Зимистон. Акс аз бойгонӣ

Чӣ гуна метавон дар зери тарма зинда монд: маслиҳати мутахассис

636
(Таҷдидшуда 14:14 21.02.2017)
Фаромадани тарма ва бориши аз ҳад зиёди барф вақтҳои охир боиси марги одамон шуд. Ин офати табиӣ натанҳо ба Тоҷикистон балки ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ таҳдид мекунад

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Руслан Имонқулов намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон мегӯяд, ки инсон бояд дар ҳама ҳолат ба худ бовар карда, оромирро аз даст надиҳанд.

Ба гуфти ӯ агар шахс  дар зери браф монд,  давидан кӯмак намекунад. Чун суръати тарма аз суръати мошини роҳ чандин маротиба баландтар аст. Дар баробари ин тарма мавҷи махсус дорад, ки хусусияти нобудкунӣ дошта, аз худи тарма низ хатарноктар аст.

Спасатели откапывают машины
© Фото : УВД Ошкской области Кыргызстана
Аз зери тарма наҷот додан

Намояндаи ВКД дар сӯҳбат бо Sputnik Қазоқистон қайд менамояд, ки агар ҳаҷми тарма калон бошад, бояд кӯшиш кард, ки аз ин мавзеъ дуртар рафт.

Вале агар шахс дар зери тарма монд, нахуст бояд роҳи нафаскаширо аз барф эҳтиёт кард. Барои муҳофизати роҳҳои нафаскашӣ, гарданбанд, гиребон, сарпӯш, остинро метавон истифода карда, даҳон ва биниро маҳкам нигоҳ дошт, то барф ба даҳон ва гулӯ роҳ наёбад.

Мутахассис  мегӯяд, ки баъдан бояд самти боло ва поёнро муайян намуд. "Баро муайян кардани самтҳои боло ва поён туф кардан лозим аст: чун туф ҳеҷ гоҳ ба боло намепарад".

Ҳамчунин мутахассис маслиҳат медиҳад, ки баъди пурра фаромандани тарма бояд кӯшиш кард, ки яхи дар пайи гармии бадани инсон ба вуҷуд омадаро, бо қувваи худ шикаст.

"Бояд қайд кард, ки фарёд кардан ва касеро барои наҷот ҷеғ задан, бефоида аст. Чун барф пурра садоро ба худ мекашад. Муҳимтар аз ҳама рӯҳафтода нашудан ва ба қувваи худ бовар карда, ором шудан аст".

636
Барчаспҳо:
зинда мондан, тарма, барф, ВКД-и ҶҚ, Руслан Имонқулов, Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Бориши барф дар Тоҷикистон ва оқибатҳои он (21)
Мавзуъ
Ҷасади боз як шаҳрванди Тоҷикистон аз таги барф ёфт шуд
Ҳушёр бош !: КҲФ аз лағзиши барф ва афтиши шушаҳои ях огоҳ мекунад
Международные военные учения НАТО, архивное фото

"Русҳоро аз ҷои осебпазир мезанем": НАТО чӣ нақша дорад

241
(Таҷдидшуда 16:58 22.01.2021)
Бо эҷоди воҳиди низомӣ, сохтани инфрасохтор ва муттаҳидсозӣ - дар соли 2021, НАТО фишорро ба марзҳои ғарбии Русия афзоиш хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik, Андрей Котс. Дар моҳҳои май-июн, эътилоф бузургтарин тамринҳоро пас аз Ҷанги Сард, таҳти унвони Defender Europe - 2021 баргузор мекунад.

Ҷавоб ба онҳо машқҳои баробармиқёси муштараки Русия ва Белорус "Ғарб - 2021" хоҳад буд, ки моҳи сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Майдони ҳарб - Урупо

Дар доираи Defender Europe 2021, мисли пештара, дар Урупои Шарқӣ ва назди Балтика амалҳои мудофиавӣ ва ҳуҷумӣ машқ карда мешаванд. Тибқи нақшаи тамрин, нерӯҳои НАТО ба вилояти Калининград ҳамла карда, минтақаҳои ғарбии Русияро муҳосира мекунанд ва инчунин "ҳамлаи густурдаи Русия" -ро пешгирӣ кунанд. Ба фарқ аз солҳои қаблӣ, дар соли 2021, на ба Урупои Шарқӣ, балки ба Урупои Ҷанубӣ диққати махсус дода мешавад.

