Андрей Грозин. Акс аз бойгонӣ

Грозин: Мирзиёев наметавонад мушкилиҳои байни Ӯзбакистон ва Тоҷикистонро ҳал намояд

224
(Таҷдидшуда 18:09 12.09.2016)
Сиёсатшинос Андрей Грозин мегӯяд, ки бо ба сари ҳукумат омадани Мирзиёев муносибати Душанбе ва Тошканд, ки дар давоми соҳибихтиёрии кишварҳо суръат гирифтааст, ба зуддӣ беҳтар нахоҳад шуд. Муносибатҳо шояд пас аз даҳ сол дигар шаванд.

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik, Мария Шелудякова. Бо ба сари ҳукумат омадани Шавкат Мирзиёев муносибати Ӯзбакистон бо Тоҷикистон ва дар умум бо тамоми Осиёи Марказӣ беҳтар нахоҳад шуд, гуфт ба Sputnik сардори шӯъбаи Осиёи Миёна ва Қазоқистони Донишкадаи кишварҳои ИДМ Андрей Грозин.

Пас аз пошхӯрии ИҶШС ду ҳамсоякишварро муносибатҳои мураккаб фаро гирифтаанд. Қариб, ки аз солҳои 1992 инҷониб байни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон муносибати беҳтареро дидан ғайриимкон аст. Аз соли 2001-ум сар карда, аввал Ӯзбакистон ва пасон Тоҷикистон ба ҳамдигар низоми раводидӣ ҷорӣ намуданд. Ғайр аз ин Тошканд дар сохтмнои НБО Роғун муқовимат нишон медиҳад ва мегӯяд, ки сохтмони он бо коҳиш ёфтани тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии қишлоқи минтақа ба анҷом мерасад.

Мушкилиҳо дар муносибати Ӯзбакистон ва Тоҷикистон, ки пеш аз ҳама ба истифодаи об, нишонагузорӣ  намудани аниқи сарҳад, зиёд шудани захираҳои меҳнатӣ марбут аст, на танҳо аз рӯзи гузашта пайдо шудааст- онҳо тамоми солҳои рушди соҳибихтиёрии ин ду кишвар мавҷуд буданд.

Коршинос қайд намуд, ки "масъалаҳои ӯбзакӣ ва тоҷикӣ" метавонанд ба муддати на камтар аз даҳ сол роҳи ҳалли хешро ёбанд. Ба гуфтаи вай барои ҳал шудани мушкилиҳо бояд ҳар ду тараф ҳам хоҳиши ба ҳамдигар гузашт карданро дошта бошанд: "Барои ин ҳар ду ҷониб лозиманд. Инҷо пеш аз ҳама бояд мавқеи Ӯзбакистонро ба назар гирифт".

"Маълум аст, ки барои ҳал намудани ин мушкилиҳо ҳамон  мӯҳлате лозим аст, ки дар муддати он масъалаи мавсуф ба вуҷуд омада буданд. Ҳангоми  таври оптималӣ рушд ёфтани муносибатҳо ва розӣ будани тарафайн ин мушкилиҳо шояд пас аз даҳ сол роҳи ҳалли худро ёбанд",- гуфт Андрей Грозин.

Бархе аз коршиносон пешгӯйи намуданд, ки ин мушкилиҳо ба зуддӣ роҳи ҳалли худро хоҳад ёфт. Онҳо чунин вазъиятро бо мавҷуд будани баъзе маълумотҳо дар барои зодгоҳи номзади асосии президентии Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев медонанд. Аммо мувофиқи маълумотҳои расмӣ Шавкат Мирзиёев маҳз дар Ҷиззах ба дунё омадасст, барои ҳамин аз ин ҷиҳат беҳтар шудани муносибатҳоро на шояд интизорӣ кашид.

"Дар табақаи болоии ӯзбекӣ ва дар сатҳи тафаккури омма дар бораи сирф ӯзбак набудани ин ё он роҳбар якчанд ақидаҳо паҳн мешаванд. Ин ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна ҳам дахолат дорад,- мефаҳмонад сиёсатшинос.- Агар ҳатто онҳо бо ҳудуди тоҷикӣ робита дошта бошанд ҳам, худи онҳо ин маълумотро инкор мекнуанд".

