Виктория Тигиева

Равоншинос: ишқ бе издивоҷ ва издивоҷ бидуни муҳаббат имконпазир аст

510
Ҷавонон шинос мешаванд, вомехӯранд ва издивоҷ мекунанд - ин шакли идеалӣ барои барпо кардани оила аст. Вале зиндагӣ қоидаҳои худро дорад. Виктория Тигиева дар бораи муҳаббат ва оиладорӣ нақл мекунад

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Равоншинос мегӯяд, чунин нест, ки  ҳамаи инсонҳое, ки ҳамдигарро дӯст медоранд бо ҳам издивоҷ кунанд.

Чунин рӯй гирифтани кор сабабҳои худро дорад — ҷавонон ҳоло барои оиладор шудан омода нестанд, ё намехоҳанд ҷавобгарие дошта бошанд ё чунин муносибат онҳоро хуш аст ва онҳо омода нестанд кӯдакбонӣ кунанд — мефаҳмонад Тигиева.

"Ишқ — эҳсосоти дурахшонест, ки дунёи моро дар гардиш меоварад, оилдорӣ — ин иттиҳоди қонунӣ мебошад", — гуфт равоншинос дар сӯҳбат бо радиои Sputnik Осетияи Ҷанубӣ.

Мутаассифона ишқ бе издивоҷ ва издивоҷ бидуни муҳаббат имконпазир аст.

510
Барчаспҳо:
оиладорӣ, издивоҷ, муҳаббат, ишқи пок, Виктория Тигиева, Осетияи Ҷанубӣ
Мавзуъ
Равоншинос: 40 дарсади эҳсоси хушбахтии инсон вобаста ба худаш аст
Пассажиры в здании Казанского вокзала во время дезинфекционной обработки вокзала

Анҷумаи ширкатҳои сайёҳии Русия бозшавии сарҳадҳоро пешгӯӣ кард

429
(Таҷдидшуда 12:34 11.07.2020)
Анҷумаи ширкатҳои сайёҳии Русия пешгӯии хушбинонаро барои  барқарор кардани парвозҳои байналмилалӣ гуфт

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Парвози хатсайрҳои мусофирбари ба минтақаҳои сайёҳие, ки маъмулан мардуми рус ба он таваҷҷуҳ доранд, дар гумон аст пеш аз  охири моҳи сентябр - октябр барқарор шавад,  гуфт  Мая Ломидзе, директори иҷроияи Анҷумани ташкилотҳои сайёҳии Русия (ATOR) зимни суҳбаташ дар эфири радиои "Говорит Москва".

Мая Ломидзе изҳор доштааст, ки пешгӯии аз ҳама хушбинона авохири моҳи сентябр – октябр хоҳад буд.

Ба гуфтаи вай, дар навбати аввал, интиқол ба ҷойҳои маъмултарини туристӣ дубора барқарор карда мешавад.

Вай илова намуд, ки набояд дар илова ба ҳодисаҳои рухдода асабонияти худро зиёд кард.

"Аммо ин маънои онро надорад, ки мо дар соли 2020 ба ҳеҷ ҷо парвоз нахоҳем кард. Албатта, ин саволест, ки ҳама ҳам сайёҳон ва ҳам соҳаи туризм мепурсанд. Ин як саволи муҳим аст, вақте имконпазир мешавад мо на танҳо шаҳрвандони худро фиристем, балки шаҳрвандони хориҷиро низ қабул мекунем".

Ба гуфтаи вай, бояд дарк кард, ки вазъ хеле зуд тағир меёбад.

Ломидзе ёдовар шуд, ки Хорватия охири моҳи июн боз шуд, дар моҳи май Туркия эълом дошт, ки барои қабули шаҳрвандони Русия омода аст.

"Булғория омодагии худро барои қабули шаҳрвандони Русия эълом кард. Ҳама эҳсос доштанд, ки фавран, агар пагоҳ набошад, пас аз фардо, мо ба баъзе кишварҳо парвозро оғоз хоҳем кард" Анҷумани ширкатҳои сайёҳӣ.

