Абдулло Давлатов, архивное фото

“Бо думи шер бозӣ намекунанд”: Абдулло Давлатов дар бораи истирдоди Каромат Шарипов

1611
Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ, то ба охир меравад девор каҷ, итминон дорад доктори тоҷик

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дуктур Абдулло Давлатов,  раҳбари пешини Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия ва пизишки муҳоҷир қазияи боздошт ва истирдоди Каромат Шариповро ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод.

Ёдовар мешавем, пештар хабар дода шуд, ки роҳбари Федератсияи муҳоҷирони СНГ Каромат Шарипов боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Дуктур итминон дорад, ки дар истирдоди Каромат Шарипов кадоме аз гурӯҳҳои сиёсӣ даст доранд илова бар ин замоне расидааст, ки Каромат Шарипов "назди қонун ҷавоб гӯяд".

"Зарбулмасале ҳаст, ки мегӯянд, "хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ, то ба охир меравад девор каҷ". Падарам ба ман насиҳате карда буд, ки ҳеҷ   гоҳ фаромӯш намекунам, "бо думи шер бозӣ накун", яъне бо давлат шухӣ накун мегуфт ӯ",- шоирона ба ёд меоварад Давлатов.

Ба гуфтаи дуктур, аз бархе амалҳои Роҳбари Федерсияи муҳоҷирони ИДМ Каромат Шарипов чанде аз муҳоҷирон ҳам шикоят бурда будаанд. Аммо то имрӯз ин масъала равшан нашуда буд.

"Аз ин мебарояд, ки ҳар нафаре ки даст ба ҷиноят задаст, замоне мерасад, ки ҷазои худро мегирад. Ман медонам, ки шаҳрвадони худамон ҳам замоне аз Каромат Шарипов шикоят бурдабуданд, ки дар амалҳои ғайриқонунӣ даст дорад, вале ман шигифтзада мешудам, ки агар ин тавр бошад, пас барои чӣ вай ҷазо намегирад",- қайд кард ӯ.

Аммо, Абдулло Давлатов афзуд, якбора аз шаҳрвандӣ маҳрум гардидаини роҳбари ФМ СНГ барояш ғайричашмдошт буд.

"Барои ман тааҷубовар он аст, ки барои чӣ Каромат Шарипов аз рӯйи қонунҳои амалкуандаи Русия ҷазо нагирифту якбора аз шаҳрвандӣ маҳрум гардид ва истирдод шуд. Ин мавзӯи дигарест"- таъкид мекунад вай.

Дар идома собиқ роҳбари муҳоҷирон гуфт, дар ин қазия дасти кадоме аз гурӯҳҳои сиёсиеро мебинад, ки бо кадом мақсаде мехоҳанд Каромат Шариповро аз пештар ҳам маъруфтар кунанд ва ба Тоҷикистон бар гардонанд.

"Ман дар ин қазия бозии гурӯҳҳои сиёсиеро мебинам, ки шояд ӯро бо кадом мақсаде мехоҳанд ба Тоҷикистон бар гардонанд ва аз пештар ҳам бештар муаррифӣ кунанд. Зеро ҳоло дар шабакаҳо ҳама ин қазияро баррасӣ доранд",-  афзуд ҷаноби Давлатов.

Дуктури тоҷик гуфт, новобаста аз ҳама Каромат Шарипов дар байни муҳоҷирон мавқеи худро пайдо карда буд ва ӯ боварии комил дорад, ки паз аз ин қазия номи Каромат Шарипов дубора вирди забонҳо мешавад.

"Ҷабрдидаро дар ҳама ҷо дӯст медоранд",- илова кард вай.

Ёдовар мешавем, пештар қазияи боздошт ва Каромат Шариповро Иззат Амон- вакил ва ҳомии муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод.

Вай гуфт, мурофиаи додгоҳии даъвои  Каромат Шариповро пушти дарҳои пӯшида баргузор шуд ва ӯ бо ҳамин далел дар мурофиа ширкат карда натавонист.

Вакили тоҷик афзуд,ин қазия аз он замоне сар шуд, ки Хадамоти муҳоҷиратии Русия пас аз ҳодисаҳои Бозори Люблино гузарномаи Шариповро мусодира каранд. Аммо ӯ  ҳеҷ гоҳ интизор набуд, ки Каромат Шарипов боздошт ва ба Тоҷикистон  истирдод мешавад.

 "Ман ҳеҷ гумон намекардам, ки Каромат Шариповро боздошт ва истирдод мекунанд. Зеро вай дар Русия панҷ фазанд, хона, ширкатҳои сохтмонӣ ва умуман хело аз асосҳои дигари қонкунӣ дорад, ки истирдод нашавад",- қайд кард ӯ.

Вай афзуд, вакили Каромат Шарипов аз қарори додгоҳ шикоят хоҳад кард, аммо вай боварӣ дорад, ки пас аз ду-се рӯ Каромат Шарипов дар Тоҷикитон мешавад.

1611
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, қонун, сиёсат, Каромат Шарипов, Абдулло Давлатов, Русия, Тоҷикистон
Холод Леонид доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия РФ

Коршинос гуфт, ки чигуна устувории хоҷагии қишлоқ дар Тоҷикистон ба иқтисод таъсир мекунад

54
(Таҷдидшуда 18:37 01.08.2020)
Леонид Холод, коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисод, муовини вазири хоҷагии қишлоқ ва озуқаи Русия тавзеҳ дод, ки оё дар Тоҷикистон рушди содирот ба бозори дохилӣ таъсири манфӣ мерасонад ё не

Кӣ ба чунин натиҷа ноил шуд - табиат ё одамон бо кӯшиши худ ва истифодаи агротехнодогия, саволест, ки вақт металабад, таъкид мекунад, Леонид Холод, коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисод, муовини вазири хоҷагии қишлоқ ва озуқаи Русия ба Sputnik Тоҷикистон.

