Намояндагони воломақоми Арабистони Саудӣ. Акс аз бойгонӣ

Арабистони Саудӣ аз рафтори Қатар норозӣ аст: коршинос

238
(Таҷдидшуда 10:36 06.06.2017)
Сиёсати Қатар ба аксари ҳамсоякишварҳо писанд нес

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Чор давлати арабӣ барои пуштибонии Доха аз "гурӯҳҳои теруристӣ" равобити сиёсиро бо Қатар қатъ карданд.

Коршиноси Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ, устоди мактаби олии риёзии Русия, Григорий Лукянов сабаби кандани муносиботи сиёсии кишварҳои арабро бо Қатар шарҳ дод.

"Қатар мехост, бо ёрии ИМА ва Иттиҳоди Урупо дахолати "Бародари бузург" (Арабистони Сауди) — ро ба сиёсати дохилии худ аз байн барад. Шарикии Қатар бо Амрико ва Иттиҳоди Урупо ва мавҷудияти василаи боқуввати тарғиботӣ чун "Ал — Ҷазоир", омилҳое ҳастанд, ки Қатарро бояд ба яке аз бозигарони муҳими минтақавӣ табдил диҳанд. Ҳамаи ин ба ҳамсоякишвар — Арабистони Саудӣ писанд нест", — шарҳ дод Лукянов дар суҳбат бо Sputnik Узбакистон.

Ба гуфти коршинос Арабистони Саудӣ бар он аст, ки чунин сиёсати Қатар ягонагии минтавақиро халадор мекунад.

Рӯзи душанбе, 5 июн Аморати Муттаҳидаи Араб ба дипломатҳои қатарӣ 48 соат ва шаҳрвандони ин кишвар 14 рӯз мӯҳлат дод, то хоки ин кишварро тарк кунанд.

Арабистони Саудӣ низ ин иқдоми Аморати Муттаҳидаи Арабро пайгирӣ карда, ғайр аз ҳоҷиён дигар шаҳрвандони Қатарро аз давлаташ пеш кард. Мамолики араб Қатарро дар пуштибонӣ аз гурӯҳҳои тундрави "Ал — қоида" ва "Давлати исломӣ" айбдор кардааст.

Ҳамин тавр, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Иморати Муттаҳидаи Араб ва Миср дар бораи қатъи робитаҳои сиёсӣ бо Қатар эълом карданд.

238
Барчаспҳо:
Григорий Лукянов, Арабистони Саудӣ, Қатар
Мавзуъ
Нархи нафту сӯзишворӣ гарон мешавад: назари коршинос ба қазияи Қатар
Ғайр аз ҳоҷиён: Арабистони Саудӣ ва АМА қатариёнро аз давлаташон ронданд
Посол Таджикистана в Москве Имомуддин Сатторов

Сатторов гуфт чӣ тавр дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон кумак мерасонанд

615
(Таҷдидшуда 13:10 24.05.2020)
Сафири Тоҷикистон дар Русия дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки чигуна ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд кумак расонида мешавад

Ба гуфтаи Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия таъкид кард, ки сафорат тариқи аъзои шурои ҷамъиятӣ дар бораи ниёзмандон ба кумак иттилоъ гирифта, ба онҳо ёрӣ мерасонад.  

Сатторов илова кард, ки мубодилаи маълумот бо беш аз 90 созмони ҷамъиятиву диаспора ба роҳ монда шудааст.

“Сухан дар бораи ҳазорҳо нафар меравад, ки ба онҳо дар Маскав ва дигар минтақаҳои Русия кумак росонида шудааст. Соҳибкороне ҳастанд, ки аз ифшои номашон худдорӣ мекунанд. Кумаки онҳо ба даҳҳо ҳазор нафар дастрас шудааст”, - гуфт сафир.

 

Сатторов рассказал, как помогают гражданам Таджикистана в России

 

Инчунин Сатторов қайд кард, ки дар Русия ва Тоҷикистон ташкилотҳое ҳастанд, ки барои расонидани кумак аз сафорат рӯйхати шахсони ниёзмандро талаб мекунанд. Онҳо худашон ба ниёзмандон кумаки молӣ мерасонанд.

“Бо ёрии сафорат Тоҷикистон дар Русия давоми ду моҳ, маводи ғизоиро тақсим кардем. Сухан дар бораи беш аз се ҳазор нафар меравад, ки бевосита тариқи сафорат ба ин кумакҳо дастрасӣ пайдо карданд”, - гуфт сафир.

Дар ҳамин ҳол, Сатторов зикр кард, сафорат ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҷой кори хайрашро эълон намекунад, дар ҳоле, ки ин кор ҳамарӯза идома дорад. 

615
Барчаспҳо:
зиндагӣ, шаҳрвандон, кумак, Русия, сафири Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Абдулло Давлатов

Сӯҳбати Давлатов аз бақои коронавирус, иштибоҳи табибони тоҷик ва кор дар Ватан

5044
(Таҷдидшуда 12:53 22.05.2020)
Доктор Абдулло Давлатов мегӯяд, коронавирус ҳеҷ гоҳ нобуд нахоҳад шуд ва аз бадане ба бадани дигар "сайр" хоҳад кард. Аммо вазъе, ки феълан ба миён омадааст, байни як ё якуним сол муътадил хоҳад гашт

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Пизишки номии тоҷик ва роҳбари пешини Иттиҳодияи тоҷикони Маскав доктор Абдулло Давлатов чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки ҳангоми табобати гирифторони коронавирус, худаш ҳам ба ин дард печид. Пизишк афзуд, ки дар табобат аз ду дору истифода мекунад ва эҳтиёҷ ба сӯзандору нест.

Ӯ дар ин навиштааш сӯзандору ва чак-чаки зиёдро зараровар хонд ва маслиҳат дод, ки беморон ба худтабобаткунӣ машғул нашванд.

Sputnik Тоҷикистон бо доктори мӯҳтарам  дар бораи табобати коронавирус, вазъи паҳншавии ин вирус дар Тоҷикистон ва низоми тандурустӣ дар ватан сӯҳбати ботафсил анҷом дод.

- Пеш аз дақиқ шудани бемориатон, шубҳае доштед, ки ин вирус ба шумо ҳам часпидааст. Умуман ин бемориро чигуна аз сар гузаронидед?

- Ҳоло шубҳа дар ҳама ҳаст. Баъди муоинаи ҳар як бемор аз мо ташхис мегирифтанд, аммо нишонае набуд. Нахуст, нафасгириям мушкил шуд. Баъдан ҳангоми томографияи компютерӣ дар шонаи чапам сиёҳмола пайдо карданд, ки онро метавон ҳангоми дигар бемориҳо ба монанди пневмания, астмаи бронхиалӣ мушоҳида кард. Сипас боз як бори дигар ташхис гирифтанд, ки натиҷааш мусбӣ буд. Бо ҳамин табобатро оғоз намудем.

- Тавре гуфтед, хушбахтона баъди бемории шумо, касе аз хонаводаатон сироят наёфт. Чӣ гуна тавонистед, онҳоро эмин нигоҳ доред? Ба дигарон чӣ тавсия медиҳед?

- Дар пандемияи феълӣ, пеш аз ҳама худинзивоӣ муҳим аст. Коронавирус танҳо тӯли 14 рӯз, ки дар бадани инсон фаъол аст, метавонад дигаронро сироят кунад. Баъд аз он сироят намекунад.

Роҳҳои муҳими пешгирӣ - пӯшидани ниқобӣ тиббӣ, дастпӯшак, шустани дасту рӯй, бинӣ, ҷудо кардани утоқи бемор ва иртиботи камтар бо ӯст. Дезинфексия ҳам нақши муҳимро мебозад.

Ниқобро ҳам бояд дуруст истифода бурд – дар ду соат иваз кард.

Ду доруе, ки шумо пештар тавсия дода будед, дар кадом давраи сироятёбӣ самаранок аст ва агар аҳволи бемор вазнин шуд, кадом роҳҳоро бояд пеш гирифт?

Он ду доруҳо тавсияҳои Вазорати тандурустии Русия ҳастанд, на аз ман. Барои ман ин ду дору аз ҷониби мутахассисони соҳа таъин шуда буданд. Феълан, дорувориҳои Гидроксихлорохин (Плаквенил, Иммард), Мефлохин, Хлорохин ва дигар доруҳое, ки ба гурӯҳи Хинин ворид мешаванд, дар тамоми дунё зидди коронавирус истифода мешаванд.

Агар иллати шуш (масъалан дар ман 20 фоиз буд), 40- 50 фоиз шуд, дигар доруҳо илова мегарданд. Аз ҷумла доруҳое, ки таркиби хунро моеътар мекунанд, ба монанди дорӯҳои гепаринӣ (Энаксопарин) ва ё Аспирин таъин мешаванд. Вале дар ҳолатҳои сабук доруҳои гурӯҳи Хининӣ кифояанд.

Масъалан, дар ҳолати ман, Гидратсехилорахинро, ки 200 миллиграм аст, дар рӯзи аввал ду ҳабӣ ду бор ва аз рӯзи дувум яктаблеткагӣ ду бор истифода кардам. Ин доруро бояд ақалан 14 рӯз истеъмол кард.

Аммо агар дар боробари ин, нишонаҳои илтиҳоби шуш бошад, антибиотик илова мекунанд ва ҳадди ақал шаш рӯз он истифода мешавад.

Барои нафароне, ки бевосита бо гирифторони коронавирус дар иртибот ҳастанд Нефлахин ва гурӯҳи ҳамин доруро метавон тавсия дод. Вале бояд донист, ки ин доруҳо зарар ҳам доранд - метавонанд аретмия диҳанд. Барои ҳамин, ин доруҳо фақат таҳти назорати духтур, баъди ҳар панҷ рӯз ЭКГ кардан, хун супоридан бояд қабул кард.

- Реҷаи хӯрок дар мубориза бо коронавирус нақш дорад?

- Тавсияҳо дар мавриди хӯрок рекламае беш нестанд. Чи хеле ки пештар  дар Русия Арбидолро рекломи зиёд карданду  Хадамоти зиддиинҳисорӣ маҷбуд шуд, ки онҳоро огоҳӣ диҳад.

Ба фикри ман, дар роҳи мубориза бо коронавирус доруҳои зиддивирусӣ, доруҳои имунамоделяторҳо ё ки ғизоҳои махсус кӯшишҳои беҳудаанд.

Сирпиёзу лимӯ, имбир ин ҳама реклом ҳастанд. Ман шахсан доим аз лимону имбиру сирпиёз истифода мебарам, онҳо воқеан муфиданд, лекин то ин ки ба организм таъсир кунанд, бояд солҳо ё моҳҳо истифода бурд.

Аммо дар ҳолати табобат бисёр хӯрдани он зараровар аст.

Беҳтарин коре ки одамон метавонанд дар роҳи мубориза истифода кунанд, карантин, тозагӣ, ниқоб аст. Бояд маълумотро аз интернет камтар ҷуст ва ба мутахассисон муроҷиат кард.

Вазъияти паҳншавии коронавирусро дар  Тоҷикистон чигуна тасаввур мекунед?

Вазъият дар Тоҷикистон вазнин аст. Аз рӯзҳои аввал медонистем, ки агар кор ба сироятёбӣ гузарад, мушкил мешавад.

Дар мавридҳои аввал, ки коронавирус ташхис нашуда буд, пешгирии он аз кормандони милиса, сарҳадбонон вобаста буд ва онҳо ҳар коре ки метавонистанд карданд ва муддати тӯлонӣ ин вирус набуд ва ин беҳтарин кор буд.

Имруз, ки кор ба духтурон расидааст, вазъ муташанниҷтар мешавад, инро аз аввал пешгӯӣ мекардем.

