Тамошо навори ҳузури масъули кумитаи дин дар масҷиди ноҳияи Чоряккорон

Эҳ, Холдоров, Холдоров! Ҳафтоду ҳафт пушти миллати тоҷик гуноҳатро намебахшад

984
(Таҷдидшуда 12:05 28.10.2017)
Асабӣ шудӣ? Худро идора ҳам карда наметавонӣ? Во аҷаб, о пас курсии масъули кумитаи динро чаро банд кардаӣ? Пеш аз намояндаи давлат шудан як бор ба шуъбаи бемориҳои асаб нарафтӣ?

ДУШАНБЕ, 22 — Sputnik, Гурдофарид Ҳакимзода. Оё боре шоҳиди ҷанҷоли кӯдакони хурдсол шудаед? Агар ду кӯдак натавонистанд чизеро бо ҳам тақсим кунанду миёнашон ҷанҷол шавад, яке аз онҳо, ки зӯртар бошад, дигареро мушту лагад мезанад. Оне, ки зӯраш ба мушту лагад нарасад, забон ба дашном боз мекунаду ҳафт пушти он муштзӯрро носазо гуфтан мегирад. Вай ҳарчанд дашному носазо мегӯяд, аммо чун кӯдак аст, маънии гуфтаҳояшро заррае ҳам дарк намекунад….

Аммо. Рафтори Шокир Холдоров, масуъли Кумитаи умури дини ҷамоати Чорряккорони ноҳияи Рӯдакӣ аз кӯдаки беадабу беақл ҳеч камӣ надорад. Танҳо тафовут дар ин аст, ки онҳо кӯдак ҳастанду маънии дашномро чандон намефаҳманду онро тӯтивор такрор мекунанд. Вале Шокир Холдоров марди миёнсолу дорои маълумоти олӣ(!) ва афзун бар он МАСЪУЛИ ДАВЛАТ аст ва бояд чӣ будани дашному таҳқирро ҳангоми "ором будани асабҳояш" фаҳмида тавонад.

Эҳ, Холдоров, мисли ҳамон кӯдаке ҳасте, ки тавони посух додан ба лагади обдорро надорад. Ту ҳам тавони анҷоми масъулиятатро надориву ба ҷойи он шармандавор мардумро дашном медиҳӣ! Магар вазифаи ту фаҳмонидан ба мардум, сарҷамъ кардани онҳо ва агар лозим бошад, ҳал кардани мушкилие набуд, ки ба миён омадааст? Охир, туро на барои он масъул мондаанд, ки зӯратро бо дашном нишон диҳӣ, чунин қонун дар ҷое навишта нашудааст. Ту аз пули молиёти мардум нон мехӯрӣ, ту вазифадор  ҳастӣ, хидмати мардумро кунӣ, на он ки дашному носазояшон диҳӣ! Бо ин рафторат на номи  худро, балки номи давлату Ҳукуматро бад мекунӣ ва дар дили мардум тухми бадбинӣ мекорӣ. Магар ин аст хидмати ту ба давлату миллат?! Не ту худро лаҳзае шер ҳис кардӣ,  о охир онҳо кӣ ҳастанд?— мардуме, ки барои намоз омаданд, ту бошад мансаб дорииву курсӣ. Ту метавонӣ! Аммо кӣ ба ту ин ҳуқуқро дода бошад?

Аҷабо, асабҳоят вайрон шудааст! Худро натавонистаӣ идора кунӣ? Пас чигуна масъулиятатро анҷом медиҳӣ? Охир, масъулро беҳуда масъул намегӯянд. Ӯ масъулият бисёр дорад. Пас ҳар бор, ки асабҳоят вайрон шудан гирад, ҳамингуна бархӯрд хоҳӣ кард бо миллат?

Рафту туро дар ҷои кор сарзаниш карданд. Фишорат баланд шуду "надониста" роҳбарро дашном додӣ. Охир ту метавонӣ ку, асабҳоят вайрон шаванд, он тарафаш лаҷомат дар дастат нест. Пас чӣ мешавад? Ё зӯратро танҳо дар МАСҶИД нишон медиҳиву хонашеру майдонғарибе ҳастӣ?

Беш аз 1300 сол аст, ки тоҷик будан ва мусулмон будан як маъноро дорад. Ҳамон ифтихори миллии тоҷикон — донишмандону олимонамон, ҳама мусулмон буданд. Олимонро дар замонашон барои эҳтиром муллову домулло мегуфтаанд. Имрӯз аз забони ту аҳмақона дашном садо медиҳад, ки муллову домуллоро ҳам фалон мекунӣ! 

