Сардор Раҳдор: вақт нишон медиҳад, кадом забон мемираду кадом зинда мемонад

Обуна шудан
Чанде пеш дар Тоҷикистон китоби Сардор Раҳдор "Адьувьҷин созэн" (Гулчини ашъор) мунташир шуд

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik, Нилуфар Некқадам. Ин китоб ба муносибати "Ҷашни Алмосӣ" — барномаи бузургдошти шастумин солгарди имомати Волоҳазрат Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV бо ибтикори созмони "Равшандилон" мунташир шуд.

Китоби "Адьувьҷин созэн" гулчине аз шеъру тарона, дубайтиҳо, қиссаву сурудҳоеро дар бар дорад, ки Сардор Раҳдор дар чандин сол ба забони рӯшонӣ эҷод кардааст. Sputnik Тоҷикистон дар бораи ин китоб ва ҳамчунин сарнавишти забонҳои помирӣ бо шоир Сардор Раҳдор суҳбат кард.

"Дар ин китоб ман шеърҳоеро, ки аз ашъорам бештар писандидаам, гулчин кардам. Аз ин рӯ он "Адъувъҷин созен" яъне "Гулчини ашъор" ном гирифтааст. Ин китоб ба забони рӯшонӣ навишта шуда, барои кӯдакон таълиф шудааст", — гуфт Сардор Раҳдор.

Аз фалсафаи мазҳабӣ то сарбозӣ дар Афғонистон

"Аз онҷое, ки ман солҳои тулонӣ дар созмонҳои мазҳабӣ фаъолият доштам, як бахш аз китобро ба мавзуъи фалсафаи маҳзаби исмоъилия ихтисос дода ва дигар бахшашро барои васфи Ватан ҷудо кардам".

Дар қисмати сеюм ман хотираҳо аз хидмати сарбозиям дар Афғонистонро ба қалам дода, аз дӯстону ҳамхидматонамро ёд кардаам. Бахше дигар аз ин китобро ба ёди наздиконам, ки акнун дар қайди ҳаёт нестанд, ба падару модарам, бахшидам.

Китобро барои кӯдакони то чаҳорсола таълиф кардаам. Масалан, барои ҳар ҳарфи алифбое, ки барои забонҳои рӯшонӣ ва шуғнонӣ интихоб шуда, шеърҳое барои кӯдакон таълиф кардаам.

© Фото : Аз бойгонии Назархудо ДастамбуевКитоби Сардор Раҳдор бо забони рӯшонӣ
Китоби Сардор Раҳдор бо забони рӯшонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Китоби Сардор Раҳдор бо забони рӯшонӣ

Дар ин китоб ҳамчунин чистонҳое мардумӣ ва аз офаридаҳои шоъир низ гирд оварда шудааст. Дар бахше дигар аз китоб масалҳо ва панду насиҳат оварда шудаанд.

Сардор Раҳдор дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки кӯшидааст осореро баргузинад, ки бо афкори хурдсолону кӯдакон созгор бошанд ва ҳамчунин панду насиҳатҳое дар он ҷой дода шудааст.

Народный поэт Таджикистана, лауреат Государственной премии СССР Мумин Каноат с дочерью Ширин. - Sputnik Тоҷикистон
ЮНЕСКО: забонҳои яғнобӣ ва помирӣ рӯ ба нобудӣ ниҳодаанд

Шоъир мегӯяд, бо овардани бархе аз ҳикояҳо кӯшидааст афкори ҷомеаро дигаргун кунад. Чунончи, ӯ аз бузургсолон мисоле оварда гуфт, ки бархе аз калонсолон кӯдаконашро мегӯяд, ки парастуро нарас, ки парандае бечора аст, вале занбӯрро бикуш, ки метавонад туро бигазад. Дар ин росто Сардор Раҳдор ҳикояи зерро нақл кард:

Чаро занбӯр виз-виз мекунад?

"Рӯзе аждаҳо занбӯрро мефармояд, ки гӯшти ҳама мавҷудоти зиндаро бичашаду хуштаъмтаринро шиносоӣ кунад, то пас аз он аждаҳо танҳо ҳамонро шикор кунад. Занбӯр гӯшти ҳама мавҷудоти зиндаро чашида, маълум месозад, ки лазизтарин гӯшт аз инсон будааст. Ҳангоми бозгашт ба назди фармонравояш — аждаҳо — занбӯр парастуро дучор мешавад. Парасту аз ӯ мепурсад, ки куҷо будӣ ва чӣ кор кардӣ? Занбӯр дар посух мегӯяд, ки ман хушмаззатарин гӯшти ҷаҳонро шиносоӣ кардам ва акнун бар мегардам то онро барои фармонравоям бигӯям. Парасту ӯро фиреб дода мегӯяд, кани забонатро барор бибинам. Лаҳзае, ки занбӯр забонашро мебаорад, парасту онро мебурад ва аз ҳамон замон то кунун занбӯр дигар виз-виз карда умр ба сар мебарад".

