Салтанат Иманбаева

Коршинос: компютер ва телефон ба чашм зарари калон дорад

523
(Таҷдидшуда 14:43 28.10.2017)
Салтанат Иманбаева-пизишки бемориҳои чашм ва мудири Шуъбаи микрохирургияи чашми Беморхонаи миллии Қирғизистон дар бораи зарари истифодаи технологияи муосир сӯҳбат кард

Ба гуфтаи коршинос бисёре аз одамон ҳатто ҳис намекунанд, ки дар онҳо аломатҳои бемории чашм ба монанди "Чашмони хушк " авҷ мегирад. Ба гуфтаи вай, ин гуна беморӣ аз истифодаи дуру дарози компютер ва нишастан дар хона ё ҳуҷрае, ки бо кондитсионер муҷаҳҳаз шудааст, сар мезанад.

"Беморон одатон ба ин аломат кам аҳамият медиҳанд, аммо он ба хушкшавии чашм ё баръакс резиши зиёди оби чашм оварда мерасонад",- мегӯяд коршинос.

Иманбаева: глаза просто "высыхают" от компьютера и кондиционера

Пизишк тавсия медиҳад, ки ин гуна бемории чашм табобати саривақтиро талаб мекунад.

523
Барчаспҳо:
коршинос, бемории чашм, Салтанат Иманбаева, Дар ҷаҳон

"Коронавирус ҳеҷ куҷо намеравад": Мясников роҳи пирӯзӣ ба COVID-19-ро нишон дод

848
(Таҷдидшуда 15:10 14.02.2021)
Пизишк ва ровии номии рус доктор Александр Мясников гуфт, ки сокинони сайёраро пас аз пандемияи коронавирус чӣ интизор аст

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Пизишк ва ровии телевизион Александр Мясников дар саҳифаи Телеграмаш тавзеҳ додааст, ки коронавирус кай ақиб мезанад.

Ӯ таъкид кард, ки намудҳои нави коронавирус аз нафаре ба нафари дигаре хело зуд паҳн мегузарад дар ҳамин ҳол фисади марг зиёд нест.

Барои нафароне, ки эм шудаанд ва ё бемориро аз сар гузаронидаву антитела доранд, бо душмани нав дучор мешаванд.
Пизишк таъкид кард, ки ваксин имконияти мубориза бурдан бо намудҳои нави коронавирусро дорад.

Ба гуфтаи Мясников, ба буридани занҷираи паҳншавии намудҳои нави коронавирусро метавон танҳо ба воситаи эмкунии умумӣ ва комил кардани ваксина ноил шуд.

"Бояд дарк кард, ки намуди нави коронавирус аз замини мо ҳеҷ куҷо намеравад,  балки "кӯҳна" мешавад ва дар феҳрасти дарози вирусҳо, мисли зуком, ҷой мегирад", - таъкид кард коршинос.

Мясников дар охир афзудааст, ки одамон маҷбуранд бо  COVID-19 дар оянда низ якҷо зиндагӣ кунанд ва эмкунӣ аз он мавсимӣ мешавад. Ӯ ҳамчунин пешбинӣ мекунад, дар оянда шояд ваксинаи коронавирус ва зуком якҷо таҳия корда шавад.

848

Турсунбоева: донишгоҳи муштарак ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон чӣ медиҳад?

272
(Таҷдидшуда 12:10 12.02.2021)
Саодат Турсунбоева, раиси Раёсати Бунёди байналмилалии ҷамъиятии занон "SHARQ AYOLI -" Зани Шарқ", дар бораи дурнамои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соҳаи фаъолияти муштараки таълимӣ гуфт

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Донишгоҳи нави муштараки Тоҷикистону Узбекистон дар заминаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд сохта мешавад. Ин пешниҳод аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон шудааст.

Дар тӯли 4 соли охир дар Осиёи Марказӣ принсипҳои ҳамсоягии нек ва дӯстии тарафайн баланд мешаванд, таъкид кардааст роҳбари раёсат.

"10 ноябри соли 2017 президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар як конфронси байналмилалӣ дар Самарқанд дар мавзӯи" Осиёи Марказӣ: Як гузашта ва ояндаи муштарак" қайд кард, ки заминаи мустаҳкам ва кафили шукуфоии мо хоҳиши ҳамкорӣ ва масъулияти ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ояндаи муштарак хоҳад буд", - афзудааст Турсунбоева дар мусоҳиба бо Sputnik Ӯзбакистон.

Ба қавли ӯ, барои ташкили як донишгоҳи муштарак аввал зарур буд, ки қонунгузорӣ ва ҳама санадҳои меъёрӣ ба як махфияти умумӣ оварда шаванд.

Аввалин созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва илм 9 марти соли 2018 ҳангоми сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расид, гуфт вай.

Мирзиёев: "Фирори мағзҳо" вуҷуд дорад. Донишгоҳе назири Оксфорд месозем

"Ҳоло як платформаи ягона таҳия шудааст, ки ҷонибҳо метавонанд дар соҳаҳои гуногуни таълим якҷоя ҳамкорӣ кунанд" , - таъкид намуд Турсунбоева.

Таъсиси ҳамкориҳои мустақими байни муассисаҳои таълимии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, мубодилаи ҳайати омӯзгорон, аспирантҳо, довталабон, донишҷӯён, инчунин иштироки донишҷӯёни ду кишвар дар фаъолияти илмӣ ва таълимӣ, конфронсҳои муштарак оғоз меёбад.

 

Пешниҳоде, ки Донишгоҳи давлатии Узбакистон кардааст, ниёз ба чунин мутахассисонро нишон медиҳад.

272
Барчаспҳо:
донишгоҳ, Тоҷикистон, Ӯзбекистон
Конкурс Чакомаи Гесу в Худжанде

Мӯдарозтарин духтари Душанберо муайян карданд

0
(Таҷдидшуда 21:07 24.02.2021)
Дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" ҷамъбаст гардид ва ғолибони озмун - духтарони муйдарози пойтахт муайян шуданд

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр "Чакомаи гесӯ" баргузор гардид.

Дар оғози фестивал намоишгоҳи маҳсулоти ороишии  ҳунармандон, анвои гуногуни ороиши миллии занонаи аз ҷиҳати экологӣ фоидаовар ва лавозимоти марбут ба парваришу ороиши мӯйю рӯй  ба маъраз гузошта шуд.

Дар фестивал инчунин ашъори баланпоя ва суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ оид ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесӯ, сарулибос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳбини рӯйю мӯй ва муҳофизати пӯсти дасту рӯй тарғибу ташвиқ гардид.

Дар фестивали мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, ғолибони даври ноҳиявии фестивал аз ноҳияҳои пойтахт ва сокинони шаҳр  иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки давоми се соли охир фестивали мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми қаламрави мамлакат доир  мегардад.

Рустам Эмомалӣ қарор кард: дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" баргузор шавад

Дар фарҷоми Фестивал ғолибони бахшҳои он ва иштирокчиёни фаъол бо диплому сипоснома ва ҷоизаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

0