Шояд он рӯз, ки муллову домуллоҳоро "фалон кардӣ", дуд аз кафани ҳама бузургони тоҷик бархост, ки замоне онҳоро муллову домулло меномиданд. Ту на намозгузорони масҷидро, балки ҳама гузаштагони тоҷиконро дашном додаӣ. Аз ин рӯ, шахсан барои ман муҳим нест, ки ту чӣ ҷазое гирифтаӣ! Аммо миллати тоҷик, гузаштаву имрӯзи он ҳаргиз туро намебахшад. Ин асабӣ шудани ту (ки танҳо мушкилии худат аст!) ҳаргиз далел намешавад, ки имрӯзу гузаштаи миллати тоҷикро таҳқир кунӣ. Ҳаргиз далел намешавад! Ҳафтоду ҳафт пушти миллати тоҷик гуноҳатро нахоҳад бахшид!

Фикри муаллиф метавонад бо мавқеъи хабаргузорӣ мувофиқат накунад.

984
Барчаспҳо:
масъули давлат, дашном, таҳқиромез, мардум, Шокир Холдоров, Тоҷикистон
Джо Байден

Дар шикасти Байден намешавад русҳоро гунаҳкор кард

417
(Таҷдидшуда 18:41 22.10.2020)
Интихобот дар Амрико ба лаҳзаҳои ниҳоӣ расид: имрӯз Доналд Трамп ва Ҷо Байден бори охир дар рафти дебат дидор хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Мумкин аст, ҳамин дидор охирин бошад, чун вазъияти ИМА имрӯз чунон шадид аст, ки ин ду нафарро намешавад якҷо тасаввур кард.

Агар ҳам муъҷизае рух диҳаду Байден дар интихобот пирӯз шавад - Трамп метавонад натиҷаи интихоботро эътироф накунад ё ками камаш ҳамаи анъанаҳоро поймол карда, ба маросими савгандёдкунӣ ҳозир нашавад.

Ва Байден ҳам ба ҳеҷ ваҷҳ ба маросими инаугуратсияи Трамп нахоҳад омад - ба ҳамин минвол рӯзи панҷшанбе барояшон рӯзе хоҳад буд, ки онҳо метавонанд бигӯянд, чӣ мехоҳанд. Ва онҳо аз ин имконият ба пуррагӣ истифода хоҳанд кард.

Трамп Байденро раҳбари гурӯҳи ҷинояткорон меномад ва талаб мекунад, ки ӯро ҳамроҳи писараш Хантер равонаи зиндон кунанд. Ҷо дар зиндон намешинад, вале вақте ӯ интихоботро бой медиҳад, расонаҳо мегӯянд, ки ӯро "сюрпризи октябрӣ" аз пой зад - яъне маводе, ки чанд рӯз қабл аз компютери Хантер дарёфт шуд, ки собиқ ноиби президентро дар фасод муттаҳам мекунад. Вале Байден бидуни ин маводҳо ҳам мағлуб мешуд, чун Трамп ба пирӯзӣ маҳкум шудааст.

Вале чигуна мешавад: назарпурсиҳо тамомии бартарияти Байденро нишон медиҳад? Набояд онҳо сохта бошанд?

Метавонанд. Чун онҳое, ки муқобили Трамп бозӣ мекунанд, метавонанд аз ҳар дурӯғе кор бигиранд.

"Ман натанҳо муқобили Байден, балки зидди расонаҳо, ширкатҳои бузурги технологӣ ("Фейсбук", "Твиттер", "Гугл") ва "ботлоқи вашингтонӣ" номзад мешавам, гуфт Трамп. Бале - ва беҳтарин тасдиқи ин вокуниши деви сесара ба далелҳои айбдоркунандаи зидди оилаи Байден буд.

Мавод дар "Ню-Йорк пост" - ро кӯшиш карданд, блок кунанд. "Гугл" онро наметавонист бихонад ва "Фейсбук" - у "Твиттер" иҷоза надоданд, ки он мавод дар саҳифаҳояшон паҳн шавад. Ва расонаҳо ҳам кӯшиш карданд, маводи баҳсбарангезро нодида бигиранд ва аксарияти сиёсатмадорон чунон вонамуд мекарданд, ки коре нашудааст.

