Мактаббачагони мактаби рақами 16-и шаҳри Душанбе

Барои чӣ забони русӣ ба хонандагони тоҷик дастнорас мешавад

205
(Таҷдидшуда 17:50 11.01.2017)
Вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саид шикоят мекунад, ки то ҳол бо кишвар омӯзгор намерасад. Махсусан дар мактабҳо норасоии мутуахасисони забони русӣ ба назар мерасад, ки дар муасисиҳаи таҳсилотии кишвар талабот ба омузгорони ин фан калон аст

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik, Рубен Гарсия. Вазири маориф мегӯяд, ки дар тамоми мактабҳои ҷумҳурӣ 314 муаллим намерасад, аммо вазъияти норасоии кадрҳо нисбат ба соли гузашта дар умум рӯ ба беҳбудӣ овардааст, зеро дар соли 2015 ҷаноби Нуриддини Саид гуфта буд, ки ба 352 муаллим ниёз доранд.

Махсусан дар мактабҳои муаллимони забони русӣ намерасанд, то ин забонро ба таври амиқ ба хонандагон омӯзонанд. Зеро волидони хонандандагон ба забономӯзӣ аҳамияти махсус медиҳанд.

Коршиносони Sputnik Тоҷикистон дар бораи норасои мутахассисон дар мактабҳои русӣ ва то кадом дараҷа маъмул будани ин мушкилӣ дар Тоҷикистон сӯҳбат карданд.

"Мутахассисоне, ки маълумоти олӣ гирифтаанд ва донандаи хуби забони русӣ мебошад, аз кишвар бо сабаби наёфтани кори мусоид ва маоши хуб меравад"-, мегӯяд раиси фарҳангии Тоҷикистон дар Русия  Хуршеда Ҳамроқулова.

Ба гуфтаи вай ҳатто ба он нигоҳ накарда, ки муассисаҳои таҳсилоти олии педагогӣ дар Тоҷикистон мунтазам фаъолияти худро давом медиҳанд ва хатмкунандагони ин муассисаҳо кам намешаванд, муҳоҷирати глобалӣ ҳамаи онҳоро ба коми худ мекашад, ки маҷбур дар давлати дигар кор мекобанд.

Ғайр аз ин русҳо дар Тоҷикистон то рафт кам мешавад, ки ин ҳам метавонад дар сифати таълим, махсусан дар мактабҳои русӣ таъсири худро расонад.

"Киро метавона муаллими хуби забон гуфт? Ин нафаре шуда метавонад, ки худ дар давоми солиёни зиёд бо ин забон сару кор дошта бошад.  Ана, ду сол пеш дар Тоҷикистон семинари муаллимон баргузор гардид ва ман як чизро фаҳмидам- муаллими забони русӣ асосан тоҷикон буданд, муаллимони рус танҳо якчанд нафарро ташкил мекарданд. Дар ҳамон ҷо намояндагони салоҳиятдори Вазорати моариф изҳор доштанд, ки ба кишвар муаллими забони  русӣ намерасад",- қайд кард Хуршеда Ҳамроқулова дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Дар куҷо метавон забони русиро омӯхт?

Дар ҳақиқат худи ҳамон сол- 2015 Нуриддин Саид гуфта буд, ки дар мактабҳои русӣ мутахассис намерасад. Мувофиқи маълумоти идора ҳамон сол мактабҳои русӣ ба 333 муаллим ниёз доштанд.

Дар масъалаи китобҳои дарсӣ ба гуфтаи вазир "мувофиқи созишнома ҷониби Русия бояд барои тарҷумаи маводҳои дарсӣ аз забони тоҷикӣ ба русӣ ва нашри онҳо маблағгузорӣ кунад".

Вай илова намуд, ки дар кишвар ҳамасола 5 ҳазор мутахасси тайёр мекунанд ва бисёре аз хатмкунандагони мактабҳои олӣ бо ихтисоси худ кор намекунанд.

Шояд маҳз ҳамин сабаб шавад, ки бо вуҷуди  тайёр кардани  мутахассисон мактабҳо то ҳол ба муаллими забони русӣ ниёз доранд.

