Посухи нотариуси ноҳияи Сино ба донишҷӯён: назди қонун ҳама баробаранд

© Фото : Фархунда УмриддиноваМинистерство юстиции Республики Таджикистан
Министерство юстиции Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нотариуси калони давлатии идораи нотариалии ноҳияи Сино мегӯяд, дар назди қонун ҳама баробаранд ва мутаассифона барои донишҷӯён дар пардохти боҷи давлатӣ имтиёзе дода нашудааст

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Дирӯз хабргузории Sputnik Тоҷикистон аз ду донишҷӯи тоҷик — Париваш Алиева ва Фархунда Қурбонова номае дарёфт карда буд, ки дар он аз "беинсофиҳои" кормандони идораи нотариалии ноҳияи Сино шикоят мекарданд. Ин донишҷӯён муддаъӣ шуда буданд, ки барои дарёфти ваколатнома чаҳор рӯз дар он идора овара шудаанду саранҷом кормандон аз онҳо пули бештар ситонидаанд. Дар вокуниш ба он нома нотариуси калони Идораи нотариалии ноҳияи Сино Шарофиддин Шарипов номае ба мо фиристода, ки онро дар зер гуфтовард мекунем:

Министерство юстиции Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Сарсониҳои ду донишҷӯи бечора дар нотариус: то пул надиҳед, коратонро анҷом намедиҳем!

"Муҳтарам сардабир!

Дар сайти шумо  номае аз номи донишҷӯён Париваш Алиева ва Фархунда Қурбонова зери унвони  "Сарсонихои ду донишҷӯи бечора дар нотариус: то пул надиҳед, коратонро анҷом намедиҳем ", дар санаи 02.11.2017, нашр шудааст, ки туҳмат ба кормандони мо буда, асоси воқеъӣ надорад. Ин ду донишҷӯ ба эҳтимоли зиёд аз қонунгузориҳои кишвар огоҳ нестанд, вагарна хонандагони як расонаи муътабарро ба гумроҳӣ намеандохтанд. 

Ба маьлумоти эшон мерасонем, ки тибқи муқаррароти Қонун дар бораи "Боҷи давлатӣ" ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 10.01.2013, таҳти рақами 14 барои тасдиқ намудани чунин ваколатнома, боҷи давлатӣ ва барои хидматрасонии иловагии ҳуқуқӣ хароҷоти зерин муқаррар шудааст:

10 сомонӣ Боҷи давлатӣ: 20%-и нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар асоси қонун дар бораи Боҷи давлатӣ рӯёнида мешавад.

13 сомонӣ ва 25 дирам  барои "бланка", ки ин муқаррарот  тибқи Қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008с,тахти рақами 441 муайян шудааст.

12.50 сомонӣ барои маслиҳати ҳуқуқӣ, 15 сомонӣ барои тартиб додани лоиҳаи ваколатнома, 10 сомонӣ барои чопи як сахифа бошад, тибқи Қарори  Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 10 январи соли 2013 таҳти рақами 14 руёнида мешавад.

Донишҷӯёни азиз агар воқеан донишҷӯй мебуданд, агар саводу фаросат медоштанд, ба аксе, ки ба ин сомона фиристодаанд, таваҷҷуҳ мекарданд ва медиданд, ки ин ҳама маблағи пардохтаашон дар қисмати пойини ваколатнома навишта шудааст.  

Назди қонун ҳама баробаранд, хоҳ шоҳу хоҳ гадо ва барои донишҷӯён мутаассифона, дар қарору қонунҳои зикршуда имтиёзе дода нашудааст.

Бо эҳтиром, Шарипов Шарофиддин, 

Нотариуси калони давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе"

Лентаи хабарҳо
0