Манёврҳо дар Черногория, Косово ва Албания ба нақша гирифта шудаанд. Дар Булғористон ва Руминия тамринҳои ҳавоӣ ва партоби мушакҳои замин ба замин баргузор мешаванд. Ва Маҷористон ҳамчун ақибгоҳи "ҷанг" хизмат хоҳад кард.

Амрикоиҳо нерӯҳои худ, аз ҷумла қисмҳои 1-уми савора ва дивизияҳои 82-уми десантиро ба Урупо интиқол медиҳанд. Садҳо воҳиди техникаи ҳарбӣ барои мақсадҳои гуногун тавассути Атлантика интиқол дода мешаванд. Ғайр аз ин, бригадаи 53-уми пиёдагард аз Флорида оварда мешавад.

Истисно нест, ки пас аз тамринҳо амрикоиҳо боз баъзе аз силоҳҳоро дар Урупо "фаромӯш" хоҳанд кард, чунон ки на як бору ду бор рух дода буд. Ба гуфти коршиносон, бо ин роҳ Пентагон қобилияти ҳамлаии худро дар минтақа сол ба сол афзоиш медиҳад.

Дар посух ба Defender Europe 2021, Русия ва Белорус дар моҳи сентябр манёврҳои West-2021-ро баргузор мекунанд. Вазири дифоъи Белорус Виктор Хренин рӯзи душанбе гуфт, ки "тамринҳои муштарак имкон медиҳанд, ки усулҳои нави амалҳои муштарак тавассути воҳидҳои ҳамлаи ҳамҷоя санҷида шаванд" ва "арзёбии самаранокии силоҳ ва таҷҳизоти нав ва муосир аз санҷиш гузарад".

Минск таъкид кард, ки манёврҳои стратегӣ "муносибатҳои қавии иттифоқӣ ва ягонагии дидгоҳҳои вазоратҳои дифоъи Белорус ва Русияро дар бораи таъмини амнияти низомии Давлати Иттиҳодӣ" инъикос мекунанд.

Намоиши нерӯ

Ҳарду ҷониб аз забони маъмулии дипломатӣ дар бораи манёврҳои ғайримуқаррарӣ алайҳи ягон блоки давлатӣ ё низомӣ истифода накарданд. Амалияи ҳамла ба нерӯҳои НАТО ба Калининград ва омода кардани хизматчиёни ҳарбии Русия ба ҷангҳои шаҳрӣ равшан нишон медиҳад, ки кӣ бо кӣ ҷангиданист. Албатта, эҳтимолияти задухӯрди миқёсӣ кам аст, аммо хеле воқеист.

Ба гуфтаи коршиносон, тағйири қудрат дар Иёлоти Муттаҳида ба амалҳои НАТО дар соли 2021 мустақиман таъсир хоҳад гузошт. Дар тӯли чор соли президенти Доналд Трамп ягонагии блоки Атлантикаи Шимолӣ ба таври назаррас суст шуд. Соҳиби Кохи Сафед пинҳон намедошт, ки ӯ пеш аз ҳама манфиатҳои Амрикоро пайгирӣ мекунад ва ҳатто имкони баромадан аз иттифоқро истисно намедонад. Ин суханронӣ дар Урупо боиси нигаронии шадид гашт, масъалаи артиши ИА дубора ба миён омад. Президенти нав бешубҳа кӯшиш хоҳад кард, ки ҳама чизро ислоҳ кунад.

"Муносиботи Русия ва НАТО имсол бадтар хоҳанд шуд", - гуфт Константин Сивков, муовини аввали президенти Академияи масоили геополитикӣ. "Байден мехоҳад эътилофро барқарор кунад. Ва ин душмани берунаро талаб мекунад. Русия барои ин нақш аз ҳама мувофиқтар аст, азбаски Чин хеле дур аст. Вашингтон инчунин барои муттаҳид сохтани ҷомеаи Амрико ба тасвири душмани беруна ниёз дорад.