"Ҳам муаллимон ва ҳам волидон мегӯянд, ки норасоии муаллимони забонӣ русӣ хело ҷиддӣ ҳис карда мешавад, махсусн дар ноҳияҳои дурдаст ва қишлоқҳои кӯҳистон. Дар мактабҳои шаҳрҳоии калон албатта нарасоии муаллимон камтар ба назар мерасад. Дар натиҷа мактабҳо маҳкам мешаванд ва ин мушкилӣ ҳангоми имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактаби мо ҳис карда мешавад- ҷой барои талабагон намерасад ва дар ҳар як синф 40 талабагӣ мехонанд. Ҳар нафаре, ки натавонист дар мактаби худ таҳсилро давом диҳад мехоҳад, ба мактаби мо меояд",- мегӯяд Светлана Пирова директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии назди Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон.

Мувофиқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон  дар мактабҳои русӣ 60 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд,  дар ҷумҳурӣ 30 мактаби русӣ ва 156 мактаби русиву тоҷикӣ мавҷуд аст.

Ба он нигоҳ накарда, ки дар мактабҳои русӣ муаллимон ва китобҳои дарсӣ намерасанд, хоҳишмандони таҳсил дар ин гуна мактабҳо кам намешаванд. Бисёре аз волидоне, ки фарзандони худро ба ин гуна мактабҳо медиҳанд, бар онанд, ки сифтаи таълим дар мактабҳои русӣ беҳтар аст.

Шояд волидон фикр кунанд, ки муаллимон дар мактабҳои русӣ серталабтаранд ва сатҳи таълим беҳтар аст.

Бо баробари ин бархеҳо дар Тоҷикистон бар онанд, ки забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ дар кишвар қимматашро гум кардааст.

Ҳамин тавр, худи президент Эмомалӣ Раҳмон низ соли 2013 дар вақти сафари хеш ба Маскав аз ҷониби Русия хоҳиш намуда буд, ки ба ҷумҳурӣ мутахассисони забони русӣ равон кунанд.

Ин масъала дар вақти сафари раиси Шурои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко низ дар моҳи октабри соли гузашта боло бардошта шуд.

205
Барчаспҳо:
норасоии мутахассис, забони русӣ, мактабҳои миёна, Хуршеда Ҳамроқулова, Тоҷикистон
Производство вакцины от COVID-19

То чӣ андоза ваксина хатарнок аст: ИМА посух талаб дорад, Урупо фоида ҳисоб мекунад

333
(Таҷдидшуда 15:54 30.09.2020)
Мушкилоти ваксинаи AstraZeneca, ки аз ҷониби ширкати формакологии Бритониё ва Шветсия дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Оксфорд таҳия шудааст, бештар шуд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik, Ирина Алкснис. ИМА натанҳо озмоишҳои ҳафтае пеш қатъ кардаашро аз сар нагирифт, балки расонаҳои пеши ин кишвар бештар аз бехатарии ваксина суолгузорӣ мекунанд. Баландтар аз ҳама Си-эн-эн овоз баровард.

Чуноне малум аст, озмоиши клиникии AstraZeneca-ро ду маротиба мавқуф гузоштанд - моҳи июл ва сентябр: дар бадани ду нафар аз ихтиёриён нишонаҳои ғайриодии бемориҳои асаб пайдо шуд. Алоқамандии ҳарду маворид ба эмкунӣ рабт дода нашуд ва дар бархе аз давлатҳо аз ҷумла дар Бритониё озмоиши ваксина идома кард.

Вале олимон ва коршиносони соҳаи тандурустии ИМА кунҷковтар будаанд ва дар гузориш дар бораи таъсири манфии ваксина ихтилоф пайдо карданд.

Қазияи моҳи июли AstraZeneca, ҳодисаи қаблан ташхис нашудаи склеросро тасдиқ кард. Аммо дар торномаи Донишгоҳи Оксфорд онро чун "нишонаҳои номаълуми бемории асаб" таъриф кардаанд.

Дар робита ба қазияи моҳи сентябр ширкат ошкоро изҳор дошт, ки дар бадани як зани ихтиёрӣ "бемории номаълум" мушоҳида шуд. Вале, дар дохили ҳуҷҷат ин ҳолат чун миелет (бемории камёби асаб), шарҳ дода шудааст.

