Зан ва мард, кас аз бойгонӣ

Чаро ишқи писарони доишӣ бархе аз духтаронро шефта мекунад?

311
(Таҷдидшуда 22:27 01.08.2017)
Духтарони ҷавон дар ҷустуҷӯи ҳамсари меҳрубону шуҷоъ фирефтаи ваъдаҳои дурӯғи таблиғгарони ДОИШ мешаванд

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Рӯзҳои ахир дар Олмон овозае паҳн шудааст, ки гӯё чанде аз духтарони олмонӣ ба сафи гурӯҳи тундгарои "Давлати исломӣ" (мамнуъ дар Тоҷикистон) пайвастаанду ба Сурия рафтаанд.

Равоншинос ва омӯзгор Биргит Эбел дар суҳбат бо Sputnik Deutschland далоили "маҳбубияти" теруристҳоро бозгӯ кард.

Тасаввури дуруғини романтикӣ дар бораи Ховари Миёна

Яке аз далоиле, ки занони хориҷро ба сафи гурӯҳҳои ҷангҷӯён ҷалб мекунад, тасаввури дурӯғини онҳо дар бораи зиндагии мусулмонон аст. Онҳо фикр мекунанд, ки равобити миёни зану мард дар ислом романтиктар аст. Бештар вақт ингуна занон мехоҳанд нақшашон дар зиндагии хонаводагӣ "классикӣ" ё мутаъорифона бошад.

"Маълум мешавад, ин гуна занонро буҳроне фаро гирифтааст. Онҳо дар бештар вақт дар хонаводаҳои аз ҷиҳати равонӣ ноустувор тарбия гирифтаанд, ки волидонашон бисёр сахтгиранд, вале ба духтаронашон камтар таваҷҷуҳ мекунанд. Дар бархе аз маворид чунин духтарҳо бо бародарандару хоҳарандаронашон зиндагӣ мекунанд. Чунин духтарҳо дунёи дигареро барои худ ҷустуҷӯ мекунанд", — мегӯяд Биргит Эбел.

Ба гуфтаи вай, бисёре аз чунин духтарон бар асари таъсири таблиғгарони гурӯҳҳои тундрав худ ифротӣ мешаванд.

"Мардон медонанд, ки чунин духтарон орзу доранд зуд шавҳар кунанд. Аз ин рӯ бо ваъдаву ваъидҳои дурӯғин духтаронро мафтуну гумроҳ мекунанд", — мегӯяд вай.

Ба гуфтаи равоншинос Тобиас Майликке, ифротӣ шудани духтарҳо бештар дар паи тамоси мустақим бо таблиғгарон сурат мегирад.

"Аз пажӯишҳои мо бармеояд, ки мавориде, ки духтарҳо дар паи гуфтугӯҳои интернетӣ фиреб хӯрда бошанд, камтар ҳастанд, гарчи таблиғоти "Давлати исломӣ" дар шабакаҳои иҷтимоъӣ нақши бузурге дорад", — тавзеҳ дод вай.

Пропагандаи ДИ: силоҳ ва гурбачаҳо

ДОИШ дар наворҳои таблиғотияш ҷангҷӯёнашро бо силоҳи Калашников ва гурба дар даст намоиш медиҳад, мегӯяд Майликке.

"Духтаронеро медонем, ки дар хонавонаҳояшон падар мавқеъе надошт. Ин гуна духтарон ниёз ба пуштибоне доранд. Аз дигар сӯ доишиён бо баҳрабардорӣ аз гурбаҳо нақши марди меҳрубону пуштибонро меофаранд",- мегӯяд Эбел.

Афтодани духтарон ба доми ифротиён зуд барои атрофиён маълум мешавад. Онҳо бештар вақт аз дӯстону ошноёнашон дур мешаванд, пӯшишашон дигар мешавад ва дар гуфтор вожаҳои душворфаҳмеро ба кор мебаранд — ин ҳама нишонаҳо барои пайравони фирқаҳои динӣ ҳам сидқ мекунанд.

Ба гуфтаи коршинос, агар духтаре бихоҳад ба Ховари Миёна раваду ба ҷангҷӯён бипайвандад, онҷо ноумедӣ ва дилшикастагӣ интизораш хоҳанд буд.

"Мо дар раванди корамон бисёр занҳоеро дидаем, ки сарнавиштонро бо ДОИШ пайваставу ҳаёташонро сӯхтаанд. Онҳоро ба чандин мард ба занӣ додаву борҳо таҷовуз кардаанд. Бисёре аз онҳо чандин фарзанд зодаву бисёре аз навзодонашонро дар ҷангҳо аз даст додаанд", — гуфт дар фарҷом Майликке.

311
Барчаспҳо:
мард, муносибат, зан, ДОИШ, коршиносон, Дар ҷаҳон