Кӯдавон. Акс аз бойгонӣ

Президент: фарзандонатонро маҷбур накунед, ки аълохон бошанд

522
(Таҷдидшуда 16:17 20.07.2017)
Кӯшиши ба ҳамагуна маҳфилҳо равон кардани кӯдакон ба равони кӯдак таъсир мекунад мегӯяд профессор, президенти Иттиҳодияи равоншиносони Русия Виктор Макаров

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Коршинос бар он аст, ки кӯшиши волидон барои сабти кӯдаконашон дар маҳфилҳои зиёд ғалат буда, ба равони кӯдак таъсир мерасонад.

"Нахуст бояд дарк кард, ки кӯдак — шахсияти алоҳида аст. Дуввум бояд сатҳи рушди равонӣ ва ҷисмонии кӯдакро дарк кард, сеюм бояд таваҷҷӯҳи ӯро ба инобат гирифт", — гуфт Макаров дар суҳбат Sputnik Қазоқистон.

Ба фикри равоншинос набояд фарзанди худро ба курсҳову дарсҳои зиёд саргардон кард.

"Аз ҳама муҳим — омӯзиш аст. Кӯдаконро набояд маҷбур кард, ки аълохон шаванд. Ин тақдири онҳоро дар оянда душвор мекунад", — қайд кард коршинос.

522
Барчаспҳо:
рӯҳу равони кӯдак, равоншинос, Виктор Макаров, Русия
Мавзуъ
Бӯсаю канор инсонро эҳё мекунад: аз нигоҳи равоншинос
Равоншинос: мардҳо низ чун занҳо зери таъсири ишқ мемонанд
Равоншинос: ишқ бе издивоҷ ва издивоҷ бидуни муҳаббат имконпазир аст
Равоншинос: 40 дарсади эҳсоси хушбахтии инсон вобаста ба худаш аст