Дар натиҷаи чунин ихтилофот, амрикоиҳо саволи мантиқӣ мегузоранд. AstraZeneca аллакай дар бораи шаффофияти кори худ оид ба таҳияи ваксина шикоятҳои ҷиддӣ шунидааст ва баҳсҳое, ки ҳоло ба миён омадаанд, танҳо эътимоднокии дору ва бехатарии онро бештар зери суол мебарад.

Зиёда аз ин, масъалаи бемории ихтиёриён ҳамоно беҷавоб боқӣ мемонад. Чуноне яке аз профессорҳои амрикоӣ мегӯяд: ҳамин, ки ҳарду беморӣ ба асаб сару кор доранд, "изтиробовар" аст.

Шояд бахти AstraZeneca омад накард ва ин дар воқеъ як тасодуфи холӣ аст, ки ба таҳияи ваксина ҳеҷ иртиботе надорад. Аммо ақли солим ҳадди аққал равшан кардани ин нуктаро талаб мекунад - ва бояд ба мақомоти зиддахли амрикоиҳо арҷгузорӣ кард, ки чашмашонро напӯшониданд ва озмоиши ваксинаро дар манотиқи худ қатъ карданд.

Ин ҷо бештар мавқеъи ҳамкорони урупоияшон ҳайратовар аст, ки ҳамаи инро нодида гирифтаву ба озмоиш идома доданд.

Аммо, оромии мақомоти Иттиҳоди Урупо ва худи ширкат дар чунин мавзӯъи доғи рӯз, ки метавонад мушкилоти азимро ба бор орад (агар ваксина воқеан хатарнок бошад) шарҳи оддӣ дорад.

Чанде пеш ожонсии Reuters бо истинод ба намояндаи расмии ИУ хабар дод, ки AstraZeneca қисман маснуъият гирифт.

Созишнома моҳи август баста шуд, вале бархе аз ҷузъҳояш ҳамакнун расонаӣ шуданд.

Гап сари ин, ки ширкати формакологӣ ваксинаро ба Иттиҳоди Урупо ба нархи нисбатан арзонтар медиҳад ва ӯҳдадориҳо барои таъсири манфии онро сарфи назар мекунад. Бандҳои алоҳидаи созишнома ошкор намешавад, вале муайян шуда, ки Урупо барои як дозаи AstraZeneca 2,5 евро пардохт хоҳад кард. Ширкати ваксинбарори фаронсавии Sanofi, ба Урупо ба қиммати 10 евро пешниҳод карда буд ва бе масъуният монд.

Ногуфта намонад, ки ҳарду ширкат ҳам аз ҷониби Иттиҳоди Урупо пешпардохти бебозгашт гирифтанд. AstraZeneca 336 миллион евро барои 400 миллион доза ва Sanofi — 324 миллион барои 300 миллион.

Ҳамин тавр, агар дар давраи эмкунии сартосарӣ бо ваксинаи AstraZeneca дар воқеъ маълум шавад, ки он ба саломатии инсон зарар мерасонад, барои ширкат таъсире нахоҳад буд. Ҷубронпулиро ба ҷабрдидагон ҳукуматҳои миллӣ ё аниқтараш андозсупорандагони кишварҳои дахлдор пардохт мекунанд.

Ставкаи Урупо ба ин ду ваксина, ки дар таҳияи он роҳу равишии гуногунро ба кор мебаранд, аҷиб аст.  Маълум аст, ки ин барои дастгириҳои иҷтимоӣ ва сӯистифодаи сиёсӣ имкониятҳои зиёдеро фароҳам меорад. Ҷолиби диққат аст, ки кадом давлатҳои Иттиҳоди Урупо кадом ваксинаро мегиранд ва чӣ гуна дар дохили худи кишварҳо, вобаста аз некӯаҳволии минтақаҳо ва вазъи иҷтимоии мардуми муқими он, тақсим карда мешаванд.

Чунин менамояд, ки барои урупоиҳои интихобшуда, ки саломатии онҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд зери хатар гузошт, ваксинаи фаронсавии Sanofi ҳамеша дастрас хоҳад буд, чун ширкати фаронсавӣ барои бехатарии ваксинааш бояд худ кафолат диҳад - яъне ба бехатарӣ ва самаранокии он эътимод бештар аст.

