Котиби Шӯрои амнияти ФР Николай Патрушов. Акс аз бойгонӣ

Патрушов: платсдармҳои террористони афғон ба Русия ва ОМ таҳдид мекунад

27
(Таҷдидшуда 13:30 01.11.2016)
Якҷоя бо толибони афғон дар кишвар толибони Покистон, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва ҳамчунин гӯрӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи ДИ ва Алқоида низ амал мекунанд, қайд намуд котиби Шӯрои анияти ФР Николай Патрушов

ДУШАНБЕ, 1 ноя — Sputnik. Платсдармҳои террористон дар шимоли Афғонистон ба Русия ва кишварҳои Осиёи марказӣ таҳдид мекунанд, мегӯяд котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Николай Патрушов.

"Дар Афғонистон мавқеи террористон қавитар мегардад ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зиёд мешавад, ки барои террористон яке аз манбаҳои асосии маблағгузорӣ ба шумор меравад",- нақл намуд ба РИА Новости Патрушов.

Якҷоя бо толибони афғон дар кишвар толибони Покистон, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва ҳамчунин гӯрӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи ДИ ва Алқоида низ амал мекунанд, қайд намуд вай.

"Дар музофотҳои шимолӣ ифродгаронён ба худ платсдармҳо бунёд намудаанд, ки он ба Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад",- гуфт Патрушов.

27
Барчаспҳо:
Толибони Афғонистон, Таҳдид, Шӯрои амнияти ФР, Николай Патрушев, Русия