Грозин хотиррасон намуд, ки чунин овозаҳо нисбат ба президенти аввалини Ӯзбакистон Ислом Каримов ҳам паҳн гардида буданд. Дар Осиёи Марказӣ чунин овоза ва ақидаҳо қариб нисбати ҳамаи намояндагони ҳукумат паҳн карда мешаванд: "Сиёсатмадорон ё пурра қирғиз нестанд, ё тоҷики тоза нестанд ва ё ӯзбак…".

"Ин каҷтасвирии шуури омма мебошад. Он даҳ сол пеш ҳам вуҷуд дошт, дар даврони шуравӣ ҳам буд. Нуқтаҳои субъективӣ- кӣ дар куҷо таваллуд шудааст, кӣ ба кадом гурӯҳи нажодӣ дохил мешавад- ба рафти сиёсати умумии ин ё он кишвар дахолат намекунад.  Ҳарчанд, агар ин овозаҳо рост бошанд ҳам, ин далелҳо дар сатҳи муносибатҳои сиёсии ду давлутҳо таъсир расонида наметавонанд",- мӯътақид аст  коршинос.

Мирзиёв дар маҷлиси ҳар ду палатаи парлумон   санаи 8-уми сентябр  иҷрокунандаи муваққатии президенти ҷумҳурии Ӯзбакистон  тасдиқ гардидааст.

Мувофиқи сарқонуни кишвар, ҳангоми ӯҳдадориҳои худро иҷро карда натавонистани президенти кишвар, вазифа ва ӯҳдадориҳои вай ба зиммаи раиси палатаи болоӣ гузошта мешавад. Аммо, чуноне ки намояндаи парлумон мегӯяд, роҳбари вакилон(сенатҳо) Юлдошев аз ин вазифа даст кашидааст.

Президенти аввалини кишвари Ӯзбакистон Ислом Каримов санаи 2-юми сентябр дар синни 78-солагӣ дар натиҷаи бемории сакатаи майнаи сар аз олам чашм пӯшид. Вай дар зодгоҳи хеш, тибқи оинҳои мусалмонӣ ба хок супорида шуд.

224
Барчаспҳо:
Шавкат Мирзиёев, Ӯзбакистон
Мавзуҳо:
Узбакистон бидуни Ислом Каримов (18)
Мавзуъ
Интихоби президентӣ дар Ӯзбакистон санаи 4-уми декабр баргузор мегардад
Холод Леонид доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия РФ

Коршинос гуфт, ки чигуна устувории хоҷагии қишлоқ дар Тоҷикистон ба иқтисод таъсир мекунад

56
(Таҷдидшуда 18:37 01.08.2020)
Леонид Холод, коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисод, муовини вазири хоҷагии қишлоқ ва озуқаи Русия тавзеҳ дод, ки оё дар Тоҷикистон рушди содирот ба бозори дохилӣ таъсири манфӣ мерасонад ё не

Кӣ ба чунин натиҷа ноил шуд - табиат ё одамон бо кӯшиши худ ва истифодаи агротехнодогия, саволест, ки вақт металабад, таъкид мекунад, Леонид Холод, коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисод, муовини вазири хоҷагии қишлоқ ва озуқаи Русия ба Sputnik Тоҷикистон.

Холод рассказал, как укрепление сельхозсферы влияет на экономику Таджикистана

"Рушди 8 дар садии соҳаи аграрӣ натиҷаи хуб аст. Ин дастоварди муваққатӣ нест", - афзуд коршинос.
Холод гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳосилро пештар аз Русия мебардоранд, ин аз он шаҳодат медиҳад ки омор аз натиҷаҳои бадастомада аст.

"Содирот чизи хуб аст, агар нархҳои дохилиро набардорад, молро дар худи дохили кишвар кам накунад,", - таъкид кард коршинос.

Хоҷагии қишлоқ яке аз соҳаҳои бузурги Тоҷикистон аст, ки рушди нишондодҳои он боиси мустаҳкам шудани пули миллӣ ва рушди иқтисоди кишвар мешавад.

56
Генеральный директор авиакомпании Таджик Эйр Дилшод Исматуллозода

Рӯзҳои сахти "Тоҷикэйр": қарз аз маош ва рухсатии бемузди кормандон

709
Ширкати ҳавонавардии "Тоҷикэйр" ҳудуди 90% дарсади кормандонашро дар пайи қатъи парвозҳо ба рухсатии бемузд фиристодааст

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дилшод Исматуллозода, директори кулли ширкати "Тоҷикэйр", ки дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, дар шарҳи ин матлаб гуфт, моҳи март вақте парвозҳо қатъ карда шуданд, ҳамчунин зарурат – ба рухсатии бемузд фиристодани 80 – 90% кормандони ширкат пеш омадааст.

