Шабакаи иытимоии Фейсбук

Барои чӣ фейсбукчиён гапҳоеро менависанд, ки аз онҳо касе намепурсад

137
(Таҷдидшуда 15:10 15.12.2017)
Хайпро метавонанд бо истифода аз ҳама чиз машҳур кунанд, ҳатто дар ҳолати марги касе. Сутуннависи Sputnik Қирғизистон Бакит Талканов дар бораи корбарони интернетӣ навиштааст, ки дар кори худ устод шудаанд ва онҳоро ба чанд гурӯҳ тақсим кардааст

Ҳамаи мо бемори шабакаҳои иҷтимоӣ гирифтор шудаем. Ё аз истифодаи он ҳаловат мебарем. Иқрор мешавам, ки ман ҳам мисли дигарон "гунаҳкор" мебошам: дар интернет нишастанро дӯст медорам ва паёмҳои гуногунро мунташир мекунам. Ҳоло ҳангомасозӣ мӯд шудааст, яъне бо воситаҳои гуногун машҳур шудан дар имнтернетро бисёреҳо пазируфтаанд. Ман мехоҳам "хайперҳо" (ҳангомаофарон)-ро ба чанд гурӯҳ тақсим кунам.

Навҳагарон

Марги ҳама он нафароне, ки дар байни мардум маъруфанд, боиси андӯҳи зиёди корбарони интернетӣ  мешавад.  Даҳҳо навҳагарон онро бознашр мекунанд. Дар аҳди Мисри қадим навҳагарӣ- як касбе ба ҳисоб мерафт, дар замони мо бошад- ҳоббӣ, ва воситае барои ҷамъ кардани "лайк" шудааст. Баъзан ин мавзӯъҳоро корбароне метавонанд паҳн кунанд, ки ҳеҷ вақт бо марҳум шахсан ошно набуданд.  Фаромӯш накунед: ҳамдардиро бояд шахсан кард, на дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Ё ки ҳоло анъанаҳо дигар шудаанд?

 Муборизони таҳқир

Чанде пеш паёми шӯхиомезеро мунташир кардам, ки бароям ҳамсареро аз минтақаи муайян ва кишвари муайян мекобам ва ваъда медиҳам, ки дар шаш соли наздик ӯро дӯст хоҳам дошт. Медонисатам, ки корбароншояд мақсади маро нафаҳманд, барои ҳамин паёмамро бо смайликҳо "оро додам". Яъне хосатм ба мардум расонам, ки ин паём як шӯхие беш нест ва   онро набояд ҷиддӣ гипирфт. Саддае ҳастам!

Пас аз ин паёмам корбарон маро ба таҳқир кардан ва танқид кардан сар карданд. Мо бештар дар бораи ифродгароии ақидатӣ гап мезанем, аммо маълум мешавад, ки байни муборизони ҳақиқат ҳам радикалҳо(бунёдгаҳо) кам нестанд. Онҳо метавонанд дар як калимаи оддие таҳқир пайдо кунанд ва дарҳол ба ҳамон наафаре, ки таҳқиркунанда аст(ба фикри онҳо) ҳуҷум мекунанд.

Хонумон ва ҷанобон, пеш аз он ки ба касе  ғазаби порсоёнаи худро резед, паёмҳоро як бори дигар хонед! Нерӯятонро барои корҳои неку бузургтар ба кор гиред.

Ғамгусори ҳуқуқи занон

Ин дӯстонамон як шиор доранд: "дар ҳар як шӯхӣ, ҳақиқате ҳаст". Ҳамаи ин ба воситаи "детектор"-и ҷинсиятӣ мегузарад, ки эҳтимол меравад, хело ҳассос аст. Ибораи оддӣ дар навиштаҷот "кӯдакон, занон ва заифмизоҷон" тамошо накунанд",  оқибатҳои нохуш дорад. Дар бисёре ҳолатҳо касе шӯхиомез будани ин паёмро ба назар намегирад.

Мунаққидони ошкоро

Онҳоро метавон дар аксар ҳолат бо ҳангомасозон иштибоҳ кард. Онҳо мутахассии ҳамадон ҳастанд. Агар нафаре дар калимаи навиштааш иштибоҳе кунад, ё торихи рӯзро хато нишон диҳад, дарҳол забондонҳо ва таърихдонҳои "академик" пайдо мешаванд. Дар умум мунаққидони интернетӣ бисёр мардуми боистеъдод ҳастанд, байни онҳо ҳам мутахассисони соҳаи дин ҳаст, ҳам забонону таърихлдонҳо ҳастанд. Аммо баъзан метавон ин "ҳунарҳои" худро ба ҳама намоиш надоду ба нависандаи пост паёми шахсӣ навист.

Бадхоҳон

Шиори онҳо: "Натавонистед!". Ба наздикӣ як ҳамкори ман Алимҷлон Валиев қазияи як ситораи Инстаграмро хело хуб баррасӣ кард, ки ба назди омма бе ороиш ҳозир шуда буд. Таъсири он ба ҳама расид, ҳам ба ҳамкорам, ҳам ба ситораи Инстаграм, ҳатто ба раисҷумҳур ва ҳам ба ҳунармандони хориҷӣ.

Хулоса

Ман ҳам фаришта нестам, ва баъзан вақтҳо аз "исеъдодҳои" дар боло қайд кардаам истифода мебарам, аммо биёед ёдовар мешавем, як дору дар як замон метавонад ҳам заҳр шавад ва ҳам шифо шавад. Гап дар миқдор аст. (Асалро камаш ширим мегӯянд тоҷикон). Сабур бошед, дӯстон, танҳо субур…

137
Барчаспҳо:
ҳангомасозӣ, баҳс, паём, танқид, корбари интернет, Дар ҷаҳон
Холод Леонид доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия РФ

Коршинос гуфт, ки чигуна устувории хоҷагии қишлоқ дар Тоҷикистон ба иқтисод таъсир мекунад

55
(Таҷдидшуда 18:37 01.08.2020)
Леонид Холод, коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисод, муовини вазири хоҷагии қишлоқ ва озуқаи Русия тавзеҳ дод, ки оё дар Тоҷикистон рушди содирот ба бозори дохилӣ таъсири манфӣ мерасонад ё не

Кӣ ба чунин натиҷа ноил шуд - табиат ё одамон бо кӯшиши худ ва истифодаи агротехнодогия, саволест, ки вақт металабад, таъкид мекунад, Леонид Холод, коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисод, муовини вазири хоҷагии қишлоқ ва озуқаи Русия ба Sputnik Тоҷикистон.

Холод рассказал, как укрепление сельхозсферы влияет на экономику Таджикистана

"Рушди 8 дар садии соҳаи аграрӣ натиҷаи хуб аст. Ин дастоварди муваққатӣ нест", - афзуд коршинос.
Холод гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳосилро пештар аз Русия мебардоранд, ин аз он шаҳодат медиҳад ки омор аз натиҷаҳои бадастомада аст.

"Содирот чизи хуб аст, агар нархҳои дохилиро набардорад, молро дар худи дохили кишвар кам накунад,", - таъкид кард коршинос.

Хоҷагии қишлоқ яке аз соҳаҳои бузурги Тоҷикистон аст, ки рушди нишондодҳои он боиси мустаҳкам шудани пули миллӣ ва рушди иқтисоди кишвар мешавад.

55
Генеральный директор авиакомпании Таджик Эйр Дилшод Исматуллозода

Рӯзҳои сахти "Тоҷикэйр": қарз аз маош ва рухсатии бемузди кормандон

704
Ширкати ҳавонавардии "Тоҷикэйр" ҳудуди 90% дарсади кормандонашро дар пайи қатъи парвозҳо ба рухсатии бемузд фиристодааст

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дилшод Исматуллозода, директори кулли ширкати "Тоҷикэйр", ки дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, дар шарҳи ин матлаб гуфт, моҳи март вақте парвозҳо қатъ карда шуданд, ҳамчунин зарурат – ба рухсатии бемузд фиристодани 80 – 90% кормандони ширкат пеш омадааст.

"Аммо замоне, ки парвозҳои чартерӣ шурӯъ шуданд, мо аксарияти онҳоро дигарбора ба кор ҷалб намудем. Аз моҳи август вақте парвозҳои мунтазам сар шаванд, ҳамаи коргаронамон сари кор хоҳанд буд", - гуфт Дилшод Исматуллозода.

"Тоҷикэйр" аз соли гузашта ба ин сӯ бо мушкили молӣ мувоҷеҳ шудааст. 4 январи соли 2019 ин ширкат муваққатан парвозҳояшро қатъ карда, аз 2 сентябри ҳамон сол онҳоро дубора аз сар гирифт.

Аммо қатъи дубораи парвозҳои байнулмилалӣ дар моҳи марти соли равон дар пайи густариши "вируси корона" дар ҷаҳон ширкатро дигарбора ба мушкил мувоҷеҳ сохт.

Ширкати “Тоҷик Эйр” парвозҳояшро ба Деҳлӣ барқарор мекунад

Директори кулли ширкат мегӯяд, ҳолати бефаъолиятӣ ширкатро ба қарз афканд, аз ҷумла бештар аз 12 миллион сомонӣ аз музди меҳнат пеши кормандонаш бидеҳкор шуд.

"Пас аз шурӯъи дигарбораи кор мо тавонистем 4 миллион сомонӣ қарзи пештара аз ҳисоби музди меҳнати кормандон ва ҳам 8 миллиону 200 ҳазор сомонии дигар маош пардохт кунем. Умедворем, ки пас аз барқарор шудани парвозҳо ҳармоҳа маоши кормандонро мепардозем ва парвозҳои мунтазам имкон медиҳанд, ки қарзҳои пешинаро низ адо кунем", - гуфт ӯ.

"Тоҷикэйр" як ширкати давлатии ҳавонавардии Тоҷикистон буда, тибқи иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, дар парки худ як ҳавопаймои коршоями "Боинг 757 – 200" ва як ҳавопаймои "Ан – 28" дорад ва бақия ҳавопаймову чархболҳои ширкат дар таъмир мебошанд.

704
Барчаспҳо:
кормандон, маош, қарз, Тоҷик Эйр

Ҷашнҳои рӯзи 10 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 18:27 09.08.2020)
Рӯзи даҳуми август дар Тоҷикистон – Рӯзи варзишгарон буда дар Эквадор –Рӯзи истиқлолият таҷлил мешавад

Рӯзи 10 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1822 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Сурия зиёда аз 20 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.

Соли 1833 дар ИМА шаҳри Чикаго таъсис дода шуд. То он замон Чикаго як деҳае буд, ки Уинди-Сити ном дошт ва дар он камтар аз 200 нафар  истиқомат мекарданд.

Соли 1876 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар шаҳри Антониои Канада алоқаи телефонии байнишаҳрӣ ба роҳ монда шуд, ки масофаи он 13 километрро ташкил медод.

Старинный телефон
© CC0 / Pixabay
Старинный телефон, архивное фото

Соли 1899 дар Русия ҳангоми бесарусомониҳо ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани донишҷӯён иҷозат дода шуд.

Соли 1924 дар шаҳри Берлин аввалин маротиба парчами сиёҳ-сурх ва зарди Германия  бардошта шуд.

Флаг Германии на здании Рейхстага в Берлине, архивное фото
© Sputnik / Игорь Зарембо
Флаг Германии на здании Рейхстага в Берлине, архивное фото

Соли 1926 миёни Италия ва Испания шартномаи сулҳ ба имзо расид.

Соли 1949 аввалин маротиба дар  Америкаи Шимолӣ парвози ҷавобии ҳавопаймои тиҷоратӣ, ки дар шаҳри Торантои Канада сохта шуда буд, сурат гирифт.

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли  1997 дар таърихи башарият дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон дарозтарин парчам бо баландии 8,5 километр барафрохта шудааст.

Рӯзи 10 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони нави мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуд.

Соли 2011 дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) Осорхонаи вилоятӣ ба истифода дода шуд.

Соли 2016 раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мушовири амнияти миллии раисҷумҳури  Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар тақвияти муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамдастии босамар дар самти таҳкими низоми ҳифзи марзҳои байнидавлатиро баррасӣ карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 10 август

  • Дар Тоҷикистон – Рӯзи варзишгарон.
  • Дар Эквадор –Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 10 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Раҷаби Мирзо (1973) - журналист.

Қудратулло Абдураҳимов (1958) – доктори илми педагогӣ, профессор.

Раҳмат Ботуралиев (1943) – рассом, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рўдакӣ.

Ваҳҳоби Латиф (1956)- нависанда.

Комил Мусофир (1937-2014) – мутарҷим.

Венеамин Ланге (1910 – 1991) – коргардони театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Анна Липшина (1912- 1992)- доктори илми психология, профессор.

Валерий Лутиков (1938) – доктори илми геологӣ.

Абдуқодир Маниёзов (1930 – 2008) – адабиётшинос, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.

Гулмурод Мелиев (1948)- арбоби фарҳангӣ, Команди шоистаи Тоҷикистон.

Шералӣ Мирзо (1952)- шоир.

Эргаш Муҳаммадиев (1941) – доктори илмҳои физикаю математика, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

Алиҷон Наимов (1967)- доктори илмҳои физикаю математика, Профессор.

Алишер Неъматов (1958)- кинорежиссёр.

Раҳмон Одина (1962) – шоир, драматург.

Ҷаббор Расулов (1943)- технолог, дорандаи ҷойизаи Сино.

Маҳмад Раҳимов (1954) – доктори илми ҳуқуқ, профессор.

Саидаҳмади Ҳасан (1952 )- нависанда.

Саидҷон Уроқӣ (1951)- шоир.

Бурҳон Фаррух (1929 – 1993) – шоир.

Сайдулло Хайруллоев (1946) – арбоби давлатӣ.

Камол Ҳамза (1960)- доктори илми таърих.

Муҳаммад Ҷўраев (1948) – доктори илми тиб, профессор.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 1 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 2 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 3 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 4 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 5 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 6 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 7 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 8 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 9 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон