Дмитрий Косирев. Акс аз бойгонӣ

Иттиҳоди Аврупо барҳам мехурад, АвруОсиё густариш меёбад

84
(Таҷдидшуда 17:28 27.06.2016)
Ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои СҲШ рӯзҳои 23-24 июн дар Тошканд баргузор гардид. Дар доираи ҷаласа созишномаҳои ворид гардидани боз ду кишвари дигар Ҳиндустон ва Покистон ба СҲШ ба имзо расид. Дар Британия Кабир бошад, қисми зиёди аҳолӣ зидди узвият ба Иттиҳоди Аврупо овоз доданд.

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Аксари шаҳрвандони Британияи Кабир барои бамромадан аз узвияти Иттиҳоди Аврупо овоз доданд, дар ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои СҲШ бошад, баръакс боз ду кишвари дигар Ҳиндустон ва Покистон созишномаи ворид шудан ба узвияти СҲШ-ро имзо намуданд. Парокандагӣ дар Британия ва аъзогии нав-дар як рӯз ба вуқӯъ пайваст. Давомаш пурратар дар бораи ин ду ҳодиса хоҳад буд, изҳор дошт ба РИА Новости сиёсатмадор Дмитрий Косирев.

Ин ҷо майдони бозӣ нест

Қайд менамоем, ки дар сатҳи расмӣ шумораи кишварҳои аъзои СҲШ зиёд нашудааст ва ба парчамҳои афрохтаи аъзоёни ин созмон байрақҳои Ҳиндустон ва Покистон зам нашудаанд.

Қарори қатъӣ дар бораи вуруди онҳо ҳанӯз соли гузашта дар Уфа қабул гардида буд, имсол бошад: сарони шаш кишвар дар бораи уҳдадориҳои Ҳиндустону Покистон ёддошт, (ки барои ҳамаи аъзоҳои СҲШ ягона мебошад)  ба имзо расонданд.

Президенти Русия Владимир Путин дар хулосаи ҷаласа иброз дошт, "Шумо шоҳиди он будед, ки мо ба маросими ворид намудани боз ду кишвари бузург Ҳиндустон ва Покистон наздик шудем. Ва аз соли оянда онҳо аъзои комилҳуқуқи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай хоҳанд шуд. Албатта бо дохилшавии онҳо созмон пуриқтидортар мегардад. Дар бастагӣ бо ин метавонем бигӯем, ки ҷаласа бомуваффаққият анҷом ёфт". Баъд ӯ ба саволҳо дар бораи Британияи Кабир ва Иттиҳоди Аврупо посух дод.

Чуноне мебинем, ин ҷо бароямон майдони бозӣ нест, "АвруОсиё-Иттиҳоди Аврупо яку нол". СҲШ на барои муқовимат ва тарғибот ташкил шудаст.

Дар баробари ин ворид намудани покистониҳо ва ҳиндуҳо ба узвияти СҲШ дар соҳаҳои гуногун сурат мегирад ва дар бастагӣ бо ин ҳоло наздики 30 ҳуҷҷат имзо нашудаанд. Ин маросими дурудароз буда, дар баъзе мавридҳо гуфтушунид бо вазоратҳо ва овоздиҳии парлумони кишварҳоро талаб мекунад.

Хатогиҳои дигаронро такрор накунем

Ёдовар мешавем, ки СҲШ-на иттиҳод ва на алянс аст, чунки ҳамаи аъзоҳои ин созмон дар он назаранд, ки вақти иттиҳодияҳо гузаштааст (ва Иттиҳоди Аврупо ва НАТО инро тасдиқ мекунанд). Бо вуҷуди тақвият бахшидани соҳаи амнияти ҳамаи кишварҳо ва тайёр намудани ҳуҷҷатҳо дар ин самт бидуни тағйироти низомҳои дохилӣ ҷолиб хоҳад буд. Вале ин масъала метавонад бо моро бо хатари бузург аз ҷониби қувваҳои террористию экстремистии Афғонистон рӯ бу рӯ намояд.

Вале агар ин иттиҳод набошад, пас чист? Шояд кӯшиши барқарор намудани муколамаи намуди нав миёни кишварҳое, ки дар як минтақа ҷойгир буда, дар баробари ин бо хусусиятиҳои зиёд аз ҳам фарқ мекунанд ва намехоҳанд дар дохили чаҳорчуба бошанд.

Ин кӯшиши ғарбро тарсондан аст? Не, танҳо кӯшиши такрор накардани хатогиҳояш, махсусан он чизе, ки имрӯз дар рӯзи истиқлолияти Британия ба вуқӯъ пайваст. Танҳо кӯшиш, ҳеч кас нагуфтааст, ки ин муваффақияти холӣ аст.