Дар ин росто воқеъияти Русия, ки бархе аз кормандони воломақом ихтиёран барои озмоиши ваксинаи ватанӣ пардохтанд, хеле аҷиб менамояд. Расонаҳои ҷаҳонӣ ҳатто мегуфтанд, ки элитаи Русия чанд моҳ боз бо ваксинаи озмоишнашуда, эм карда мешаванд.

Мавқеъи онҳоро нисбати бехатарии "Sputnik-V" дар чунин росто, танҳо тахмин кардан мумкин аст. 

Эҳтимол, Ғарб тақдиран дар робита бо Русия зери шиори "кӣ дар фикри чӣ" ба сар мебарад.

333
Барчаспҳо:
Русия, дар Урупо, ИМА

Пешниҳоди Жириновский: Қарабоғи Кӯҳӣ ба ҳайъати Русия ворид шавад

943
(Таҷдидшуда 17:39 29.09.2020)
Раҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия Владимир Жириновский ташдиди даргириҳо дар Қарабоғи Кӯҳиро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Қарабоғи Кӯҳиро баргашта ба ҳайъати Русия ворид кардан лозим, изҳор дошт, раҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия Владимир Жириновский дар нишасти Думаи давлатӣ.

Раиси ҳизб чанд роҳи ҳаллии ин қазия ва манъи даргириҳои миёни Озарбойҷон ва Арманистонро пешниҳод кард. Аз ҷумла ӯ пешниҳод кард, ки ин минтақа ба ҳайъати Русия ворид шавад.

"Ман дарҳол мегӯям, чӣ кор бояд кард. Роҳи аввал - ворид шудани Қарабоғи Кӯҳӣ ба ҳайъати Русия чун воҳиди мустақили маъмурӣ. Яъне 86-ум. Он замон ҳам озарбойҷониҳо ва ҳам арманиҳо ором мешаванд - на ба инҳо ва на ба онҳо. Розӣ нестед? Он замон ҳама якҷо ба ҳайъати Русия - ҳам Арманистон ва Озарбойҷон ва ҳам Қарабоғи Кӯҳӣ", - гуфт Жириновский.

Ҳамчунин раҳбари ҲЛДР роҳи шоҳӣ пешниҳод кард, вақте подшоҳ ба тарафҳо силоҳ тақсим мекунад ва пас аз хотимаи ҷанг зиндагии осоишта оғоз мешавад.

Идомаи даргириҳо дар Қаробоғи Кӯҳӣ

Жириновский варианти ба Қарабоғи Кӯҳӣ додани мақоми байналмилалиро низ баррасӣ мекунад.

Жириновский варианти ба Қарабоғи Кӯҳӣ додани мақоми байналмилалиро низ баррасӣ дорад.

Дар акси ҳол, ҷанги абадӣ хоҳад шуд ва метавонад бо фалокат хотима ёбад. Сарбандро тарконда, шаҳрҳоро зери об хоҳанд гузошт. Дар ҷое нерӯгоҳи ҳастаӣ - Чернобил месозанд. Ин хеле душвор аст!" - хулоса кард ӯ.

943
Барчаспҳо:
Қарабоғи Кӯҳӣ, пешниҳод, Владимир Жириновский, Русия
День 1 октября

Ҷашнҳои рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 16:55 30.09.2020)
Рӯзи 1 октябр Рӯзи ҷаҳонии солмандон, Рӯзи ҷаҳонии меъморӣ ва Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ мебошад. Дар Ӯзбекистон — Рӯзи омӯзгорон ва дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони прокуратура аст

Рӯзи 1 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1843 бори нахуст рӯзномаи маъруфи Британияи Кабир «The News of the World» ба нашр расид.

День 30 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1869 дар Вена бори аввал дар ҷаҳон руқъаи почтавӣ бо тамға нашр гардид.

Соли 1891 дар Фаронса клуби футболи "Бордо" ташкил ёфт.

Соли 2001 суди болоии ИМА муваққатан Бил Клинтон (собиқ президенти ИМА)-ро аз машғул шудан ба корҳои юридикӣ манъ намуд.

Рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2002 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

Соли 2009 дар шаҳри Норак Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди «Чормағзак» — ро расман ифтитоҳ намуд.

Соли 2013 Парлумони Тоҷикистон Созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи будубоши пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар Тоҷикистонро  тасдиқ намуд.