Пул кор кардан

Аммо, коршиносон чунин мешуморанд, ки дар асл НАТО ҳеҷ нақшаи ошкорои хашмгин алайҳи Русия надорад. Тавсеаи минбаъдаи эътилоф барои амрикоиҳо танҳо роҳи пул кор кардан ва Урупоро бештар ба худ бастан аст. Вашингтон ба давраи пеш аз Трамп бармегардад ва дахолати худро ба умури Дунёи қадим афзоиш медиҳад.

Аврупо барои ИМА таҳти роҳбарии Байден яке аз бозорҳои асосии маҳсулоти низомӣ боқӣ хоҳад монд. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд интизор шавем, ки суханрониҳои зидди Русия аз хориҷа зиёдтар шаванд. Аммо аксари коршиносон мутмаинанд: Вашингтон ва Брюссел ба гумон аст, ки ҷуръат кунанд, ки нерӯи дуввумин абарқудрати ҷаҳонро дар ҳақиқат бисанҷанд.

241
Барчаспҳо:
нақша, осеб, НАТО, НАТО, Русия
Руководитель Школы востоковедения факультета мировой экономики и мировой политики Национального исследовательского университета Высшая школа экономики (НИУ ВШЭ) Алексей Маслов

Коршиноси рус сабаби беқурбшавии рекордии пулро дар Тоҷикистон гуфт

230
(Таҷдидшуда 20:27 16.01.2021)
Коршиноси рус, иҷрокунандаи вазифаи мудири Институти Шарқи дури Академияи илмҳои Русия Алексей Маслов дар бораи роҳҳои пешгирии таваррум гуфт

ДУШАНБЕ, 16 январ - Sputnik. Дар Тоҷикистон дар соли 2020 беқурбшавии пули миллӣ ба ҳадди ниҳоияш расид.

Бино бар иттилои Агентии омори назди раисҷумҳури Тоҷикистон, нишондод бар хилофи пешбиниҳо, ба 9,4 дар сад расид.

Пештар коршиносон гуфта буданд, ки сатҳи таваррум дар ҷумҳурӣ аз 7 дар сад боло нахоҳад рафт.

Дар давоми сол дар кишвар арзиши хӯрокворӣ ба маротиб гарон шуд. Афзун бар ин, на танҳо маҳсулоти воридотӣ, балки ватанӣ низ қимат гашт. 

Алексей Маслов, коршиноси рус, иҷрокунандаи вазифаи Институти Шарқи дури Академияи илмҳои Русия гуфт, ки кодом чораҷӯӣ метавонад беқурбшавии пулро дар Тоҷикистон боздорад.

Ҳамчунин коршинос тавзеҳ дод, ки чӣ боиси баланд рафтани он гардид.

"Якумаш, ин аз қатъ гаштани бисёре аз равандҳои берунии иқтисодӣ, пеш аз ҳама равандҳои содиротиву воридотӣ, аз ҷумла, қатъи интиқоли маҳсулот ба Тоҷикистон аз хориҷ вобаста аст. Дар натиҷа, ин ҳам ба  камшавии содирот ба Русия ва Чин ва кам шудани гирифтани мол аз Чин оварда расонид", - гуфт Маслов дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ин равандҳо ба иқтисоди дохилӣ таъсири назаррас доранд. Бештари амволи тоҷикӣ, ба гуфтаи коршинос, бо далели баста будани марзҳо ба бозори беруна намебароянд. Барқароршавии ин равандро на зудтар аз мобайнҳои сол ва ё охири соли равон бояд интизор шуд, таъкид кард Маслов.

Бонки миллӣ гуфт дар беқурбшавии сомонӣ ва болоравии арзиши доллар кӣ гунаҳгор аст

Коршинос мегӯяд, ки аз ҳама роҳи самарабахши пешгирии беқурбшавӣ, ин рушди бозори дохила мебошад.

"Ин пеш аз ҳамаҳавасмандкунии рушди тиҷорати хурду миёна, ба таври максималӣ коҳиш додани андоз, озод кардани истеҳсолкунандагони хурд аз ҳама намуди андоз ва ғайра мебошад", - қайд кард вай.