"Аммо замоне, ки парвозҳои чартерӣ шурӯъ шуданд, мо аксарияти онҳоро дигарбора ба кор ҷалб намудем. Аз моҳи август вақте парвозҳои мунтазам сар шаванд, ҳамаи коргаронамон сари кор хоҳанд буд", - гуфт Дилшод Исматуллозода.

"Тоҷикэйр" аз соли гузашта ба ин сӯ бо мушкили молӣ мувоҷеҳ шудааст. 4 январи соли 2019 ин ширкат муваққатан парвозҳояшро қатъ карда, аз 2 сентябри ҳамон сол онҳоро дубора аз сар гирифт.

Аммо қатъи дубораи парвозҳои байнулмилалӣ дар моҳи марти соли равон дар пайи густариши "вируси корона" дар ҷаҳон ширкатро дигарбора ба мушкил мувоҷеҳ сохт.

Ширкати “Тоҷик Эйр” парвозҳояшро ба Деҳлӣ барқарор мекунад

Директори кулли ширкат мегӯяд, ҳолати бефаъолиятӣ ширкатро ба қарз афканд, аз ҷумла бештар аз 12 миллион сомонӣ аз музди меҳнат пеши кормандонаш бидеҳкор шуд.

"Пас аз шурӯъи дигарбораи кор мо тавонистем 4 миллион сомонӣ қарзи пештара аз ҳисоби музди меҳнати кормандон ва ҳам 8 миллиону 200 ҳазор сомонии дигар маош пардохт кунем. Умедворем, ки пас аз барқарор шудани парвозҳо ҳармоҳа маоши кормандонро мепардозем ва парвозҳои мунтазам имкон медиҳанд, ки қарзҳои пешинаро низ адо кунем", - гуфт ӯ.

"Тоҷикэйр" як ширкати давлатии ҳавонавардии Тоҷикистон буда, тибқи иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, дар парки худ як ҳавопаймои коршоями "Боинг 757 – 200" ва як ҳавопаймои "Ан – 28" дорад ва бақия ҳавопаймову чархболҳои ширкат дар таъмир мебошанд.

709
Барчаспҳо:
кормандон, маош, қарз, Тоҷик Эйр
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

Гулназар Келдӣ зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ гузаронда шуд

0
(Таҷдидшуда 17:14 12.08.2020)
Вазъи саломатии Гулназар Келдӣ, шоири шинохтаи тоҷик, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон бадтар шудааст

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Табибон дар пайи бадтар шудани вазъи Гулназар Келдӣ, ӯро ба дастоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст кардаанд, иттилоъ дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

"Гулназар Келдӣ худро бадтар эҳсос кард ва табибон тасмими гирифтанд, ки ӯро зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ гузаронанд”, - изҳор дошт манбаъ.

Ахиран шоири халқӣ ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон бо гумони ибтило ба “вируси корона” ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” интиқол ёфта буд.

Худи шоир 11 август ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як рӯзи қабл дарди ногуворе саропои вуҷудашро ларзонд ва наздиконаш салоҳ донистанд, ки ӯро ба шифохона интиқол диҳанд.

“Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфт шоири халқии Тоҷикистон.

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 таваллуд шуда, ба номи худ Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994), Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи М. Турсунзода, Шоири халқии Тоҷикистон (1995) – ро сабт кардааст. Муаллифи матни Cуруди миллии Тоҷикистон мебошад. "Расми сарбозӣ" - нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ соли 1969 чоп шудааст.

"Дастархон" (1972), "Нордбон" (1975), "Ағба" (1978), "Паҳно" (1981), "Лангар" (1983), "Пайи дарё" (1985), "Чашми нигин" (1988), "Табхола" (1992 г.), “Туву хубиву раъноӣ” маҳсули фаъолияти беш аз нимасраи ӯ мебошанд. Маҷмӯаҳои вай ба забони русӣ бо номи "Звезда Улугбека" (1981) ва "Безымянный родник" (1986) дар нашриёти "Советский писатель" – и Русия ва "Тень тутовника" (1989) дар Душанбе чоп шудаанд. Осори ӯ дар Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳо низ ба нашр расидаанд.

0