Кайҳоннавард Владимир Ҷонибеков

Ҷонибеков дар бораи таҷрибаи беназири парвариши пахта дар кайҳон нақл кард

162
"Ҳангоми бозгашт ба замин аз ман ба ҷойи аҳволпурсӣ пахта пурсиданд",- қайд мекунад кайҳоннавард

Кайҳоннавард Владимир Ҷонибеков дар бораи таҷрибаи беназири парвариши пахта дар шароити беҳавоии истгоҳи кайҳонӣ нақл кард.

Ӯ мегӯяд, дар таҷрибаи аввал тухми пахта рӯйидаасту аммо пас аз чанде нобуд шудааст.

Джанибеков: возвращался из космомса с ростками хлопка у сердца

Пас аз ин кайҳоннавардон ба хулоса омадаанд, ки бори дуввум таҷрибаи худро такрор кунанд: онҳо пеш аз 8 рӯзи бозгашт ба замин пунбаҳои худро коштаанд.

"Ҳангоми бозгашт ба замин аз ман ба ҷойи аҳволпурсӣ пахта пурсиданд",- қайд мекунад кайҳоннавард.

Ҳамин тавр, Ҷонибеков мегӯяд, 20 бех пахтаеро, ки дар кайҳон кишта буд, тавонисатанд дар замин рӯёнанд.

162
Барчаспҳо:
парвариши пахта, кайҳон, Дар ҷаҳон
Холод Леонид доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия РФ

Коршинос гуфт, ки чигуна устувории хоҷагии қишлоқ дар Тоҷикистон ба иқтисод таъсир мекунад

55
(Таҷдидшуда 18:37 01.08.2020)
Леонид Холод, коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисод, муовини вазири хоҷагии қишлоқ ва озуқаи Русия тавзеҳ дод, ки оё дар Тоҷикистон рушди содирот ба бозори дохилӣ таъсири манфӣ мерасонад ё не

Кӣ ба чунин натиҷа ноил шуд - табиат ё одамон бо кӯшиши худ ва истифодаи агротехнодогия, саволест, ки вақт металабад, таъкид мекунад, Леонид Холод, коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисод, муовини вазири хоҷагии қишлоқ ва озуқаи Русия ба Sputnik Тоҷикистон.

Холод рассказал, как укрепление сельхозсферы влияет на экономику Таджикистана

"Рушди 8 дар садии соҳаи аграрӣ натиҷаи хуб аст. Ин дастоварди муваққатӣ нест", - афзуд коршинос.
Холод гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳосилро пештар аз Русия мебардоранд, ин аз он шаҳодат медиҳад ки омор аз натиҷаҳои бадастомада аст.

"Содирот чизи хуб аст, агар нархҳои дохилиро набардорад, молро дар худи дохили кишвар кам накунад,", - таъкид кард коршинос.

Хоҷагии қишлоқ яке аз соҳаҳои бузурги Тоҷикистон аст, ки рушди нишондодҳои он боиси мустаҳкам шудани пули миллӣ ва рушди иқтисоди кишвар мешавад.

55
Генеральный директор авиакомпании Таджик Эйр Дилшод Исматуллозода

Рӯзҳои сахти "Тоҷикэйр": қарз аз маош ва рухсатии бемузди кормандон

704
Ширкати ҳавонавардии "Тоҷикэйр" ҳудуди 90% дарсади кормандонашро дар пайи қатъи парвозҳо ба рухсатии бемузд фиристодааст

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дилшод Исматуллозода, директори кулли ширкати "Тоҷикэйр", ки дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, дар шарҳи ин матлаб гуфт, моҳи март вақте парвозҳо қатъ карда шуданд, ҳамчунин зарурат – ба рухсатии бемузд фиристодани 80 – 90% кормандони ширкат пеш омадааст.

"Аммо замоне, ки парвозҳои чартерӣ шурӯъ шуданд, мо аксарияти онҳоро дигарбора ба кор ҷалб намудем. Аз моҳи август вақте парвозҳои мунтазам сар шаванд, ҳамаи коргаронамон сари кор хоҳанд буд", - гуфт Дилшод Исматуллозода.

"Тоҷикэйр" аз соли гузашта ба ин сӯ бо мушкили молӣ мувоҷеҳ шудааст. 4 январи соли 2019 ин ширкат муваққатан парвозҳояшро қатъ карда, аз 2 сентябри ҳамон сол онҳоро дубора аз сар гирифт.

Аммо қатъи дубораи парвозҳои байнулмилалӣ дар моҳи марти соли равон дар пайи густариши "вируси корона" дар ҷаҳон ширкатро дигарбора ба мушкил мувоҷеҳ сохт.

Ширкати “Тоҷик Эйр” парвозҳояшро ба Деҳлӣ барқарор мекунад

Директори кулли ширкат мегӯяд, ҳолати бефаъолиятӣ ширкатро ба қарз афканд, аз ҷумла бештар аз 12 миллион сомонӣ аз музди меҳнат пеши кормандонаш бидеҳкор шуд.

"Пас аз шурӯъи дигарбораи кор мо тавонистем 4 миллион сомонӣ қарзи пештара аз ҳисоби музди меҳнати кормандон ва ҳам 8 миллиону 200 ҳазор сомонии дигар маош пардохт кунем. Умедворем, ки пас аз барқарор шудани парвозҳо ҳармоҳа маоши кормандонро мепардозем ва парвозҳои мунтазам имкон медиҳанд, ки қарзҳои пешинаро низ адо кунем", - гуфт ӯ.

"Тоҷикэйр" як ширкати давлатии ҳавонавардии Тоҷикистон буда, тибқи иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, дар парки худ як ҳавопаймои коршоями "Боинг 757 – 200" ва як ҳавопаймои "Ан – 28" дорад ва бақия ҳавопаймову чархболҳои ширкат дар таъмир мебошанд.

704
Барчаспҳо:
кормандон, маош, қарз, Тоҷик Эйр

Бомбандози Су-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро забт кард - видео

0
(Таҷдидшуда 18:56 09.08.2020)
Бомбандози Русия СУ-27 ду ҳавопаймои ҷосусии Амрикоро дар манотиқи бетарафи Баҳри Сиёҳ, забт кард. Низомиёни Амрикоро Қувваҳои дифоъи ҳавоии Русия ошкор карданд ва ба ҳаво бархостанд

"Экипажи бомбандози Русия оҳиста -оҳиста ба ҳавопаймо наздик шуда, онҳоро чун ҳавопаймои ҷосусии - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" муайян кард. Нақзи марзи давлатии Федератсияи Русия аз ҷониби ҳавопаймоҳои ҷосусии Амрико иҷозат дода намешавад", - гуфт Вазорати дифоъи Русия.

Ин дуюмин қазияи ҳавоӣ дар масири Баҳри Сиёҳ мебошад. Бори аввал СУ-27 - RC-135 ва Р 8А "Посейдон" - ро ҳафтае пеш забт карда буд. Иғвогарӣ дар сарҳади Русия ҳамоно бештар мешавад.

Миёнаҳои моҳи июл бомбандозони Русия аз болои Баҳри Сиёҳ ду ҳавопаймои ҷосусӣ - боз ҳам ҳамон - Р 8А "Пасейдон" ва U-2S забт карданд.

Моҳи июн Қувваҳои ҳавоии Русия бомбандозони ИМА B-52H-ро забт карда буданд. Онҳоро ҳавопаймоҳои Су-30, Су-35 ва МиГ-31 ҳамроҳӣ карданд.

Моҳи май халабонони Русия бомбандози ИМА B-1B - ро дар масири Баҳрҳои Сиёҳ ва Балтик забт карда буданд.

Пас аз ҳар амали иғвогарона амрикоиҳо Русияро бидуни ҳеҷ далел, дар рафтори ношоям гунаҳкор мекунанд.

Вазорати дифоъи Русия ин айбдориро беасос мехонанд ва қайд мекунанд, ки доим тибқи меъёрҳои байналмилалӣ амал менамоянд.

Ин амалҳои иғвогарона авзоъи минтақаро муташанниҷ мегардонад. Вале бад шудани вазъият ва натиҷаҳои бебозгаштро танҳо бо касбияти халабонони Русия мешавад бартараф кард.

 

 

 

 

 

 

 

 

0
Барчаспҳо:
халабон, ҳавопаймо, Русия