Барои чӣ? Барои он ки масоҳати Тоҷикистон кам аст ва 93 дар сади кишвар кӯҳ асту мардум ҳамагӣ дар 7 дар сад зиндагӣ мекунанд, аҳолӣ зич ҷой гирифтааст -  ин худ ба худ як сабаби ба осонӣ паҳн шудани коронавирус мешавад.

Сониян, дар ҳақиқат мактаби тиббии Тоҷикистон беҳбудӣ мехоҳад. Дар ин рӯзҳои вазнин, ки вазири нав таъин шуд, умед аст ва бояд ба ӯ кумак ҳам кард, ки илоҷе карда зарари коронавирусро кам кунад.

Ман дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебинам, ки бисёре аз ҳукуматдоронро интиқод мекунанд, вале духтурон имрӯз ки дар сафи пешанд ва масъулиятро бояд ба даст гиранд.

Вақте ки як "байтор" ба мардум маслиҳат медиҳад, коронавирусро бояд чигуна табобат кард, ин таҳқир ба духтур аст. Доруе, ки он "табиби ҳайвонот" таъин кардааст, роҳи мубориза бо пневманияи ғайривирусӣ асту ба вирус иртиботе надорад. Афзун бар ин, дар натиҷаи табобати таъинкардаи вай, узвҳои муҳиме чун ҷигар, рӯда ва гурда зарари ҷиддӣ хоҳанд дид.

- Ба фикри Шумо, дар аввалҳо дар ҳақиқит шуюи коронавирусро дар Тоҷикистон пинҳон карданд?

- Ман ҳашт сол аст, ки дар Тоҷикистон нестам ва намедонам, аммо фақат такя ба маълумотҳои расмӣ мекунам. Аз ҳама болотарин ташкилоте, ки мо духтурон ба он эътимод дорем, Созмони ҷаҳонии беҳдошт аст. Ман наметавонам, ки  ба шабакаҳои иҷтимоӣ бовар кунаму ба ташкилоти ҷаҳонӣ не.

- Пас чаро маргу мир аз коронавирус дар Тоҷикистон зиёд аст?

- Ин ҷо сабаби дигаре ҳаст. Ба фикри ман, сабаби асосии муриш айби духтурон аст. Вақте ки мардум ба низоми тандурустӣ итминон надоранду аз интернет ба худтабобаткунӣ машғул мешаванд, натиҷааш ҳамин мешавад. Феълан мардум аз тарси коронавирус ба ҳар кори хатарнок омода ҳастанд.

Аз ҳама иштибоҳи калон ин аст, ки  мардум дорувориҳои тиббиро беташхис ва бе тавсияи духтур истифода мекунанд.

Дар бисёри кишварҳо протоколҳои табобатӣ аст. Намедонам, ин протокол дар Тоҷикистон бошад ё не, вале бояд аз рӯи он фаъолият бурд.

Масъалан, мо ҳангоми табобати пневмания доруҳои гурӯҳи Амокситсилин ё макролидҳоро, ки дар радаи авал меистанд, таъин мекунем, агар инҳо дар 48 - 72 соат фоида накарданд, ба антибиотикҳои респираторӣ (Левофлоксатсин, Моксифлоксатсин ва амсоли инҳо) мегузарем. Ва агар ин ҳам нашуд, баъд ба сӯзандору мегузарем.

Кӯдаке аз батни модар олудаи вируси корона таваллуд шуд

Аммо (чуноне ки ба ман аз Тоҷикистон мефиристанд), мебинам, ки дар ташхиси аввал пизишкони тоҷик 14 ё 15 дору таъин мекунанд. Ин гуна табобат бисёр хатарнок аст.

Ё дигар ҳолатҳои аҷиб. Ҳамарӯза чанд нафар аз Тоҷикистон ба ман тариқи интернет муроҷиат мекунанд. Ман баъди дидани натиҷаҳои ташхис ва шунидани шикоятҳошон ба онҳо дармон мефармоям. Аммо онҳо қариб бовар намекунанд, ки бо истифодаи ҳабҳо(дар ҳолати онҳо) метавон шифо ёфт. Мардум ба сӯзандору ва чак-чак чунон одат кардаанд, ки дигарашро қабул надоранд.

