Гирифтани пора. Акс аз бойгонӣ

Нисневич: коррупсия дар ОМ-мероси Иттиҳоди Шӯравӣ аст

109
(Таҷдидшуда 15:02 26.01.2017)
Коррупсия дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мероси Иттиҳоди Шӯравӣ аст, мегӯяд роҳбари маркази тадқиқотии сиёсати зидди фасоди Академияи илмҳои Русия, профессор Юлий Нисневич.

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Тоҷикистон дар рейтинги тозанашри ташкилоти ғайридавлатии Transparency International (Мубориза бо коррупсия) нисбат ба соли гузашта 15 зина поин рафта, мақоми 151-умро гирифтаст.

"Эҳтимол шумо шунидаед, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ коррупсия набуд. Ин дурӯғи маҳз аст. Гап сари он аст, ки фасод шакли дигар дошт. Манфиатҳо ва имтиёзҳо барои коргарон-ин низ як шакли коррупсия аст",-гуфт Нисневич дар сӯҳбат бо Sputnik Узбакистон.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ сатҳи камтарини коррупсия дар Қазоқистон ба қайд гирифта шуда, ин кишвар дар зинаи 131-ум қарор гирифтааст. Баъд Қирғизистон-136 ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон (151) аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ сеюмин кишвари мубориз бо фасод дониста шудааст. Поёнтар Туркманистон-154 ва Узбакистон-156 ҷойгир шудаанд.

Рейтинги Transparancy International бар асоси назарпурсии коршиносони ин ё он давлат ташкил дода мешавад. Барои дохил кардани кишвар ба рӯйхати такшилот бояд фикри на кам аз се манбаъ ба назар гирифта шавад.

Дар раддабандии тозанашри созмон Дания пешсаф буда, зинаҳои дуюму сеюмро Зеландияи Нав ва Финландия ишғол кардаанд. Чандин сол пайдарпай дар мақомҳои охирини рейтинг Кореяи Шимолӣ, Сомали ва Судон ҷойгиранд.

Ёдовар мешавем, ки президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солона ба парлумон, коррупсияро дар кишвар яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи Тоҷикистон гуфт.

Президент қайд кард, ки бар асоси тадқиқот дар Тоҷикистон аз ҳама бештар дар сатҳи коррупсия дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу судҳо, соҳаҳои заминсозиву тандурустӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва комиссариатҳои ҳарбӣ ба қайд гирифта шудааст.

109
Барчаспҳо:
15 зина поён, зинаи 151, коррупсия, фасод, Transparancy International, Юлий Нисневич, Эмомалӣ Раҳмон, Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: Кормандони коррупсия бояд шахсони пок бошанд
Афзоиши коррупсия: прокуратура 2, маориф 4 ва тиб 5 баробар ...
Тахмина Бахронова

Баҳронова: ба сабаби вируси корона дар шаҳри Душанбе дархост ба такси 60 дарсад коҳиш ёфт

800
(Таҷдидшуда 14:17 26.05.2020)
Таҳмина Баҳронова, роҳбари ширкати Atlas Taxi гуфт, чӣ тавр вируси корона ба кори таксиҳои шаҳри Душанбе хисорот ворид кардааст

Ба гуфтаи Баҳронова пас аз 20 март ба далели баста шудани роҳҳо, шумори дархостҳо ба такси коҳиш ёфтааст. Ниёз ба такси пас аз эълони Ситоди ҷумҳуриявӣ дар бораи вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон якбора ба маротиб коҳиш ёфт.   

“Аксари ширкатҳо комилан ба фаъолияти фосилавӣ гузаштанд. Кори макотибу донишгоҳҳо дар шаҳри Душанбе низ қатъ шуд. Ин ҳама ба кори таксиҳо таъсир гузошт. Дархостҳо тақрибан 60 дарсад коҳиш ёфт. Ин раванд миёни тамоми ширкатҳои пойтахт мушоҳида мешавад. Ронандаҳое, ки аз бонкҳо қарздор буданд, зарари ҷиддӣ диданд. Аксари онҳо мошинҳои харидаи худро ба фурӯш гузоштанд, то аз ин вазъи мушкил роҳи наҷот пайдо кунанд”, - гуфт роҳбари ширкати Atlas Taxi Таҳмина Баҳронова ба Sputnik Тоҷикистон.

 

Бахронова: из-за коронавируса заказы такси упали на 60% по всему Душанбе

Вай таъкид дошт, ки дар шароити пандемия таксиҳо ба расонидани маводи ғизоӣ даст заданд, ки қаблан ин хизматрасонии иловагӣ ба шумор мерафт ва пардохти ҳаққи хизмати он алоҳида ҳисоб мешуд.