Вай афзуд, ки агар вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон бадтар шавад, маҳдудияти кушодани сарҳадҳо метавонад тамдид ёбад. Бар асоси пешгӯиҳо, равуои байналмилалӣ танҳо дар моҳи декабр дубора барқарор мешавад.

"Ҳоло мо медонем, ки кушодашавии парвозҳо ба ягон минтақаи сайёҳӣ то охиримоҳи июл мӯъҷиза хоҳад буд, ва дар гумон аст. 99 фоиз - не. Август сахт зери суол аст" гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки бар асари пандемияи коронавирус, Русия парвозҳои байналмилалии нақшавӣ ва чартериро 27 март ба таъхир андохт.

 

429
Шокирджон Хакимов, архивное фото

Ҳакимов: ҷорӣ кардани ҷарима барои напӯшидани ниқоби тиббӣ, мантиқан нодуруст аст

1053
(Таҷдидшуда 17:37 08.07.2020)
Маҳдудиятҳо барои напӯшидани ниқоби тиббӣ қариб, ки пандемияро пешгирӣ карда наметавонанд, аммо омили хатари ришваситонӣ мегарданд, мегӯяд ҳуқуқшинос ва сиёсатшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов

Чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйирот ба Кодекси ҶТ дар бораи қонуншиканиҳои маъмуриро, ки аз ҷониби парлумони кишвар тасдиқ гардид, имзо кард.

Хакимов о новых "масочных" штрафах: это нелогично и неэффективно

Мувофиқи он, барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ба воситаи расонаҳо дар бораи пандемия ҷарима аз 580 сомонӣ барои шахсони воқеӣ ва 11600 сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.

Афзун бар ин, барои напӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шаҳрвандонро метавонанд аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима кунанд.

Аммо, феълан, вақте ки пандемияи коронавирус дар кишвар каме коҳиш меёбад, ин маҳудудият аллакай мантиқ надорнд, ғайр аз пур кардани буҷа, мегӯяд муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, коршинос Шокирҷон Ҳакимов.

"Ин иқдом камсамар ва мантиқан нодуруст аст. Вақте ки феълан дар Тоҷикистон ҳаво гарм аст ва маризӣ то рафт кам мешавад, мақомот қарор доданд, ки ба қонунгузорӣ меъёри вижа ворид кунанд ва дар ҳамин ҳол даромади аҳолӣ ва ришваситониро дар сатҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба назар нагирифтанд", - таъкид мекунад Ҳакимов.

Тағйирот пас аз нашр тавзеҳи он дар расонаҳои давлатӣ ҳукми қонунӣ мегирад.

1053
Боковой судья, архивное фото

Ҷазои тими “Саройкамар” аз суи ФФТ: ба ҷойи се бозигар чо нафарро иваз кар

0
Кумитаи назорат ва одоби Федератсияи Футболи Тоҷикистон тими “Саройкамар”-ро барои вайрон кардани қоидаи бозӣ дар вохурии пешакии Ҷоми футболи Тоҷикистон ҷазо додааст

ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи кишвар масъулони тими “Саройкамар”  дар рақобат бо “Панҷшер” ба ҷойи се бозигар чор нафарро иваз кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ин дар ҳолест ки дар ҳар бозӣ барои ивази се бозигар танҳо иҷозат дода шудааст.

Бозии мазкур 7 июл доир гашта бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи “Саройкамар”   хотима ёфта буд.

Тибқи қарори ниҳоии Кумитаи одоби ФФТ тими “Саройкамар”  ба таври техникӣ маълуб ҳисобида шуда, натиҷаи бозӣ бо ҳисоби 0:3 ба фоидаи “Панҷшер” ҳал шуд.

Илова бар ин, Кумитаи интизомии ФФТ аз шӯъбаи доварони Федератсия дархост кард, ки нисбати намояндагони расмии бозӣ - дастаи ҳакамон ва нозирони ин вохӯрӣ барои хунукназарӣ нисбат ба кор  ҷазои сахтро татбиқ кунанд.

0