Ҳамин тавр, риоя накардани тавсияҳои духтурон, худтабобаткунӣ, табобати нодурусти пневмания, зуқом ва бемориҳои роҳҳои нафаскашӣ боиси маргумири зиёд аст.

 Кошки, дар Тоҷикистон ҳам тавсияҳои хос нисбати табобати беморо  таҳия шаваду барои духтурон ҳатмӣ бошанд.

Дар ин шабу рӯз духтурон, сардухтурон, масъулин, биологҳо, форматсевтҳо, химикҳо бояд ҳарчӣ бештар дар телевизионҳои Тоҷикистон баромад кунанд,дар бораи хусусиятҳои хоси коронавирус, истеъмоли доруҳо, ҳарчӣ бештар маслиҳату тавсия диҳанд.

Ман фикр мекунам, ки агар баъди пандемия кормандони прокуратура, суд, милиса нисбати духтурон корҳои ҷиноӣ зиёд кушоданд, ҷои тааҷҷуб нест. Зеро ҳолати феълӣ ба инобат гирифта мешаванд ва аз мадди назари қонун дур намемонанд. Дар ин шаби рӯз нисбати ҳамкасбонам ягон чизи бад гуфтани нестам, аммо ҷои афсус аст, ки ин иштибоҳ ҳаст.

Ба ақидаи ман аксарият аз табобати нодуруст фавт карданд.

-То ҳол дар Тоҷикистон карантин эълон накардаанд. То кадом дараҷа карантинро дар кишвар муҳим меҳисобед?

- Намедонам бо кадом сабаб дар кишвар карантин накарданд. Вале бастани роҳҳои байни ноҳияҳо, мардумро ба нишастан дар хона маҷбур кардан муҳим аст. Бояд ҳарчи бештар роҳи иртиботи бевоситаи одамонро бо якдигар гирифт. Анъанаи меҳмонӣ, аёдати беморро муваққатан маҳдуд кард. Умуман, ба фикри ман, дар Тоҷикистон низ бояд карантин кунанд.

- Тағйироти кадрие, ки дар вазорати тандурустӣ шуд, дар мубориза бо коронавирус нақше мебозад?

- Роҳбарияти вазоратро, ки дар ин шароити вазнин иваз карданд, шояд дар кори вазири пешин ягон нуқс пайдо карданд. Барои ин ки дар ин шароити вазнин иваз кардани вазир хело асоси муҳим мехоҳад.

Вазири навро ман аз даврони донишҷӯияш мешиносам. Медонам, ки як ҷавонмарди ботамкин, ботаҳаммул ва дурандеш аст. Медонам, ки сахтгир аст ва дар кораш ҷиддӣ муносибат мекунад. Масъулиятшинос аст.

Ман умедворам, ки вазъ бояд беҳтар шавад ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон самти ҷиддӣ бигирад.

- Агар кӯмаки шумо лозим шуд, даъват карданд ва ё лозим шуморидед ба табибони тоҷик мепайвандед ва ба Тоҷикистон барои кор меравед?

- Ҳамчун духтурӣ қаторӣ не, албатта. Аммо, чуноне ки гуфтам, барои тайёр кардани тавсияҳои умумӣ барои пешгирӣ, барои корҳое, ки барои ҷомеа муфид бошанд, чаро не. Шарт нест, ки он ҷо равам, аз ҳамин ҷо ҳам метавонам гурӯҳи онлайн ташкил кунему кӯмак расонем. Ман ба ҳамкорӣ бо табибони Тоҷикистон омода ҳастам, ҳар чизе ки мехоҳанду аз дастам меояд, ҳатто бо ҷалби дигар мутахассисони соҳаи тандурустии Русия то ҷое ки имкон дорам, мекунам.

- Агар расман вазорати тандурустӣ дархост равон кунад чӣ?

- Агар лозим шуморанд, ҳатман меравем, дар  замони пандемия, дар замони мушкил меравам ва хизмат мекунему бармегардем.