“Ҳоло ба ҳама чизе лозим аст ва сокинон ба якдигар ҳар лавозимоте мефиристанд. Аз доруворӣ то либоса интиқол медиҳем. Ҳоло мо танҳо пули хатсайро ҳисобу китоб мекунем”, -  илова кард Баҳронова.

Роҳбари Atlas Taxi зикр кард, ки ширкат ронандаҳои худро бо ниқоб ва маводҳои антисептикӣ пурра таъмин менамояд. Ҳамчунин ширкат таксиҳои худро ҳамарӯза дезинфексия ё безарар мекунад.    

Баҳронова қайд кардааст, ки пандемия дар Тоҷикистон чанд моҳи дигар тӯл мекашад ва ба ҳамин хотир ширкат бо маркетологҳо барои ҷори намудани хизматрасониҳои нав гуфтушунид дорад.

800
Барчаспҳо:
дархост, такси, роҳбар, ширкат, хисорот, Душанбе, вирус
Посол Таджикистана в Москве Имомуддин Сатторов

Сатторов гуфт чӣ тавр дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон кумак мерасонанд

811
(Таҷдидшуда 13:10 24.05.2020)
Сафири Тоҷикистон дар Русия дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки чигуна ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд кумак расонида мешавад

Ба гуфтаи Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия таъкид кард, ки сафорат тариқи аъзои шурои ҷамъиятӣ дар бораи ниёзмандон ба кумак иттилоъ гирифта, ба онҳо ёрӣ мерасонад.  

Сатторов илова кард, ки мубодилаи маълумот бо беш аз 90 созмони ҷамъиятиву диаспора ба роҳ монда шудааст.

“Сухан дар бораи ҳазорҳо нафар меравад, ки ба онҳо дар Маскав ва дигар минтақаҳои Русия кумак росонида шудааст. Соҳибкороне ҳастанд, ки аз ифшои номашон худдорӣ мекунанд. Кумаки онҳо ба даҳҳо ҳазор нафар дастрас шудааст”, - гуфт сафир.

 

Сатторов рассказал, как помогают гражданам Таджикистана в России

 

Инчунин Сатторов қайд кард, ки дар Русия ва Тоҷикистон ташкилотҳое ҳастанд, ки барои расонидани кумак аз сафорат рӯйхати шахсони ниёзмандро талаб мекунанд. Онҳо худашон ба ниёзмандон кумаки молӣ мерасонанд.

“Бо ёрии сафорат Тоҷикистон дар Русия давоми ду моҳ, маводи ғизоиро тақсим кардем. Сухан дар бораи беш аз се ҳазор нафар меравад, ки бевосита тариқи сафорат ба ин кумакҳо дастрасӣ пайдо карданд”, - гуфт сафир.

Дар ҳамин ҳол, Сатторов зикр кард, сафорат ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҷой кори хайрашро эълон намекунад, дар ҳоле, ки ин кор ҳамарӯза идома дорад. 

811
Барчаспҳо:
зиндагӣ, шаҳрвандон, кумак, Русия, сафири Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Таджикские милиционеры, архивное фото

Пеши роҳашро гирифту ишораи таҳқиромез кард: шикояти духтари ҷавон ва муҷозоти ронанда

0
Нисбати ронандаи дағал бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол гардид

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Рӯзи 22-юми май як ҷавондухтар, сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли расми автомашинаи тамғаи "Хундай", рақамҳои қайди давлатиаш 1953 ТТ 05 мусофирбари ширкати "Olu4a Taxi" аз  милитсияи пойтахт хоҳиш намуд то нисбати ронандаи автомашинаи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шаванд, хабар медиҳад РВКД дар шаҳри Душанбе.

Ин ниҳод аз қавли муроҷиаткунанда мегӯяд, рӯзи 22-юми май ҳангоми дар кӯчаи Н. Муҳаммад, назди собиқ бозори Шоҳмансури шаҳри Душанбе тариқи велосипед ҳаркат доштан, ронандаи автомашинаи мазкур монеи ҳаракати ӯ шуда, ҳамзамон нисбаташ ҳаракати таҳқиромез нишон дода, шаъну шарафашро паст задаст.

Муроҷиати мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таҳти санҷиш ва баррасии ҳаматарафа қарор дода, муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Самадзода Сомон Шарофатулло, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад.

"Бо назардошти он ки дар ҳаракатҳои шаҳрванд Самадзода Сомон аломатҳои кирдори майдаавбошона дида мешавад, нисбаташ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол гардид", - омадааст дар хабарнома. 

Бино ба иттилои манбаъ, додгоҳ дар навбати худ рӯзи 23-юми май нисбати ронанда ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ намудааст.

Ҳамзамон номбурда ҷиҳати  минбаъд ба чунин амалу кирдори хилофи қонун даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шудааст.

0
Барчаспҳо:
муҷозот, таҳқиромез, ВКД, Душанбе