Қайд менамоем, ки сухан дар бораи "минтақаи озод" меравад-яъне ҳеч кас ба кишварҳои аъзо вуруд шудан ба дигар созмонҳоро манъ накардааст. Ин комилан тарзи ғарбӣ нест ва аксар вақт фаъолияти созмонро ба ақиб мекашад. Вале бо роҳи дигар корро пеш бурдан ғайриимкон аст.

Масъалаи дигар, санадест, ки зери он Ҳиндустон ва Покистон имзо гузоштанд. Ин санад талаб менамод, ки кишварҳои аъзои СҲШ набояд  муқобили ҳамдигар бошанд. Вале муносибатҳои аксари давлатҳо ҳамоно пинҳонӣ боқӣ мемонад. Дигараш ин ки СҲШ майдони гуфтушунидро барои ҳамаи аъзоҳояш муҳайё менамояд ва онҳо метавонанд ҳама гуна масъалаҳоро бо гуфтушунид ҳал намоянд.

Ба рӯйхати кишварҳое, ки аъзои СҲШ ҳастанд бингаред. 18 давлат. То соли оянда кишварҳои зерин ба ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои СҲШ ба Остона меоянд-Чин ва Ҳиндустон, Русия ва Қазоқистон, Покистон, Узбакистон, Тоҷикистон бо кишварҳои нозирон ва намояндагони кишварҳое, ки каму беш низоми ҳамгироиро мушоҳида менамоянд.  Инҳо кишварҳои бисер ҳам мухталифанд, забон, фарҳанг, дин ва ғайраҳо.

Кившарҳои Аврупо низ дар авоили ҳамгироӣ ҳамин гуна мухталиф буданд. Онҳо бо роҳи танг кардани соҳибихтиёрии ҳамдигарро пеш гирифтанд. Чуноне мебинем онҳо хато карданд. Вале ин маънои онро надорад, ки ҳамгироии мо дурусту аниқ аст, ин ҳамгироӣ ҳам бо мушкилот пеш рафта истодааст. Ба гуфти президенти Узбакистон Ислом Каримов (мизбонони ҷаласаи сипаришуда) омодагӣ ба ҷаласаи имсола вазнин буд.

"Формулаи СҲШ"  айни ҳол хеле оддӣ аст. Пешгирии муноқишаҳои низомӣ-сиёсӣ дар минтақа ва сохтани инфрасохтор (роҳҳо, марказҳои логистикӣ, заминаҳои иттилоотӣ ва қонунгузорӣ), ки ҳамаи кишварҳоро дар як минтақа бо ҳам мепайвандад.

Гуфтанист, ки ҳамин гуна инфрасохтор ба фарҳанг ва маориф низ тааллуқ дорад. Яъне муҳити ягонаи гуманитарии АвруОсиё сохта мешавад. Ин раванд дар баробари  бузург буданаш ҷовидонӣ хоҳад буд.

Фаромӯш намесозем, ки СҲШ-ин на ҳамаи муносибатҳои масалан байни Русияю Ҳиндустон ё Чину Русия, балки танҳо равандест, ки ба аз нав сохтани минтақаи ягонаи Осиёи Марказӣ рабт дорад. Яъне танҳо лоиҳаи минтақавӣ. Мо метавонем, чун чиниҳо, бигӯем, ки имрӯзҳо  намунаи замони қадим барқарор шуда истодааст, дар марказ- Роҳи бузурги Абрешим қарор дошта, аз Чин то Аврупо давом мекунад, вале ҳамаи мо медонем, ки дар ҳақиқат сухан дар бораи сохтани оянда меравад, на баргашт ба асрҳои гузашта.

84
Барчаспҳо:
ҳамгироӣ, СҲШ, АвруОсиё
Мавзуҳо:
Шӯрои кории Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодиро тақвият мебахшад (13)

"Коронавирус ҳеҷ куҷо намеравад": Мясников роҳи пирӯзӣ ба COVID-19-ро нишон дод

848
(Таҷдидшуда 15:10 14.02.2021)
Пизишк ва ровии номии рус доктор Александр Мясников гуфт, ки сокинони сайёраро пас аз пандемияи коронавирус чӣ интизор аст

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Пизишк ва ровии телевизион Александр Мясников дар саҳифаи Телеграмаш тавзеҳ додааст, ки коронавирус кай ақиб мезанад.

Ӯ таъкид кард, ки намудҳои нави коронавирус аз нафаре ба нафари дигаре хело зуд паҳн мегузарад дар ҳамин ҳол фисади марг зиёд нест.

Барои нафароне, ки эм шудаанд ва ё бемориро аз сар гузаронидаву антитела доранд, бо душмани нав дучор мешаванд.
Пизишк таъкид кард, ки ваксин имконияти мубориза бурдан бо намудҳои нави коронавирусро дорад.