- Ба назарияҳои шуюи коронавирус аз кӯршапарак розиед?

- Коронавирус аз кӯршапарак неву аз панголин шуюъ кардааст. Куршапарак ин ҷо ҳамчун воситаи интиқоли коронавирус аз панголин ба одамон гаштааст.  Ин аллакай илман дақиқ шудааст, ки коронавирус дар бадани панголин солҳои сол мавҷуд будаасту мутатсия шуда, тавассути кӯршапарак ба инсон гузаштааст ва ман боварӣ дорам, ки чунин мутатсия имкон дорад.

- Ба фикри шумо ин вирус то кай дар байни одамон мемонад, ва оё роҳи ягонаи наҷот ҳамин ваксин бошад?

- Ман фикр мекунам, ки дигар ҳеҷ вақт ин вирус гум намешавад. Вале аз рӯйи илм агар гап занем, вақте ки 60 то 65 дар сади аҳолии дунё ин вирусро гузарониданд, он гаҳ иммунитети коллективӣ пайдо мешавад, КОВИД -19  ин хел марговар намешавад.

Коронавирус мисли дигар вирусҳое ки ҳасанд, ҳеҷ гуҷо гум намешавад, вале гоҳ гоҳе сироят мекунад.

Зидди вирус дору пайдо кардан осон нест. Бактерияҳоро осонтар аст, нобуд сохт, то вирус. Зеро онҳо ҳуҷайраанд, ки аз митохондрия, рибосома, мемирана, нуклеоид ва ғайра доранд. Антибиотикҳо онҳоро мекушанд.
Вирус содда аст – танҳо аз РНК ё ДНК иборат аст. Лекин онро нобуд кардан осон нест. Антитела ё масъунияти махсус зидди вирус, ё ваксин метавонад роҳи наҷот аз вазъи феълӣ бошад.

Ман фирк мекунам, вазъи феълӣ як ё якуним соли дигар давом меёбад. Вале ҳатман ваксин пайдо хоҳад шуд.

- Ба пизишкони тоҷик дар роҳи мубориза бо коронавирус чӣ маслиҳат медиҳед?

- Бояд аз духтурон талаб карда шавад, ки дар роҳи мубориза бо КОВИД-19 тавсияҳое, ки СҶБ, Вазорати тандурустии Русия , Пажӯҳишгоҳҳои беҳтарини дунё, медиҳанд, истифода кунанд. Аз ҳама қулаяш метавонанд аз тавсияҳои  Вазорати тандурустии Русия истифода кунанд, ки дар кишвар нишондоди марг аз корона аз дигар кишварҳо ба маротиб камтар аст. Аз пеши худ, табобат накунанду тахайюлоташонро истифода набаранд.

Вазорати фарҳанг: ба овозаю ҳангомаҳо дар атрофи бемории коронавирус бовар накунед

Коронавирус ин қадар даҳшатнок нест, аммо пешгирӣ, табобати саривақтӣ ва дурусти он муҳим ва натиҷаҳо аз он вобаста аст.

5044
Руки в наручниках, архивное фото

Куштори зани 69 - сола дар Бохтар: гумонбар боздошт шуд

0
(Таҷдидшуда 11:59 25.05.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рух додани ҳодисаи нохуш, одамкушӣ дар шаҳри Бохтар хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Кормандони милитсия нафари муттаҳам дар куштори сокини шаҳри Бохтарро боздошт намуданд.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Турдиев Аскар санаи 16-уми майи соли 2020 аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Бохтар  дастгир гардид. Номбурда сокини кӯчаи Ф. Саидови шаҳри мазкур буда, дар куштори зани 69-сола, сокини ҳамин шаҳр гумонбар дониста мешавад.

Куштор: сокини Исфара марди 37-соларо дар ҳавлияш корд зад

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки зимни тафтишот номбурда дар содир намудани ҷиноят ба пуррагӣ иқрор гашт.

Зимнан, аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Бохтар нисбати Турдиев Аскар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда, тафтишот идома дорад.

0
Барчаспҳо:
куштор, Бохтар