Ин амал ба афзоиши маҳсулоти дохила, маҳз ба ҳамон, ки боиси инфлятсия гардидааст, оварда мерасонад.

"Ин гречка, равғани маска, маҳсулоти нонӣ ва ғайраҳо аст, ки бояд истеҳсоли онро афзоиш дод", - афзуд коршинос. 

230
Далер Назаров дал интервью

Аз писари вазир то домоди Президент ва дороӣ: ногуфтаҳои Далер Назаров-видео

691
(Таҷдидшуда 21:26 22.01.2021)
Далер Назаров, овозхони шинохтаи тоҷик, дар бораи ҳаёту эҷодиёташ чун писари вазир, домоди президент, дороӣ ва хушбахтияш суҳбат кардааст

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Далер Назаров дар ин суҳбат бархе аз ҷанбаҳои ҳаёту эҷодиёташро гуфтааст, ки қаблан оммавӣ изҳор надошта бу.

Навори суҳбат дар саҳифаи расмии Daler Nazarov Studio дар Youtube нашр шудааст.

Ӯ гуфт, замоне, ки бори аввал сурудҳои The Beatles-ро шунидааст, майли овозхонияшро дарк кардааст.

Далер Назаров афзуд, талабаи хуб набуд ва аз ягон фан дониши фавқулодае надоштааст. Дар мактаб вохӯрӣ бо дӯстонро хуш медоштааст. Ба суол дар мавриди писари вазир буданаш, Далер Назаров изҳор дошт, ки бо вуҷуд мулоқот бо дӯстон аз қишрҳои гуногунро ҳамеша хуш медошт.

“Ман ҳамеша ҷамъ овардани одамонро дӯст медоштам ва то ҳол ин корро мекунам. Ҳар қадаре одамон гуногунтар бошанд, ҳамон қадар руҳияам роҳат мекунад. Агар одамони миллату табақаҳои гуногун ҷамъ омада бошанд”, - изҳор дошт Далер.

Ӯ инчунин аз солҳои мактабию ишқи наврасияш гуфтааст.

“Бисёри онҳое, ки ошиқашон шудаам, то ҳол ҳам инро намедонанд. Ин ишқе буд, ки наметавонистӣ бо он мухолифат нишон диҳӣ ва наметавонистӣ онро баён кунию наздик шавӣ”, - изҳор дошт овозхон.

Дар суҳбат инчунин аз издивоҷ бо Мунаввара Набиева, духтари нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон Набиев гуфта шудааст, ки дар мактаб шинос шудаанд. Ӯ гуфт, ин хонадорӣ се сол давом кардааст.

“Раҳмон Набиев инсони бисёр нек буд, ки дар чеҳраи ӯ ман падари дуюми худро пайдо кардам. Ӯ маро хеле зуд худӣ қабул кард”, - афзуд Назаров.

Маҳз дар суҳбату муошират бо ин сиёсатмадор, Далер Назаров дарк кардааст, ки чӣ гуна вазнин аст, президент будан, сарфи назар аз бартариятҳое, ки ба назар мерасанд.

Овозхон дар мавриди он ки дар 62-солагияш худро чӣ гуна эҳсос мекунад, изҳор дошт, ки касе нест, варақи тоза аст.

“Ман касе нестам, ҳеч гуна, варақи сафедеям, ки дар он ҳар замон метавонад чизи дигаре навишта шавад”, - илова намуд ӯ.

Овозхон гуфт, тайи ин қадар сол ҳеч дороиеро ҷамъ накардааст. Ӯ мегӯяд, мошин дорад, ки барои ҳаракати роҳаташ миёни Душанбе ва Хоруғ зарур аст. Ба гуфтаи овозхон, наметарсад, ки бе чиз мемонад, зеро дӯстони зиёд дорад.

Вай таъкид кард, ки ягона нишонаи муваффақияти инсон ин хушбахтии ӯст ва илова намуд, ки хушбахт аст.

Ӯ мегӯяд, баъди зиндагияш мехоҳад мусиқияш боқӣ монад, мехоҳад сурудҳояш чун беному халқӣ садо диҳанд.

691