Станислав Притчин коршинос

Коршинос: Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамкории кишварҳои суннимазҳаб умед бастааст

322
(Таҷдидшуда 14:08 24.05.2017)
Дар нишасти сарони кишварҳои мусулмоннишин Эмомалӣ Раҳмон якбора чанд масъалаи муҳими байнулмилалиро барои Тоҷикистон ҳал кард, мегӯяд коршинос Станислав Притчин

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дар пойтахти Арабистони Саудӣ рӯзҳои 21 —22 май нахустин Нишасти сарони кишварҳои мусулмоннишин ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд.

Роҳбари гурӯҳи пажӯҳишии Донишкадаи шарқшиносӣ Станислав Притчин дар бораи дастовардҳои Эмомалӣ Раҳмон дар Арабистон нақл кард.

"Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Тромп ба хотири хушмуомилагии сиёсӣ сӯҳбати кӯтоҳе дошт, он на баррасии муносиботи дуҷониба балки танҳо як мулоқоти кӯтоҳе буд. Муҳимтараш дидори ғайрирасмии Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардорони ҳамсоя аз ҷумла бо раисҷумҳури ҷадиди Узбакистон Шавкат Мирзиёев буд", — гуфт коршинос.

Мулоқот бо Мирзиёев яке аз сабабҳои аслии сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ буд, — қайд кард Притчин.

Дар баробари ин барои раисҷумҳури Тоҷикистон ширкат дар нишасти саудиҳо ба хотири тадриҷан гарм шудани муносиботи Душанбе ва Риёз, ки ҳамакнун ба сармоягузории фаъоли иқтисоди Тоҷикистон пардохтааст, муҳим буд.

"Албатта, Тоҷикистон бояд сипосгузории худро барои сармоёгузории арабҳо нишон медод", — шарҳ дод коршинос дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Прритчин қайд кад, ки аз ҷониби дигар ширкати раёсати Тоҷикистон дар ин нишаст, ки дар рафти он бузургтарин созишномаи низомӣ —  истеҳсолӣ дар таърихи ИМА миёни Амрико ва Арабистони Саудӣ ба имзо расид, муносиботи бе ин ҳам хунуки Тоҷикистону Эронро метавонад сардтар кунад.

322
Барчаспҳо:
мулоқот, нишаст, Шавкат Мирзиёев, Эмомалӣ Раҳмон, Арабистони Саудӣ
Мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: Бо истифода аз нерӯи низомӣ наметавон бар теруризм пирӯз шуд
Даст ба даст: Раҳмон ва Мирзиёев равобити устувори ду кишварро намоиш доданд
Отражение мужчины на фоне флага ЕС

Коронавирус нишасти G20 - ро сироят кард. Вале Ғарб ваксинаи Русияро тоқат надорад

209
(Таҷдидшуда 19:26 23.11.2020)
Ба кӯшиши софдилонаи ширкатдорон нигоҳ накарда, саммити маҷозии G20 ҳалокати ҷаҳонишавиро таъкид кард

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik, Иван Данилов. Гап сари фитнае муқобили "ҷаҳони якқутбии амрикоӣ" ё кӯшиши барқарор кардани "муқобилияти деворӣ" монанди миёнаҳои дуюми асри 20 нест. Акси глобализатсия ва бисёрқутбӣ новобаста аз андешаҳо дар марказҳои ақлонии Амрико ва Брюссел аллакай воқеъияти ҳол шудааст.

Мушкил сари ин ки, мавзӯъи ягонаи сиёсӣ нест ҳамон тавре, ки як забон барои баррасии он вуҷуд надорад. Ва зиёда аз ин, "як кунҷи геопалитикӣ" ҳам нест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он пайравӣ кунад.

Мушкили умумӣ шурӯъ аз ҳамагирии коронавирус то бӯҳрони иқтисодӣ ҳаст, вале ҳалли якхели он натанҳо ки нест, балки буда ҳам наметавонад. Барои он ки, низоми муносиботи миёни давлатҳо ба режими бозӣ аз сари нав омадааст, яъне комёбии як давлат чун мағлубияти рақибон пиндошта мешавад ва он ҷониб омодагии комил барои қурбонӣ кардани баъзе манфиатҳои умумиро нишон медиҳад (на мулоҳизаҳои башардӯстона) танҳо барои он, ки яке аз рақибони геополитикӣ натавонист як навъ тасвир, пирӯзии сиёсӣ ё иқтисодиро нависад.