Военные 201-й РВБ, архивное фото
© Sputnik / Амир Исаев
Военные 201-й РВБ, архивное фото

Соли 2015 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 8 млн 486 ҳазору 300 нафар расид.

В Душанбе открылась ярмарка школьных товаров
© Sputnik / Амир Исаев
В Душанбе открылась ярмарка школьных товаров

Соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи  байналмилалӣ  оид ба содагардонӣ  ва ҳамоҳангсозии  расмиёти гумрукӣ (дар таҳрири нав) ҳамроҳ гардид.

Соли 2015 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги навшудаи Федератсияи байналмилалии футбол бо касби 156 хол мақоми 160-умро ишғол намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 1 октябр

  • Рӯзи ҷаҳонии солмандон.
  • Рӯзи ҷаҳонии меъморӣ.
  • Рӯзи байналмилалии нафароне, ки аз маҳсулоти гӯштӣ парҳез мекунанд.
  • Дар Ӯзбекистон — Рӯзи омӯзгорон
  • Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони прокуратура.
  • Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ

Рӯзи ҷаҳонии солмандон

Рӯзи ҷаҳонии солмандон бо ташаббуси СММ аз соли 1991 таҷлил мешавад.

Маҷмааи умимии СММ аз ҳамаи созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дархост кардааст ба Бунёди марбут ба масъалаи "пиршавӣ" кумак намоянд.

1 октябрро дар кишварҳои мухталиф бо баргузории ҷашнвораҳо, ки аз сӯйи анҷуману кунгураҳои дифоъ аз ҳуқуқ роҳандозӣ мешавад, ҷашн мегиранд.

Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии солмандон дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана надаромадааст.

Рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Юсуфҷон Акобиров (1937-2011) – Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Акбар Турсунов (Набипур) (1939) – доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи АФ Тоҷикистон.

Салимахон Ваҳҳобзода, журналист (1951).

Озод Аминзода (1933-2009) – шоира, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Тоҳирҷон Баҳромов (1952 – 2001) – коргардони театр ва ТВ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Александр Бернштам (1910-1956)- доктори илми таърих.

Низомиддин Валиев (1949) – меъмор.

Николай Детсик (1922) – коргардони театр.

Ҳабибулло Ибодов (1949) – доктори илми тиб, профессор.

Дилмурод Каримов (1947) – меъмор.

Олимҷон Маҳмудҷонов (1961)- доктори илми педагогӣ, профессор.

Маҷид Салим (1959) – нависанда.

Мелик-Саядян Сероп (1926)- кинооператор.

Мисбоҳиддини Нарзиқул (1970)- доктори илми филологӣ.

Набиҷон Почоҷонов (1910 – 1988) – мутарҷим.

Бекмурод Сиёев (1932 – 2004) – доктори илми филологӣ.

Рина Талман (1903-1991)- Китобдори шоистаи Тоҷикистон.

Умриддини Нӯшӣ (1974) – шоир.

Зиёдулло Ҳасанов (1949) – меъмор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Қурбон Ҳамидов (1949 – 1996) – актёри театр, *Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Эргашалӣ Шодиев (1932 – 2005) – доктори илми филологӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Мавзуна Чориева (1992) - варзишгари номовари тоҷик, дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи-2012 оид ба бокс дар Лондон.

Мавзуна Чориева

1 октябри соли 1992 Мавзуна Чориева, варзишгари номовари тоҷик ба дунё омадааст. Ӯ дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи-2012 оид ба бокс дар Лондон аст.

Оё зӯри бозуи Чориева метавонад "муноқишаи оилавӣ" - ро ҳал кунад

Мавзуна тайи 29 соли мустақилияти Тоҷикистон танҳо зане дар кишвар аст, ки нишони олимпиро ба гардан овехт. Ба дунболи пирӯзии ӯ дар олимпиадаи Лондон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ӯро бо ордени "Шараф" сарфароз гардонд.

Мавзуна Чориева. Архивное фото
© AP / Ivan Sekretarev
Мавзуна Чориева. Архивное фото

 

Дар моҳи октябри соли 2012, дар шаҳри Кӯлоб бо Амон издивоҷ кард ва ҳоло соҳиби як духтаранд, ки Осия ном дорад.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 24 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 30 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон