Сафаров: барканории мансабдорони тоҷик-интихоби табиъӣ аст

© Sputnik / Амир ИсаевСайфулло Сафаров, архивное фото
Сайфулло Сафаров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сайфулло Сафаров муъовини аввали мудири Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон сабаби барканории мансабдорони тоҷикро дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи камбудиҳои мансабдорони тоҷик хулосаҳо баровард.

Аз миёни 618 мансабдоре, ки ба талабот ҷавобгӯй нестанд, 130 каси онҳо барканор карда шуданд, гуфт дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон мудири Ожонси хизмати давлатии назди раисҷумҳур Ҷумъа Давлатов.

Аз миёни онҳо 78 мансабдор ба вазифаҳои поёнтар гузаронида шуда, ба 403 мансабдори дигар тавсия додаанд, ки аз давраҳои омӯзишӣ гузаранд.

Ин қарорро Сайфулло Сафаров муъовини аввали мудири Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод.

Сафаров: в Таджикистане нет кризиса, чтобы из-за этого увольнять чиновников

 

Ба гуфти коршинос мансабдорон на ба далели бӯҳрон аз вазифа барканор шудаанд.

"Дар Тоҷикистон зиндагии иқтисодӣ дар ҷӯш аст. Саноат дар ҳоли рушд аст. Соҳаи гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумиро аз боҷ озод карданд. Танҳо хубтар мешаваду бад не, —гуфт Сайфулло Сафаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Мансабдорон барои мувофиқ набудан ба вазифаҳо барканор шуданд, қайд кард Сафаров. Ба гуфти ӯ ин интихоби табиъӣ аст.

Лентаи хабарҳо
0