Чанд мисоли чашмрас бояд гуфта шавад.

Дар нишасти G20, раҳбари Чин пешниҳод кард, ки як навъ механизми рақамӣ эҷод карда шавад, то ҳаракати байни кишварҳоро боздорад, вале ба иқтисоди ҷаҳонӣ, тиҷорати байналмилалӣ ва барқарорсозии туризм кумаки калон расонад (ки ин барои бисёриҳо, аз ҷумла кишварҳои камбизоат хеле муҳим аст).

Дар ин росто Чин, ташкили механизми байналмилалии шинохти "рамзи QR-и саломатӣ" -ро пешниҳод кард, ки бар пояи натиҷаи санҷишҳои тестӣ асос хоҳад ёфт.

"Умедворам, ҳарчӣ бештари кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон ба он ҳамроҳ мешаванд" - гуфт Си Ҷинпин.

Дар сатҳи объективӣ эҷоди як навъ "тасдиқи рақамӣ" - и байналмилалӣ ва  эътирофшуда дар бораи он ки як сайёҳ, дипломат ё соҳибкор солим аст  ва метавонад марзҳи кишварҳоро убур кунад (ё ба ватани худ баргардад) бидуни карантин -  фикри хуб аст.

Вале имконият барои роҳандозии ин барнома дар сатҳи глобалӣ нест, новобаста аз он ки ин чораандешӣ ин замон лозим аст ва метавонад осон таҷриба шавад. Вале, ин идея дар амал татбиқ намешавад, танҳо ба он хотир, ки аз нуқтаи назари раҳбарони Ғарб ин пешниҳоди расмии Чин (яъне пешниҳоде, ки рушди баланди технологияҳои инфрматсионии Чинро таъкид мекунад).

Мисоли дигар дар бораи дастнорас будани ваксинаи алайҳи коронавирус барои кишварҳои камбизоат мебошад, ки дар сурати эм накардан метавонанд манбаъи сироятёбӣ гарданд. Владимир Путин дар суханронии худ аз зарурати таъмин кардани тамоми ҷаҳон бо ваксина гуфт:

"Русия қарори калидии тарҳи саммити ҳозираро, ки ба дастрас кардани ваксинаҳои самарабахш ва бехатар ба ҳамагон нигаронида шудааст, дастгирӣ мекунад. Бе шубҳа доруҳо барои эмкунӣ бояд дастоварди ҳамагон бошад. Ва Русия албатта ба кишварҳои ниёзманд ваксинаҳои аз тарафи олимон сохташударо дастрас мекунад: ин аввалин ваксинаи ба қайд гирифташуда дар ҷаҳон "Sputnik V" буда, ваксинаи дуюми Русия "EpiVacCorona" -и Маркази илмии Новосибирск низ омода аст ва ваксини сеюми Русия дар роҳ аст.

Миқёси пандемия моро вазифадор мекунад, ки тамоми захираҳои мавҷударо истифода барем. Ҳадафи умумии мо - сохтани ваксинаҳо ва таъмин намудани тамоми аҳолии сайёра бо он мебошад. Ин маънои онро дорад, ки кор барои ҳамагон, кофӣ аст ва ин дар ҳолест, ки рақобат эҳтимолан ногузир аст, аммо мо бояд пеш аз ҳама аз мулоҳизаҳои башардӯстона сар барорем ва инро дар мадди аввал гузорем".

Дар сатҳи декларативӣ ҳамааш хуб хоҳад буд, вале "бистгонаи бузург" дар умум барои дар амал татбиқ намудани тарҳ, ки бунёди хазинаи умумиро барои харидории ваксина ва таъмин намудани кишварҳои ниёзманд дар назар дораду маҳз харидории ваксинаи сохти русии "Sputnik V" - ро, ки нисбат ба аналогҳои амрикоӣ ва урупоӣ арзонтар мебошад, ризо намешавад.

