Рамазон Қодиров. Акс аз богйонӣ

Хашми Қодиров аз қарори Трамп дар бораи Байтулмуқаддас

561
(Таҷдидшуда 13:08 08.12.2017)
Рамазон Қодиров бар ин аст, ки раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп бо ин қарори худ Исроилро ба ҷанги нав ворид мекунад

ДУШАНБЕ, 8 дек— Sputnik. Раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров аз изҳороти Доналд Трамп дар бораи эътирофи Байтулмуқаддас пойтахти Исроил ба хашм омад.

"Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп маркази се дини ҷаҳонӣ-Байтулмқаддасро пойтахти Исроил эътироф кард. Ин маънои онро дорад, ки Фаластини мусулмоннишин охирин умеди худро дар бораи мухторият аз даст медиҳад. Ин дар остонаи рухдоди таърихӣ, ки бо дастгирии Русия ва қувваҳои мусаллаҳи Сурия даст дод, теруристони Давлати Исломӣ (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) аз кишвар пок шаванд ва дар муборизаи мо бар зидди душманони Ислом пирӯзӣ ба даст оварданд", — навиштааст Қодиров дар саҳифаи "ВКонтакте".

Ба гуфти ӯ Трамп Исроилро бо ҷанг даромехта мекунад.

"Сиёсати раисҷумҳури Амрикоро бояд чӣ гуна пиндошт? Хеле содда. Акнун охирин шубҳаҳо дар бораи созмондиҳандагони гурӯҳҳои теруристӣ дар Ироқу Сурия ва таъсиси "тартиботи сулҳ" аз байн рафт. Зиёда аз ин бо боварӣ мегӯям, ки Трамп бо ин қарори худ кишвари Исроилро бо ҷанге, ки ба ин кишвар таҳдид мекунад, рӯ ба рӯ месозад. Яъне бо ҷанги бузург", — илова кард Қодиров.

Доналд Трамп — Байтулмуқаддасро ба унвони пойтахти Исроил ба расмият шинохт. Ӯ рӯзи 6-уми декабр ҳамчунин эълон кард, ки сафорати Амрикоро аз Телавив ба Байтулмуқаддас мекӯчонад.

Ин суханони таърихии Доналд Трамп аз тарафи мақомоти Исроил ситоиш шуда, аммо аз сӯи бархеи дигар мавриди накӯҳиш қарор гирифтааст. Аз ҷумла Арабистони Саудӣ ин тасмими Қасри Сафедро ноҷо хонда, аз Трамп хостааст, ки қарори худро бозбинӣ намояд. Доналд Трамп гуфт, "имрӯз мо пазируфтем, ки Байтулмуқаддас пойтахти Исроил аст.

561
Барчаспҳо:
Рамазон Қодиров, Байтулмуқаддас, Исроил, Чеченистон
Тахмина Бахронова

Баҳронова: ба сабаби вируси корона дар шаҳри Душанбе дархост ба такси 60 дарсад коҳиш ёфт

836
(Таҷдидшуда 14:17 26.05.2020)
Таҳмина Баҳронова, роҳбари ширкати Atlas Taxi гуфт, чӣ тавр вируси корона ба кори таксиҳои шаҳри Душанбе хисорот ворид кардааст

Ба гуфтаи Баҳронова пас аз 20 март ба далели баста шудани роҳҳо, шумори дархостҳо ба такси коҳиш ёфтааст. Ниёз ба такси пас аз эълони Ситоди ҷумҳуриявӣ дар бораи вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон якбора ба маротиб коҳиш ёфт.   

“Аксари ширкатҳо комилан ба фаъолияти фосилавӣ гузаштанд. Кори макотибу донишгоҳҳо дар шаҳри Душанбе низ қатъ шуд. Ин ҳама ба кори таксиҳо таъсир гузошт. Дархостҳо тақрибан 60 дарсад коҳиш ёфт. Ин раванд миёни тамоми ширкатҳои пойтахт мушоҳида мешавад. Ронандаҳое, ки аз бонкҳо қарздор буданд, зарари ҷиддӣ диданд. Аксари онҳо мошинҳои харидаи худро ба фурӯш гузоштанд, то аз ин вазъи мушкил роҳи наҷот пайдо кунанд”, - гуфт роҳбари ширкати Atlas Taxi Таҳмина Баҳронова ба Sputnik Тоҷикистон.

 

Бахронова: из-за коронавируса заказы такси упали на 60% по всему Душанбе

Вай таъкид дошт, ки дар шароити пандемия таксиҳо ба расонидани маводи ғизоӣ даст заданд, ки қаблан ин хизматрасонии иловагӣ ба шумор мерафт ва пардохти ҳаққи хизмати он алоҳида ҳисоб мешуд.

“Ҳоло ба ҳама чизе лозим аст ва сокинон ба якдигар ҳар лавозимоте мефиристанд. Аз доруворӣ то либоса интиқол медиҳем. Ҳоло мо танҳо пули хатсайро ҳисобу китоб мекунем”, -  илова кард Баҳронова.

Роҳбари Atlas Taxi зикр кард, ки ширкат ронандаҳои худро бо ниқоб ва маводҳои антисептикӣ пурра таъмин менамояд. Ҳамчунин ширкат таксиҳои худро ҳамарӯза дезинфексия ё безарар мекунад.    

Баҳронова қайд кардааст, ки пандемия дар Тоҷикистон чанд моҳи дигар тӯл мекашад ва ба ҳамин хотир ширкат бо маркетологҳо барои ҷори намудани хизматрасониҳои нав гуфтушунид дорад.

836
Барчаспҳо:
дархост, такси, роҳбар, ширкат, хисорот, Душанбе, вирус
Посол Таджикистана в Москве Имомуддин Сатторов

Сатторов гуфт чӣ тавр дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон кумак мерасонанд

829
(Таҷдидшуда 13:10 24.05.2020)
Сафири Тоҷикистон дар Русия дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки чигуна ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд кумак расонида мешавад

Ба гуфтаи Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия таъкид кард, ки сафорат тариқи аъзои шурои ҷамъиятӣ дар бораи ниёзмандон ба кумак иттилоъ гирифта, ба онҳо ёрӣ мерасонад.  

Сатторов илова кард, ки мубодилаи маълумот бо беш аз 90 созмони ҷамъиятиву диаспора ба роҳ монда шудааст.

“Сухан дар бораи ҳазорҳо нафар меравад, ки ба онҳо дар Маскав ва дигар минтақаҳои Русия кумак росонида шудааст. Соҳибкороне ҳастанд, ки аз ифшои номашон худдорӣ мекунанд. Кумаки онҳо ба даҳҳо ҳазор нафар дастрас шудааст”, - гуфт сафир.

 

Сатторов рассказал, как помогают гражданам Таджикистана в России

 

Инчунин Сатторов қайд кард, ки дар Русия ва Тоҷикистон ташкилотҳое ҳастанд, ки барои расонидани кумак аз сафорат рӯйхати шахсони ниёзмандро талаб мекунанд. Онҳо худашон ба ниёзмандон кумаки молӣ мерасонанд.

“Бо ёрии сафорат Тоҷикистон дар Русия давоми ду моҳ, маводи ғизоиро тақсим кардем. Сухан дар бораи беш аз се ҳазор нафар меравад, ки бевосита тариқи сафорат ба ин кумакҳо дастрасӣ пайдо карданд”, - гуфт сафир.

Дар ҳамин ҳол, Сатторов зикр кард, сафорат ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҷой кори хайрашро эълон намекунад, дар ҳоле, ки ин кор ҳамарӯза идома дорад. 

829
Барчаспҳо:
зиндагӣ, шаҳрвандон, кумак, Русия, сафири Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сотрудники птицефабрики, архивное фото

Соҳибкорони Суғд иқтисоди вилоятро мечархонанд: бунёди ду фермаи нав дар Деваштич

0
(Таҷдидшуда 12:38 30.05.2020)
Дар Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич бо кумаки соҳибкорони маҳалӣ фермаи мурғпарварӣ ва фермаи чорводорӣ бунёд хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Дафтари матбуоти мақооти вилояти Суғд, эълон даштааст, ки дар Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони фермаи мурғпарварӣ барои 20 ҳазор сар аз ҷониби ширкати “Ҳоҷирасул” ва сохтмони фермаи чорводорӣ барои 350 сар чорвои хушзот аз ҷониби ширкати “Нури Дален” идома дорад.

Манбаъ зикр намудааст, ки сохтмони иншооти мазкур то ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон ба итмом расонида шуда, ба фаъолият оғоз менамоянд.

Гуфта шудааст, ки дар он 50 нафар сокинон бо ҷои кори доимӣ таъмин гашта, бозорҳои мамлакатро бо маҳсулоти хушсифат- тухми парранда ва гӯшти моли калон таъмин хоҳанд кард.

Ҳамчунин мнабаъ хабар додааст, ки дар ин ҷамоат сардхона барои 400 тонна маҳсулот, нуқтаи ченаки вазни маҳсулот ва маркази хизматрасонӣ бунёд мегардад.

Ин иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳалӣ бо маблағгузории зиёда аз 4 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст”, - таъкид доштааст мақомоти вилояти Суғд.

Мақомоти вилоят амалӣ шудани чунин иқдомотро дар ноҳияи Деваштич омили рушди иқтисодӣ ноҳия арзёбӣ карданд.

0
Барчаспҳо:
бунёд, мурғпарварӣ, Деваштич, Тоҷикистон