Шувалов: қонунҳои муҳоҷирати меҳнатиро набояд аз рӯи ҷанг дигар кард

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкЗанозании оммавӣ дар гӯристони Хованское. Маскав
Занозании оммавӣ дар гӯристони Хованское. Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаблан, муовини Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба амният ва мубориза бар зидди коорупсия Дмитрий Горовсов изҳор дошт, ки дар қавонини муҳоҷирати меҳнатӣ нуқтаҳои нофаҳмо вуҷуд доранд ва барои аз байн бурдани онҳо бояд қонуни алоҳида қабул гардад.

ДУШАНБЕ, 17 май- Sputnik.  Қонунгузории ҷории муҳоҷират имкон медиҳад, ки нисбати иштирокчиёни ҷанги Хованское таҳримҳои дахлдор истифода шавад, мегӯяд аъзои Шӯрои Олии "Русияи ягона" (Единая Роосия), мушовири раиси Думаи давлатӣ Юрий Шувалов.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия: мо худиҳоро “намепартоем”

Қаблан, муовини Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба амният ва мубориза бар зидди коорупсия Дмитрий Горовсов изҳор дошт, ки дар қавонини муҳоҷирати меҳнатӣ нуқтаҳои нофаҳмо вуҷуд доранд ва барои аз байн бурдани онҳо бояд қонуни алоҳида қабул гардад, то масъалаҳои дохилӣ ва хориҷии  марбут ба муҳоҷирати меҳнатиро танзим намояд.

Ба фикри ӯ шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Русия ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд, бояд аз ҳуқуқи будан дар ин кишвар маҳрум карда шаванд. Дар баробари ин шаҳрвандони хориҷие, ки аллакай иҷозатномаи зисти Русияро доранд, бояд аз он маҳрум карда шаванд ва дигарбора барояшон ин иҷозатнома дода нашавад.

"Дар ҳамин замина истифодаи қонунгузорӣ бояд ба пуррагӣ нисбати иштирокчиёни ҳодиса таъмин шавад. Ва маълумот дар бораи натиҷаҳои парвандаи ҷанги Хованское бояд ба мардум расонида шавад",-қайд кард Шувалов.

Тибқи маълумоти ВКД-и Русия занозанӣ дар гӯристони Хованскоеи Маскав рӯзи шанбе ба вуқӯъ пайваст. Дар он наздики 200 нафар иштирок карда, 112 нафар дастгир гардиданд. Се нафар ба ҳалокат расиданд. Аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0