Ба гуфтаи Мясников, ба буридани занҷираи паҳншавии намудҳои нави коронавирусро метавон танҳо ба воситаи эмкунии умумӣ ва комил кардани ваксина ноил шуд.

"Бояд дарк кард, ки намуди нави коронавирус аз замини мо ҳеҷ куҷо намеравад,  балки "кӯҳна" мешавад ва дар феҳрасти дарози вирусҳо, мисли зуком, ҷой мегирад", - таъкид кард коршинос.

Мясников дар охир афзудааст, ки одамон маҷбуранд бо  COVID-19 дар оянда низ якҷо зиндагӣ кунанд ва эмкунӣ аз он мавсимӣ мешавад. Ӯ ҳамчунин пешбинӣ мекунад, дар оянда шояд ваксинаи коронавирус ва зуком якҷо таҳия корда шавад.

848

Турсунбоева: донишгоҳи муштарак ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон чӣ медиҳад?

272
(Таҷдидшуда 12:10 12.02.2021)
Саодат Турсунбоева, раиси Раёсати Бунёди байналмилалии ҷамъиятии занон "SHARQ AYOLI -" Зани Шарқ", дар бораи дурнамои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи фаъолияти муштараки таълимӣ гуфт

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Донишгоҳи нави муштараки Тоҷикистону Узбекистон дар заминаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд сохта мешавад. Ин пешниҳод аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон шудааст.

Дар тӯли 4 соли охир дар Осиёи Марказӣ принсипҳои ҳамсоягии нек ва дӯстии тарафайн баланд мешаванд, таъкид кардааст роҳбари раёсат.

"10 ноябри соли 2017 президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар як конфронси байналмилалӣ дар Самарқанд дар мавзӯи" Осиёи Марказӣ: Як гузашта ва ояндаи муштарак" қайд кард, ки заминаи мустаҳкам ва кафили шукуфоии мо хоҳиши ҳамкорӣ ва масъулияти ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ояндаи муштарак хоҳад буд", - афзудааст Турсунбоева дар мусоҳиба бо Sputnik Ӯзбакистон.

Ба қавли ӯ, барои ташкили як донишгоҳи муштарак аввал зарур буд, ки қонунгузорӣ ва ҳама санадҳои меъёрӣ ба як махфияти умумӣ оварда шаванд.

Аввалин созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва илм 9 марти соли 2018 ҳангоми сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расид, гуфт вай.

Мирзиёев: "Фирори мағзҳо" вуҷуд дорад. Донишгоҳе назири Оксфорд месозем

"Ҳоло як платформаи ягона таҳия шудааст, ки ҷонибҳо метавонанд дар соҳаҳои гуногуни таълим якҷоя ҳамкорӣ кунанд" , - таъкид намуд Турсунбоева.

Таъсиси ҳамкориҳои мустақими байни муассисаҳои таълимии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, мубодилаи ҳайати омӯзгорон, аспирантҳо, довталабон, донишҷӯён, инчунин иштироки донишҷӯёни ду кишвар дар фаъолияти илмӣ ва таълимӣ, конфронсҳои муштарак оғоз меёбад.

 

Пешниҳоде, ки Донишгоҳи давлатии Узбакистон кардааст, ниёз ба чунин мутахассисонро нишон медиҳад.

272
Барчаспҳо:
донишгоҳ, Тоҷикистон, Ӯзбекистон
Конкурс Чакомаи Гесу в Худжанде

Мӯдарозтарин духтари Душанберо муайян карданд

0
(Таҷдидшуда 21:07 24.02.2021)
Дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" ҷамъбаст гардид ва ғолибони озмун - духтарони муйдарози пойтахт муайян шуданд

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр "Чакомаи гесӯ" баргузор гардид.

Дар оғози фестивал намоишгоҳи маҳсулоти ороишии  ҳунармандон, анвои гуногуни ороиши миллии занонаи аз ҷиҳати экологӣ фоидаовар ва лавозимоти марбут ба парваришу ороиши мӯйю рӯй  ба маъраз гузошта шуд.

Дар фестивал инчунин ашъори баланпоя ва суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ оид ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесӯ, сарулибос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳбини рӯйю мӯй ва муҳофизати пӯсти дасту рӯй тарғибу ташвиқ гардид.

Дар фестивали мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, ғолибони даври ноҳиявии фестивал аз ноҳияҳои пойтахт ва сокинони шаҳр  иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки давоми се соли охир фестивали мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми қаламрави мамлакат доир  мегардад.

Рустам Эмомалӣ қарор кард: дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" баргузор шавад

Дар фарҷоми Фестивал ғолибони бахшҳои он ва иштирокчиёни фаъол бо диплому сипоснома ва ҷоизаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

0