Агар ба ин мушкилӣ аз нуқтаи назари ИМА ва Брюссел назар кунем боз мефаҳмем, ки гап сари - русиягӣ (эҳтимолан сохти чинӣ низ онҳоро хуш нест), будани ваксина аст.

Владимир Путин даъват кард, ки рақобатро як сӯ гузошта гуманизмро пеша кунанд, аммо имкони шунидани муроҷиати ӯ ниҳоят ночиз аст, алахусус бо назардошти маъракаи таблиғотӣ дар расонаҳои ғарбӣ барои бадном кардани ваксинаҳои Русия ва Чин.

Рӯйхати мавзӯъҳоеро, ки дар он ҳеҷ гуна муколамаи моҳиятӣ дар саммити G20 вуҷуд надоштанд (ва як қатор монологҳои пешвоёни ҷаҳонӣ буданд) идома додан мумкин аст: ин аст ислоҳоти СУС ва мушкилоти қарзҳои асъории кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва тамоюли ҷаҳонӣ ба протексионизм.

Роҳбарони Ғарб мавқеи хеле возеҳ доранд: онҳо бисёр гап мезананд, касеро намешунаванд ва пешниҳодҳои онҳо ба формулаи оддӣ мепечанд: "ҳама бояд тавре ки мо мегӯем, кор анҷом диҳанд, он гоҳ ҳамааш хуб хоҳад шуд" ва ба ин маъно, мавқеи Вашингтон пас аз иваз шудани президент. тағйир нахоҳад ёфт.

Набудани моҳияти нишасти G20 далели равшани он аст, ки ҷаҳон на ба сӯи рақобати "блокҳои геополитикӣ" ва ҳатто камтар ба сӯи барқарорсозии "ҷаҳони Амрико" (тавре, ки Вашингтон ба он умедвор аст), балки ба сӯи ҷаҳоне меравад, ки дар он танҳо гуфтушунидҳои дуҷонибаи байни кишварҳои мушаххас имконпазир аст. Расман, ҷаҳони G20, ба истилоҳ, Гурӯҳи бист (G20) вуҷуд дорад, аммо дар амал чуноне сиёсатмадори амрикоӣ Ян Бремер мегӯяд "ҷаҳони G-сифр" аст: ҷаҳоне, ки дар маҷмӯъ ҳама барои худ кор мекунад ва суръат бахшидани ин тағйирот эҳтимолан мероси асосии таърихии коронавирус хоҳад буд.

209
Барчаспҳо:
Русия, Ғарб, вируси корона
Российское краново-монтажное трубоукладочное судно (КМТУС) Академик Черский

Иқтисоддон гуфт, дар робита ба "Маҷрои шимолӣ 2" аз Байден бояд чиро интизор шуд

213
(Таҷдидшуда 17:36 19.11.2020)
Коршиносон мегӯянд, умеди Олмон барои тағйири мавзеъгирии ИМА нисбат ба "Маҷрои шимолӣ 2" дар сурати ба сари қудрат омадани Ҷо Байден бароварда намешавад

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Иқтисодчӣ Станислав Митрахович дар суҳбат бо радиои Sputnik ин андешаро шарҳ дод.

Рӯзноманигори Bild Юлиан Репке бар ин аст, ки умеди Олмон барои тағйири мавзеъгирии ИМА нисбат ба "Маҷрои шимолӣ 2" дар сурати ба сари қудрат омадани Ҷо Байден бароварда намешавад.

Ӯ гуфт, дар соли нав Вашингтон ин бандро тангтар хоҳад кашид ва ба ин чиз бояд омода шуд. Репкеро нияти ИМА барои ҷорӣ намудани таҳримот алайҳи ширкатҳои суғуртавӣ, ки бо корхонаҳои Русия ҳамкорӣ доранд, ба чунин хулоса овардааст.

Чуноне муаллифи мақола мегӯяд, ҳоло ягон маҳдудият нисбати Олмон пешбинӣ нашудааст, вале Байден метавонад "Маҷрои шимолӣ 2" - ро пурра "ба хок супорад".

Дар навбати худ, мушовири собиқи президенти пешини ИМА Борак Обама Бенҷамин Шмитт таъкид меварзад, ки демократҳо ва ҷумҳурихоҳон ҳарду нисбати гузаронидани лӯлаи газӣ аз Русия ба Олмон муносибати манфӣ доранд.

Коршиноси соҳаи энержӣ Алан Райли бар ин аст, ки ҳадафи аслии Байден бастани ин тарҳ мебошад.

Иқтисоддон, коршиноси Донишгоҳи тиҷоратии назди Ҳукумати ФР ва Бунёди амнияти энержии миллӣ Станислав Митрахович ҳодисаро якнавохт намешуморад.

Оё "таҳримҳои дузахӣ" - и замони Байден ба Русия таҳдид мекунад?

"Интизорӣ аз Байден номуайян аст. Аз як ҷониб дар гурӯҳи Байден одамоне ҳастанд, ки хостори шадидтар шудани таҳримот нисбати Русия мебошанд. Ва худи Байден ҳам Русияро аз диди манфӣ тасвир кард. Аз ҷониби дигар Байден метавонад бигӯяд, ки ӯ дар қиёс бо Трамп худпараст нест. Ва агар ӯ камтар худхоҳ аст, намешавад (урупоиён) бигӯянд: "мо ҳамкорӣ мекунем" ва боз тоб дода гӯянд "биёед нисбати ширкатҳои Урупо, ки бо "Газпром" ҳамкорӣ доранд, таҳримоти амрикоӣ ҷорӣ кунем. Барои ҳамин амалҳои Байден номуайян аст. Мебинем", - гуфт Станислав Митрахович дар суҳбат бо радиои Sputnik.

"Маҷрои шимолӣ 2" сохтани ду лӯлаи газро бо иқтидори умумии солона - 55 миллиард метри мукааб аз соҳили Русия тавассути баҳри Балтика то Олмонро пешбинӣ мекунад.

Лоиҳа аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида, ки гази моеъи худро ба Иттиҳоди Урупо, инчунин Украина ва як қатор кишварҳои Урупо пешниҳод мекунад, мухолифат мекунад. Иёлоти Муттаҳида моҳи декабри соли 2019 алайҳи ин тарҳ таҳримот ҷорӣ кард ва аз ширкатҳое, ки дар насби лӯлаҳо ширкат мекунанд, талаб кард, ки сохтмонро боздоранд. Пас аз ин ширкати Швейтсария дар бораи қатъи кор хабар дод.

Миёнаҳои моҳи октябр, Вашингтон таҳримотро васеътар карда, ширкатҳоеро, ки барои навсозӣ ё муҷаҳҳазгардонии киштиҳои лоиҳа кумак мекунанд, ба таҳримот дохил кард.

Ҳамчунин бино ба гузоришҳои расонаҳо, Вашингтон ният дорад, нисбати ширкатҳои суғуртавӣ, ки бо киштиҳои Русия ҳамкорӣ мекунанд, таҳримот ҷорӣ кунад.

213
Барчаспҳо:
Русия, ИМА, Ҷаҳон
Асозода Дилшод Алимурод глава города Нурек  посетил ветерана ВОВ  Гулов Малах

Мақомоти шаҳри Норак ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ хона сохт

0
(Таҷдидшуда 19:28 24.11.2020)
Мақомоти шаҳри Норак эълон кардааст, ки ахиран ба Гулов Малах, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра сохта тақдим карда шуд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари маӣбуоти раиси шаҳри Норак ахиран раиси шаҳр Асозода Дилшод Алимурод ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Гулов Малах рафт.

Раиси шаҳри Норак бо вазъи зисту зиндагонии пири хирад Гулов Малах ошно гардидааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки бо ташаббуси мақомоти шаҳр манзили нави зист иборат аз 3 ҳуҷра, ошхона барои аҳли оилаи Гулов Малах сохта, ба истифодаи онҳо супорида шуд.

Ҳамзамон раиси шаҳри Норак барои мавсими зимистонгузаронӣ ба иштирокчии ҶБВ маблағи пулӣ тақдим кардааст.

Бояд гуфт, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.

0
Барчаспҳо:
ҶБВ, куҳансарбоз, собиқадорон, Норак, Тоҷикистон