Гузашти замон нишон медиҳад, кадом забон нобуд мешаваду кадоме мемонад

ЮНЕСКО феҳристи тозае аз забонҳои мирандаи ҷаҳонро нашр кардааст. Бино бар ин феҳрист, наздик ба сеяки забонҳои ҷаҳон дар ҳоли нест шудан қарор доранд. Бархе аз забонҳое, ки дар Тоҷикистон гӯишвар доранд, низ дар ин феҳрист оварда шудаанд.

Сардор Раҳдор дар посух ба саволи Sputnik Тоҷикистон дар бораи нест шудани забонҳои помирӣ чунин посух гуфт:

"Ояндабинӣ кори пайғамбарон аст, ин кори мушкил аст. Вале вақте мо дар соли аввали донишгоҳ таҳсил мекардем, устоде доштем Норматов ном. Ӯ аз мо суол кард, ки аз куҷоед? Гуфтем, аз Рӯшон. Устодамон гуфт, ки забонҳои помирӣ куллан ва забони шумо пас аз 10 — 15 сол аз миён хоҳанд рафт. Лекин чуноне ки мебинем забонҳои помирӣ то ҳол арзи вуҷуд дорад ва пеш ҳам рафтаанд", — нақл кард Сардор Раҳдор ва илова кард, ки албатта ба қавли философҳо агар хоҳед, ки миллате ё халқеро аз байн баред, нахуст имони онҳоро бартараф карда, пас аз он забонашонро нест кунед.

"Мо намехохем, ки забони мо гум шавад, бигзор ЮНЕСКО гуфтан гирад. Вақт нишон медиҳад, ки кадом забон мемонаду кадомаш нест мешавад".

Таджикистан. Памир - Sputnik Тоҷикистон
Муқбилшоҳ Аламшоев: забонҳои помирӣ ба хатт ниёз доранд

Сардор Раҳдор ҳамчунин гуфт, ки ба наздикӣ боз чаҳор китоби дигар низ нашр шудааст. Ин китобҳо зарбулмасалу пандҳоро дар бар мегирад ва ин маҷмуъаҳо бо забонҳои рӯшонӣ, шуғнонӣ ва вахонӣ мунташир шудаанд.

Айни замон устод Сардор Раҳдор дар Бадахшон ҳузур дорад ва барои кӯдакон ин минтақа китобҳоро бо худ овардааст.

Сардор Раҳдор бар он аст, ки забоне, ки ҳувияташ бар фарҳанг ва мазҳаб такя мекунад, нест нахоҳад шуд. Ӯ бовар дорад, ки соҳибзабонон дар кадом гӯшаи ҷаҳон ки набошанд, забони худро нигоҳ хоҳанд дошт.

"Ман бисёр хонаводаҳоро медонам, ки новобаста аз шаҳрванди дигар кишварҳоро буданашон дар хона бо забонҳои модарӣ сухан мегӯянд. Духтарам дар Амрико ба сар мебарад ва ду писар дорад. Ин кӯдакон пурра забони помириро медонанд", — гуфт шоир.

Вай афзуд, ки забондонӣ ҳарчӣ бештар бошад ҳамон қадар хуб аст, чун мағзи мо тавоноии донистани ҳазорҳо забону ҷойгир кардани милюн хабарро дорад, пас чаро аз он истифода нашавад.

Муҳоҷират ва мӯд шудани забонҳои бегона

Вале доктори улуми ҷомеъашиносӣ Султонбек Оқсақолов муҳоҷиратро хатарноктарин омил барои забонҳои помирӣ медонад.

"Аксари мардуми мо дар Русия ва дигар кишварҳо ба сар мебаранд. Кӯдакони онҳо дар муҳите ба воя мерасанд, ки аз забони давлатӣ ва модарии худ дур ҳастанд. Ин кӯдакон бояд дар навбати аввал забони расмии  ин давлатро аз худ кунанд. Ин омил дар нест шудани забонҳо бисёр асаргузор аст", — гуфт ҷомеъашинос.

Семья мигрантов из Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Аҳволи кӯдакони муҳоҷирон: дурӣ аз Ватан ва ҷудоӣ аз падару модар

Вай афзуд, ки барои муҳоҷирон дур аз зодбум китоб бо забони модарӣ ва дар ситоиши Меҳан бисёр ҷолиб хоҳад буд.

Хатари дигарро ҷомеъашинос дар раванди ҷаҳонӣ шудан ва густариши шитобноки фарҳангу забонҳои бегона, аз ҷумла инглисӣ, дар саросари ҷаҳон медонад.

"Имрӯз дида мешавад, ки аксари донишомӯзони мо рӯ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ оварда ва ба забони модарӣ ё давлатӣ камтар таваҷҷуҳ мекунанд. Ин низ хатаре барои аз миён рафтани ба забонҳои камгӯишвар аст", — гуфт Султонбек Оқсақолов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ роҳи посдошту нигаҳдории забонҳои помириро дар гирдоварии сурудаҳо, афсонаҳо ва достонҳои мардумӣ ва нашри бештари адабиёт ва ворид кардани ин забонҳо дар барномаи омӯзишӣ медонад.

"Ҳар қадар адабиёт ба забонҳои помирӣ бештар нашр шавад, ҳамон қадар хавфи аз миён рафтани ин забонҳо камтар мешавад", — боварманд аст Султонбек Оқсақолов.

Лентаи хабарҳо
0