Дар баробари ин, ҳамон замон ба тарафи Русия айбдориҳо садо доданд, маълум ки ин Русия боз ба корҳои дохилии Амрико дахолат кард ва Байденро муттаҳам намуд.

Дар ин бора натанҳо конгрессменҳо гуфтанд, балки кормандони мақомот низ. Кормандони пешин - чун директори Хадамоти ҷосусии ИМА Ҷон Рэтклифф изҳор дошт, ки маълумот дар ноутбуки Байден "қисми ягон маъракаи русиягӣ нест". Вале кормандони собиқ номаи кушод навишта гуфтаанд,, ки "таҷрибаи пешин моро водор месозад, ки дасти ҳукумати Русияро дар ин бор эҳсос кунем".

"Пайдо шудани номаҳои электронӣ дар саҳнаҳои сиёсии Иёлоти Муттаҳида, ки гӯё ба писари ноиби президенти ИМА Байден Хантер тааллуқ доранд, ки аксари онҳо аз даврае, ки ӯ дар раҳбарии ширкати Burisma дар Украина кор кардааст, нишонаҳои классикии маъракаи иттилоотии Русияро дорад".

Яъне, Русияро ба сохтани далелҳои носозгор нисбати Байден айбдор намекунанд - ҳарчанд чунин овоазҳо ҳаст - не, Русия танҳо паҳн кард. Аммо чӣ гуна - мешавад агар, ба гуфтаи Руди Ҷулиана (адвокати Трамп ва шаҳрдори собиқи Ню-Йорк), муҳтавои диски компютерии Ҳантер Байден ҳафт моҳ пеш ба ФБР супурда шуда бошад?

Яъне Маскав ин маводҳоро баҷой нигоҳ медошт ва ба "сюрпризи октябрӣ" омода мешуд, ё дастгоҳи трамп ва мушовиронаш аз ҷумла Ҷулиана ин корро карданд? Бале, Ҷулиана зертобеи Путин аст...ва ин шӯхӣ нест: чуноне сенатор Крис Мерфи изҳор дошт, "ин бор русҳо қарор карданд, ки шаҳрвандони амрикоро чун ҷосусони худ созанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки пропагандаи худро дар расонаҳо ҷой диҳанд. Ва онҳо комёб шуданд. Медонед, Руди Ҷулиана акнун ҷосуси Русия аст".

Бале, албата агар худи Трамп корманди Кремл бошад, дар бораи зертобиъинаш бояд чӣ гуфт. Ханда хандаю, вале худи ҳамин баҳогузории хатои воқеъият ва ҳодиса бо оилаи Байден аллакай нишонгари пирӯзии Трамп аст. Чун рақибони ӯ дар ҷаҳони хаёлӣ ба сар мебаранд - дар ҷаҳоне, ки дар он русҳо ба рафти интихоботи ИМА дахолат мекунад.

Вале, дар воқеъ мо чизи тамоман дигарро мебинем: роҳпаймоии ҷонибдорони Трамп дар сар тосари кишвар ва вохӯрии камёби Байден бо ҷонибдорони камаш. Трампро ҳатто мусулмонон ва дигар қавмҳои аққалият низ дастгирӣ мекунанд. Набуди пурраи далелҳо оиди алоқаи русҳо бо Трамп ва фасоду дуруғгӯии оилаи Байден. 

Ва муҳимтар аз ҳама, дар ҷаҳони воқеӣ, амрикоиҳо кайҳо боз, аз элитаи сиёсии худ -  "ботлоқи Вашингтон" -и дилсард шудаанд ва аз ин рӯ ягона алтернативаи ҷиддӣ ба Трамп метавонист Сандерс бошад. Аммо маҳз ба сабаби дар система набуданаш коллективи "Байден" ӯро ба интихобот роҳ надод.

Амрикоиҳои оддӣ на дар ҷаҳони таблиғотӣ, балки дар ҷаҳони воқеӣ зиндагӣ мекунанд ва аз ин рӯ натиҷаи интихоботи 3 ноябр барояшон пешакӣ муайян аст. Ҳатто сарфи назар аз кӯшиши гардиш додани овозҳо дар "иёлатҳои ноустувор" тавассути сафарбар кардани як интихобкунандаи ғайрифаъоли демократӣ ба овоздиҳӣ тавассути почта - зеро дар он ҷо низ афзоиши овозҳо ба тарафдории ҷумҳурихоҳон дида мешавад.

Ҷаҳони ихтироъшуда 3 ноябр мағлуб хоҳад шуд, ҳатто агар баъд хаос барпо кунаду воқеъиятро напазирад, он ҳеҷ куҷо намешавад.

