Навхонадорон. Акс аз бойгонӣ

Табиб: нақшаи оиладорӣ Тоҷикистонро аз никоҳи хешу таборӣ наҷот медиҳад

401
(Таҷдидшуда 19:24 29.07.2016)
Ҳукумати кишварро мебояд барномаи махсус дар бораи оқибатҳои никоҳи хешу таборӣ омода намуда, мардумро аз он огоҳ созанд. Нақшаи оиладорӣ низ набояд фаромӯш шавад.

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik.  Моҳи январи соли 2016 ба кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо дохил карда шуд, ки мувофиқи он никоҳи хешу таборӣ дар мамлакат манъ гардид.

Расман  хонадор шудан бо хешу табори наздик дар Тоҷикистон аз 1 июли соли равон манъ карда шуд. Дар давоми нимсолаи аввал дар Тоҷикистон 393 никоҳи хешу таборӣ сабт шудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади кам кардани шумораи кӯдакони маъюб дар ҷумҳурӣ, ки аслан дар натиҷаи никоҳи хешу таборӣ ба дунё меоянд, аз ҷониби ҳукумати кишвар қабул гардидааст.

Барои решакан кардани никоҳи хешу таборӣ бояд чи кор кард?

Sputnik  Тоҷикистон дар ин бобат бо момодоя, мутахассис, табиб ва профессори шӯъбаи момодоягии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия Олга Пустотина сӯҳбат кард.

Ба қавли ӯ сабаби никоҳи хешу таборӣ натанҳо анъанаҳои ҷойдошта ва мушкилоти молиявии баъзе аз оилаҳост, балки зиндагӣ дар қишлоқҷойҳои дур ки интихоби ҳамсарро душвор мекунад низ буда метавонад.

Ва дар охир ҳастанд нафароне, ки аз оқибати никоҳи хешу таборӣ огоҳӣ надоранд, илова кард профессор.

"Бояд ин масъаларо ҳамаҷониба ҳал кард. Натанҳо манъ намудани никоҳи хешутаборӣ, балки барои ба мардум фаҳмонида додани оқибатҳои он бояд барномаи махсуси ҳукумактӣ омода шавад. Дар бораи нақшаи хонадоршавӣ низ набояд фаромӯш шавад",-мегӯяд табиб.

Ба фикри ӯ кам кардани таваллуднокӣ, масалан аз 10-12 фарзанд ба 5-6 нафар ба кам шудани фавти модар ва кӯдак кумак мекунад.

Илова бар ин чунин роҳ метавонад, ба давомнокии умри занон таъсири мусбат расонида, хатари гирфтор шудан ба касалиҳои сироятиро аз байн барад.

"Аксар маврид занони Тоҷикистон баъди ҳомиладорӣ хуб барқарор нашуда, бе омодагии ҷисмонӣ такроран фарзанд таваллуд мекунанд.  Дар бастагӣ бо ин таваллуди барвақтӣ дар ҷумҳурӣ хеле зиёд ба назар мерасад",-илова намуд Пустотина.

Тағйиру иловаҳо ба кодекси оила аз моҳи июни соли 2016 фаъол шуданд. Ҳамин тавр никоҳ миёни хоҳару бародари амак, тағо, хола ва амма дар ҷумурӣ мувофиқи қонун манъ карда шуданд.

401
Барчаспҳо:
никоҳи хешутаборӣ, Доиншгоҳи дӯстии халқҳои Русия, Олга Пустотина, Тоҷикистон