди зиндаёд Мӯъмин Қаноат ҳамагӣ 42 - сол умр дошта, бар асари бемории шадиди гурда, рӯзи 6 - уми июн аз олам чашм пӯшид. 

"Баҳрин ҷавони донишманд, донанда ва тарҷумони хуби се забон – порсии тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буд, ки бо ин се забон кору тарҷума мекард", - навиштааст Комилзода.

Хезед бобо Дарвоз мерем: арӯси хонаводаи Мӯъмин Қаноат аз вопасин суханҳои шоир нақл кард

Аз марҳум ду фарзанд Суруш ва Мумтоз, ки яке 15 - сола ва дувумӣ 13 - солаанд, ятим монданд.

Дӯстони Баҳрин, даргузашти ӯро ҳамчун шахсияти соҳибхираду соҳибғурур ва нафари ботамкин, як мусибати бузурги ҷуброннопазир арзёбӣ мекунанд.

178