Холод рассказал, как укрепление сельхозсферы влияет на экономику Таджикистана

"Рушди 8 дар садии соҳаи аграрӣ натиҷаи хуб аст. Ин дастоварди муваққатӣ нест", - афзуд коршинос.
Холод гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳосилро пештар аз Русия мебардоранд, ин аз он шаҳодат медиҳад ки омор аз натиҷаҳои бадастомада аст.

"Содирот чизи хуб аст, агар нархҳои дохилиро набардорад, молро дар худи дохили кишвар кам накунад,", - таъкид кард коршинос.

Хоҷагии қишлоқ яке аз соҳаҳои бузурги Тоҷикистон аст, ки рушди нишондодҳои он боиси мустаҳкам шудани пули миллӣ ва рушди иқтисоди кишвар мешавад.

54
Генеральный директор авиакомпании Таджик Эйр Дилшод Исматуллозода

Рӯзҳои сахти "Тоҷикэйр": қарз аз маош ва рухсатии бемузди кормандон

703
Ширкати ҳавонавардии "Тоҷикэйр" ҳудуди 90% дарсади кормандонашро дар пайи қатъи парвозҳо ба рухсатии бемузд фиристодааст

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дилшод Исматуллозода, директори кулли ширкати "Тоҷикэйр", ки дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, дар шарҳи ин матлаб гуфт, моҳи март вақте парвозҳо қатъ карда шуданд, ҳамчунин зарурат – ба рухсатии бемузд фиристодани 80 – 90% кормандони ширкат пеш омадааст.

"Аммо замоне, ки парвозҳои чартерӣ шурӯъ шуданд, мо аксарияти онҳоро дигарбора ба кор ҷалб намудем. Аз моҳи август вақте парвозҳои мунтазам сар шаванд, ҳамаи коргаронамон сари кор хоҳанд буд", - гуфт Дилшод Исматуллозода.

"Тоҷикэйр" аз соли гузашта ба ин сӯ бо мушкили молӣ мувоҷеҳ шудааст. 4 январи соли 2019 ин ширкат муваққатан парвозҳояшро қатъ карда, аз 2 сентябри ҳамон сол онҳоро дубора аз сар гирифт.

Аммо қатъи дубораи парвозҳои байнулмилалӣ дар моҳи марти соли равон дар пайи густариши "вируси корона" дар ҷаҳон ширкатро дигарбора ба мушкил мувоҷеҳ сохт.

Ширкати “Тоҷик Эйр” парвозҳояшро ба Деҳлӣ барқарор мекунад

Директори кулли ширкат мегӯяд, ҳолати бефаъолиятӣ ширкатро ба қарз афканд, аз ҷумла бештар аз 12 миллион сомонӣ аз музди меҳнат пеши кормандонаш бидеҳкор шуд.

"Пас аз шурӯъи дигарбораи кор мо тавонистем 4 миллион сомонӣ қарзи пештара аз ҳисоби музди меҳнати кормандон ва ҳам 8 миллиону 200 ҳазор сомонии дигар маош пардохт кунем. Умедворем, ки пас аз барқарор шудани парвозҳо ҳармоҳа маоши кормандонро мепардозем ва парвозҳои мунтазам имкон медиҳанд, ки қарзҳои пешинаро низ адо кунем", - гуфт ӯ.

"Тоҷикэйр" як ширкати давлатии ҳавонавардии Тоҷикистон буда, тибқи иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, дар парки худ як ҳавопаймои коршоями "Боинг 757 – 200" ва як ҳавопаймои "Ан – 28" дорад ва бақия ҳавопаймову чархболҳои ширкат дар таъмир мебошанд.

703
Барчаспҳо:
кормандон, маош, қарз, Тоҷик Эйр

10 миллион нафар дар Афғонистон мубталои коронавирус шуданд

0
(Таҷдидшуда 21:39 06.08.2020)
Вазири тандурустии Афғонистон изҳор доштаст, ки сеяки аҳолии ин кишвар ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардидаанд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Афғонистон бо нашри гузорише гуфт, ки дар ин кишвар ҳудуди даҳ миллион, яъне аз се як ҳиссаи аҳолии Афғонистон ба коронавирус гирифтор шудаанд.

Аҳмад Ҷавод Усмонӣ, вазири тандурустии Афғонистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин омор пас аз баррасии натиҷаҳои тести 2500 нафар дар саросари кишвар ба даст омадааст.

Дар лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2021 пандемияи коронавирус ба назар гирифта мешавад

Ин тестҳо ва баррасиҳо, ки бо кӯмаки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ анҷом шудааст, таъмин мезанад, ки акнун 31,5 дарсад аз аҳолии Афғонистон ба ин вирус гирифта шудаанд ва бештарин ҳолатҳои гирифторӣ дар Кобул будааст.

Коронавирус дар моҳи феврали соли ҷорӣ бо бозгашти ҳазорон муҳоҷири афғон аз Эрон ба кишварашон ворид шуд.

Дар ҳоли ҳозир таҳқиқоте дар мавриди шумораи ҷонбохтагон ва гирифторон ба ин беморӣ дар Афғонистон идома дорад.

0
Барчаспҳо:
маризӣ, Афғонистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон