Муташанниҷ: сафири Русия дар бораи авзоъи марзи Тоҷикистону Афғонистон

© Sputnik / Хушнуд Рахматуллаев / Гузариш ба медиабонкТаджикские пограничники на таджикско-афганской границе. Архивное фото
Таджикские пограничники на таджикско-афганской границе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазъ дар ноҳияҳои шимолии Афғонистон, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳаммарз аст, бисёр муташанниҷ аст, гуфт сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ташаннуҷ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Русияро чун шарики стратегӣ бетараф гузошта наметавонад, гуфт сафири Русия дар Тоҷикистон.

"Вазъ дар Афғонистон ва махсусан дар ноҳияҳои шимолии он, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳаммарзанд, бисёр муташанниҷ аст. Аслан ин ба Тоҷикистон дахл дорад, ки бо ин кишвар 1344 км марз дорад", — гуфт сафири Русия дар Тоҷикистн Игор Лякин-Фролов дар суханронияш дар ҳамоиши байналмилалии "Мубориза бо теруризм ва экстремизм дар Уруосиё: таҳдидҳо ва таҷрибаи муштарак".

Солдат вооруженных сил Таджикистана на границе с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Марзбонони тоҷик оромиро танҳо дар “хоб” мебинанд

Ӯ таъкид кард, ки Русия дар замнаи низомиву фаннӣ ва ҳамкориҳои марзӣ ба кишварҳои ҳамсоя кумак мекунад ва дар ин росто размоишҳои муштарак барпо менамояд.

"Чунин сигналҳо барои онҳое, ки мехоҳанд марзҳои ҷанубиии ИДМ-ро таҳдид кунанд, ҳушдори хубе хоҳад буд", — гуфтааст сафир.

Коршиносони тоҷик ҳам аз вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон нигаронанд. Онҳо мегӯянд, ки гурӯҳҳои ғайридавлатии Афғонистон дар ҷустуҷӯи сарчашмаҳои нави даромад ҳастанд.

Қочоқбарони афғон усулҳои худро дигар мекунанд. Вақтҳои охир қочоқбарон роҳи худро ба истифода аз силоҳ мекушоянду ба марзбонони тоҷик оромӣ намедиҳанд.

Толибон ҷаҳд доранд нафақат сарчашмаи истеҳсоли тиллову ёқуту лоҷуварро дошта бошанд, балки қочоқи маводи мухаддиро низ зери назорати худ бигиранд.

Кордонон тамоюли дигареро мушоҳида кардаанд — ҷангиён роҳҳои қочоқи маводи мухаддиро ба василаи истифода аз силоҳ мекушоянд.

Дар давоми ним соли аввал, мақомоти Тоҷикистон 12 ҳазор қонуншикании марзии вобаста ба қочоқи маводи мухаддирро пешгирӣ карданд.

"Дар давоми шаш моҳ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 2 тону 365 килуграм маводи мухаддир аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира шуд. Соли 2016 ҳаҷми қочоқ 2 тону 251 килуграмро ташкил дод", — гуфт муовини аввали раҳбари Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Самад Зафар.

Лентаи хабарҳо
0