Гидраи се сар ба интиқом умед мебандад ва барои он кор мекунад. Ҳам дар миқёси Амрико ва ҳам ҷаҳон - ва дар ин ҷо вай ҳақ дорад, ки дар нокомиҳояш русҳоро гунаҳгор кунад.

417
Барчаспҳо:
русҳо, гуноҳ, Русия, ИМА

"Ҳадди аққал бояд кӯшиш кард": коршинос дар бораи тамдиди созишномаи СНВ-3

90
(Таҷдидшуда 18:54 20.10.2020)
Кремл изҳороти ИМА дар бораи созишномаи СНВ-3 - ро шарҳ дода қайд кард, ки равобит барои суботи стратегӣ бо ИМА идома хоҳанд дод

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар суҳбат бо радиои Sputnik, сиёсатшинос Константин Блохин гуфт, гуфтушунид бо кадом сиёсатмадор дар ин бобат осотар хоҳад буд.

Гарчанде ҷониби Амрико аз пешниҳоди Владимир Путин дар бораи тамдиди созишномаи СНВ-3 ба муҳлати як сол даст кашид, Маскав умед дорад, ки алоқа бобати суботи стратегӣ ва тамдиди созишномаи СНВ-3 идома хоҳад ёфт, гуфт сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков.

Пештар Қасри Сафед изҳор дошт, ки аз пешниҳоди Путин барои тамдиди созишномаи ҷорӣ барои як сол, бидуни шарту шароити пешакӣ даст мекашад.

"Мо умед дорем, ки ба ҳар ҳол, равобит бо ҷаниби Амрико идома хоҳад ёфт. Дар умум, албатта чуноне президент гуфт, тамдиди ин созишнома имкон медиҳад, ки вақт, ҳамин 12 моҳро барои гуфтушуниди ҷиддӣ оиди масоили назорати силоҳ, аз худ кунем", - гуфт Песков.

Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки маҳрум кардани тамоми ҷаҳон аз ин "санги асосии субот ва амнияти ҷаҳонӣ" оқибатҳои хеле харобиовар хоҳад дошт.

"Барои ҳамин, албатта мо мехоҳем аз ҳамтоёни амрикоиямон омода будан барои тамдидро бишнавем", - қайд кард сухангӯи президент.

Ба гуфти ӯ, айни ҳол дар ин самт ягон пешравӣ дида намешавад. Вале чунин ҳолат маънои онро надорад, ки "равобитро пурра бояд қатъ кард".

Корманди илмии Маркази таҳқиқотии амнияти АИР, сиёсатшинос Константин Блохин дар суҳбат бо радиои Sputnik гуфт, тақдири ин созишнома аз он вобаст аст, ки дар интихоботи дар пешистодаи ИМА, кӣ пирӯз мешавад.

Сулҳҷӯи зӯргӯй: Трамп мехоҳад, сарбозони амрикоиро ба хона орад - YouTube
Ruptly / Sputnik / dvids / FoX News / us department of defense / twitter.com/realDonaldTrump

"Намояндаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп дар навбати аввал Чинро бад мебинад ва СНВ-3 - ро бо Чин пайванд медиҳад. Дуюм, Ҳизби Ҷумҳурихоҳон кӯшиш дорад, назорати яроқро нобуд созад. Ёдрас мешавам, ки дар аҳди Ҷорҷ Буши хурдӣ, амрикоиҳо аз созишномаи ПРО баромаданд, худи Трамп созишнома оид ба мушакҳои дурпарто ва Созишнома оид ба осмони кушодро бекор кард. Агар ӯ дар интихобот пирӯз шавад, эҳтимои баромадан аз созишномаи СНВ-3 хеле зиёд аст , - гуфт Блохин.

Коршинос мегӯяд, агар намояндаи демократҳо Ҷо Байден пирӯз шавад, эҳтимоли тамдиди созишнома вуҷуд дорад.

"Чун анъана, ҳизби демократҳо тарафдори он аст, ки дар мавзӯи суботи стратегӣ бо ҷониби Русия гуфтушунид кунад. Ёдовар мешавам, ки маҳз дастгоҳи Обама ҳамроҳ бо Дмитрий Медведев созишномаи ҷориро имзо карда буданд. Вале, сарфи назар аз он, ки кӣ президент мешавад, бастани созишнома дар давоми чанд моҳ номумкин аст. Барои ҳамин бояд кӯшиш кард, то онро тамдид намуд, то дар давоми соли оянда созишномаи нав имзо шавад. Ин идея ҷолиб аст", - қайд кард коршинос.

