Хуршед Сатторов, акс аз бойгонӣ

Хуршед Сатторов: занони тоҷик зебо ва ҳунарманд ҳастанд

186
Тарроҳ Хуршед Сатторов ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи пӯшоки милли ва нҳунари дастӣ нақл кард

Ба гуфтаи Хуршед Сатторов, пӯшоки миллии тоҷикона дастидӯз аст.

"Дар Тоҷикистон ҳар зани дуввуми тоҷик афзун бар он ки зебост, ҳунари дӯхтани гулдӯзиро ҳам дорад. Тамоми пироҳое, ки ман тарроҳӣ мекунам, ҳамин занҳо медӯзанд",- гуфт Хуршед Сатторов ба Sputnik Тоҷикистон.

Сатторов афзуд, пироҳани тоҷикӣ дар ҳама ҷо харидори худро пайдо мекунад, зеро бо заҳмати калон омода мешавад.

"Пӯшоки миллии тоҷик фалсафаи худро дорад. Дар гулдӯзиҳо офтоб, моҳ ва дарахти хушбахтӣ таҷассум ёфтаанд. Гулдӯзии миллӣ таърихи дурударозро дорад, ки он ба ҳар тарроҳ имкониятҳои зиёд медиҳад",- гуфт Хуршед Сатторов.

Сатторов: традиции народа в современной одежде – это очень хорошо

Тарроҳ мегӯяд, бештар пироҳанҳои омадакардаашро ба намоишгоҳҳо ба Тошканд мебарад. Ба гуфтаи вай, дар Узбакистон аллакай анъанаи ҳунари мӯд ҷорист. Ҳамчунин ин гуна намоишҳоро меҳмонони хориҷӣ метавонанд тамошо кунанд.

Дар сабти овозӣ метавонед шакли пурраи мусоҳибаи тарроҳи машҳурро гӯш кунед.

186
Барчаспҳо:
ҳунарманд, пӯшок, зан, Хуршед Сатторов, Тоҷикистон
Холод Леонид доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия РФ

Коршинос гуфт, ки чигуна устувории хоҷагии қишлоқ дар Тоҷикистон ба иқтисод таъсир мекунад

54
(Таҷдидшуда 18:37 01.08.2020)
Леонид Холод, коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисод, муовини вазири хоҷагии қишлоқ ва озуқаи Русия тавзеҳ дод, ки оё дар Тоҷикистон рушди содирот ба бозори дохилӣ таъсири манфӣ мерасонад ё не

Кӣ ба чунин натиҷа ноил шуд - табиат ё одамон бо кӯшиши худ ва истифодаи агротехнодогия, саволест, ки вақт металабад, таъкид мекунад, Леонид Холод, коршиноси рус, доктори илмҳои иқтисод, муовини вазири хоҷагии қишлоқ ва озуқаи Русия ба Sputnik Тоҷикистон.

Холод рассказал, как укрепление сельхозсферы влияет на экономику Таджикистана

"Рушди 8 дар садии соҳаи аграрӣ натиҷаи хуб аст. Ин дастоварди муваққатӣ нест", - афзуд коршинос.
Холод гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳосилро пештар аз Русия мебардоранд, ин аз он шаҳодат медиҳад ки омор аз натиҷаҳои бадастомада аст.

"Содирот чизи хуб аст, агар нархҳои дохилиро набардорад, молро дар худи дохили кишвар кам накунад,", - таъкид кард коршинос.

Хоҷагии қишлоқ яке аз соҳаҳои бузурги Тоҷикистон аст, ки рушди нишондодҳои он боиси мустаҳкам шудани пули миллӣ ва рушди иқтисоди кишвар мешавад.

54
Генеральный директор авиакомпании Таджик Эйр Дилшод Исматуллозода

Рӯзҳои сахти "Тоҷикэйр": қарз аз маош ва рухсатии бемузди кормандон

703
Ширкати ҳавонавардии "Тоҷикэйр" ҳудуди 90% дарсади кормандонашро дар пайи қатъи парвозҳо ба рухсатии бемузд фиристодааст

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дилшод Исматуллозода, директори кулли ширкати "Тоҷикэйр", ки дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, дар шарҳи ин матлаб гуфт, моҳи март вақте парвозҳо қатъ карда шуданд, ҳамчунин зарурат – ба рухсатии бемузд фиристодани 80 – 90% кормандони ширкат пеш омадааст.

"Аммо замоне, ки парвозҳои чартерӣ шурӯъ шуданд, мо аксарияти онҳоро дигарбора ба кор ҷалб намудем. Аз моҳи август вақте парвозҳои мунтазам сар шаванд, ҳамаи коргаронамон сари кор хоҳанд буд", - гуфт Дилшод Исматуллозода.

"Тоҷикэйр" аз соли гузашта ба ин сӯ бо мушкили молӣ мувоҷеҳ шудааст. 4 январи соли 2019 ин ширкат муваққатан парвозҳояшро қатъ карда, аз 2 сентябри ҳамон сол онҳоро дубора аз сар гирифт.

Аммо қатъи дубораи парвозҳои байнулмилалӣ дар моҳи марти соли равон дар пайи густариши "вируси корона" дар ҷаҳон ширкатро дигарбора ба мушкил мувоҷеҳ сохт.

Ширкати “Тоҷик Эйр” парвозҳояшро ба Деҳлӣ барқарор мекунад

Директори кулли ширкат мегӯяд, ҳолати бефаъолиятӣ ширкатро ба қарз афканд, аз ҷумла бештар аз 12 миллион сомонӣ аз музди меҳнат пеши кормандонаш бидеҳкор шуд.

"Пас аз шурӯъи дигарбораи кор мо тавонистем 4 миллион сомонӣ қарзи пештара аз ҳисоби музди меҳнати кормандон ва ҳам 8 миллиону 200 ҳазор сомонии дигар маош пардохт кунем. Умедворем, ки пас аз барқарор шудани парвозҳо ҳармоҳа маоши кормандонро мепардозем ва парвозҳои мунтазам имкон медиҳанд, ки қарзҳои пешинаро низ адо кунем", - гуфт ӯ.

"Тоҷикэйр" як ширкати давлатии ҳавонавардии Тоҷикистон буда, тибқи иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, дар парки худ як ҳавопаймои коршоями "Боинг 757 – 200" ва як ҳавопаймои "Ан – 28" дорад ва бақия ҳавопаймову чархболҳои ширкат дар таъмир мебошанд.

703
Барчаспҳо:
кормандон, маош, қарз, Тоҷик Эйр

Теъдоди қурбониёни таракиши Бейрут ба 135 нафар расид: 5 ҳазор ҷароҳатдор шуданд

0
(Таҷдидшуда 16:44 06.08.2020)
Теъдоди ҷонбохтагони таркиши мудҳиш дар Бейрут ҳамоно рӯ ба афзоиш аст. Ҳоло расман фавти 135 нафар тасдиқ шудааст

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Шумораи ҷонбохтагони  таркиш  дар пойтахти Лубнон – шаҳри Бейрут ба 135 нафар расид, хабар медиҳад "Al Jazeera.

Ба иттилои манбаъ, дар ин таркиш ҳадди аққал 135  кас  ҷон бохта,  тахминан  5 ҳазор  нафари дигар  захмӣ шудаанд.

Мақомоти расмӣ иброз доштааст, ки  эҳтимоли зиёд гардидани шумораи ҷонбохтагон вуҷуд дорад, чунки наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯйи одамони зиндамонадаро дар зери биноҳои валангор идома медиҳанд.

Таркиши шадид дар Бейрут: даҳҳо нафар ҳалоку маҷрӯҳ шуда, биноҳои зиёд хароб гаштанд-навор

Губернатори Бейрут Марван Аббуд гуфт, ки дар шаҳр то 300,000 нафар бесарпаноҳ мондаанд. Мақомот барои бо ғизо, об ва манзил таъмин намудани онҳо кӯшиш мекунад.

Таркиш дар бандари Бейрут шоми 4 август рух дод. Мақомоти маҳаллӣ сабаби ин ҳодисаро таркиши 2,7 ҳазор тонна нитрати аммиак, ки дар анбори бандар нигоҳдорӣ мешуд, арзёбӣ намуданд.

Ин маводро соли 2015 хадамоти гумрук мусодира намуда, онро  дар бандари мазкур нигоҳдорӣ мекардааст. Дар Бейрут барои ду ҳафта  вазъияти фавқулода эълон шудааст.

0