START III ягона Созишномаи мавҷудаи маҳдудкунандаи яроқ миёни Русия ва ИМА мебошад. Муҳлати созишнома 5 феврали соли 2021 ба итмом мерасад ва агар он тамдид нашавад, дар ҷаҳон абзоре барои маҳдуд кардани силоҳҳои бузургтарин қудратҳои ҳастаӣ боқӣ намемонад.

START III - 5 феврали соли 2011 эътибор пайдо кард. Дар он пешбинӣ шудааст, ки ҳарду ҷониб арсеналҳои ҳастаии худро тавре коҳиш медиҳад, ки дар давоми ҳафт сол ва дар оянда шумораи умумии силоҳ аз 700 мушаки баллистикии байниқитъавӣ, мушакҳои баллистикӣ дар киштиҳои зериобӣ ва бомбаандози вазнин, инчунин 1550 кулоҳак ва 800 партоби мустақар ва мустақаршуда зиёд набошад.

90
Барчаспҳо:
ИМА, Русия
День 29 октября

Ҷашнҳои рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:28 28.10.2020)
Рӯзи 29 октябри соли 2019 рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сактаи майна, рӯзи байналмилалии псориаз (бемории пӯст) ва рӯзи кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Қазоқистон мебошад

Рӯзи 29 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1898 дар Русия нахустин киштии яхшикан дар ҷаҳон - "Ермак" ба истифода дода шуд.

День 28 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1945 дар Ню-Йорк аввалин маротиба ручкаи саққодор ба фурӯш бароварда шуд.

Соли 1947 аввалин маротиба ба хотири ба вуҷуд овардани борон аз яхи хушк истифода бурда шуд.

Соли 1969 аввалин доду гирифт миёни ду компютер дар доираи лоиҳаи ARPANET сурат гирифт, ки ин ҳодисаро дар таърих тавлиди Интернет меноманд.

Пользователь смотрит товары в интернет магазине, архивное фото
Пользователь смотрит товары в интернет магазине, архивное фото

Соли 2016 дзюдочии тоҷик Хушбахт Қурбонмамадов дар мусобиқаи The Big Apple Judo Classic-2016 дар Ню-Йорк медали тилло ба даст овард.

Хушбахт Курбонмахмадов, архивное фото
Хушбахт Курбонмахмадов, архивное фото

Рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Cоли 2006 пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV аз Тоҷикистон боздид кард.

Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото
Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото

Соли 2012 дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати Президент Эмомалӣ Раҳмон ду коргоҳи нави истеҳсолӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

День 27 октября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 дар шаҳри Кӯлоб 6 корхонаи нави истеҳсолӣ ба кор дароварда шуданд.

Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 20 — солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф"-ро, ки бо пешниҳоди Роҳбари давлат аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида буд, имзо кард.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуданд.

Соли 2016 дар шаҳри Роғун бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии "Роғун" барпо шуд.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон
© Sputnik / Амир Исаев
Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон

Соли 2019 беш аз 400 маҳбус аз муассисаи ислоҳии 3/5 воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ба озодӣ баромаданд.

Пайвандони афвшудагон дар шаҳрии Хуҷанд
акс аз Sputnik Тоҷикистон
Пайвандони афвшудагон дар шаҳрии Хуҷанд

Соли 2019 Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷаҳонпаҳлавон Сомон Маҳмадбеков қадрдонӣ кард.

Встреча чемпиона мира Сомона Махмадбекова
© Sputnik / Амир Исаев
Встреча чемпиона мира Сомона Махмадбекова

Соли 2019 Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки бо пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирова узви Маркази интихот ва раъйпурсии Тоҷикистон интихоб гардид.

Махфират Хидирзода
© Sputnik Махпора Киромова
Махфират Хидирзода

Ҷашнҳои рӯзи 29 октябр

  • Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сактаи майна.
  • Рӯзи байналмилалии псориаз (бемории пӯст).
  • Рӯзи кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар Қазоқистон.

Рӯзи 29 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1929-1993 нависанда Қулмуҳаммад Абдулҳусейнов.

Соли 1950 Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ.

Соли 1958 доктори илмҳои иқтисодӣ Ихтиёр Ашуров.

Соли 1963 сароянда Раъно Абдуллоева.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 24 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон