Дар кайҳон

Чӣ гуна бачаҳои тоҷик орзу мекарданд, ки қаҳрамонии Гагаринро такрор кунанд

459
(Таҷдидшуда 16:30 13.04.2018)
Пас аз парвози Гагарин, 12-уми апрели ҳар соли советӣ, Рӯзи кайҳоннавардон, пур аз меҳру муҳаббат, дилпуриву ифтихор ва орзуҳои неки оянда буд

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik, Шер Алиев. Падару модари ман 12-уми апрели соли 1961 оиладор шудаанд — ҳамон рӯзе, ки Юрий Гагарин аввалин шуда ба кайҳон парвоз кард.

Падару модари ман то охири умрашон ин санаро ифтихормандона ёд мекарданд. Бинобар ин, дар айёми кӯдакӣ иди "Рӯзи кайҳоннавардон" барои ман моҳият ва ҷилои оилавӣ дошт. Мо яку якбора ду рӯйдодро ҷашн мегирифтем, вале кайҳон аз издивоҷ фосилаҳо пеш буд.

Суханони падарамро хуб дар ёд дорам, ки мегуфт: "Мо бо модарат дар идораи "ЗАГС" будем, ки ногаҳон радио садо дод: "Диққат, диққат! Тамоми радиостансияҳои Иттифоқи Советӣ мегӯянд…". Қариб буд, ки дилам кафад — наход, боз ҷанг?! Вале наа, ин Гагарин парвоз кард. Чӣ тавр мо он вақт дод зада будем…".

Дар мактаб ҳар як ҳамсинфи ман орзу дошт, ки кайҳоннавард шавад, вале ғайр аз ман. Не, ман ҳам албатта орзу мекардам, вале дақиқан медонистам, ки аз ҳадди фазои ороми замин ҳеҷ гоҳ берун нахоҳам рафт.

Сабаб аз ҳама оддитарин  — дар фазо ман худро бад ҳис мекунам. Аввалин кӯшиши савор шудан ба карусел карда, ман худро хеле бад ҳис кардам, рангу рӯям сабз шуду, зуд аз болои карусел фаромадам.

То ҳол суханони нангини як духтараки ҳамсинну солам аз хотирам намебарояд, ки пас аз он ҳодиса ба ман гуфта буд: "Эҳ, сустак, ту баринҳоро ба кайҳоннавардӣ намегиранд". Баъзан ба ман чунин менамояд, ки маҳз ӯ муаллифи матни суруди дар гузашта машҳури "Манго-манго" буд.

Бо вуҷуди ин, суханони вай ба ман садд намешуданд, ки мисли дигар ҳамсинфонам бо дили пур аз ғарқ хабарҳоро дар бораи парвози навбатии кайҳоннавардони советӣ пайгирӣ кунам. Мо онҳоро аз рӯи суратҳояшон мешинохтем, номҳояшонро медонистем, бо онҳо фахр мекардем, махсусан бо Владимир Ҷонибеков. О, чӣ тавр, охир вай ҳамсояаамон аз Узбакистон аст.

Дружинаҳои пионерии мактабҳои Душанбе барои ноил гаштан ба номи пур аз шаъну шарафи яке аз кайҳоннавардони советӣ сахт мубориза мебурданд: нормаҳои ГТО месупориданду, оҳанпора мекашониданд, коғазкӯҳна ҷамъ мекарданду ақибмондагии таҳсилоти мактабиро бартараф мекарданд, интизомро намунавӣ мекарданду ба варзиш машғул мешуданд.

Медонам, барои насли наврас, ки дар паҳнои дастгоҳҳои рақамӣ бузург шудаанд, ҳамаи ин чизҳо хандаовар ва беақлона менамояд, вале мо чунин фикр намекардем. Ва нафареро, ки ҷасорат мекарду, шӯхии КВН-и соҳои 80-и асри гузаштаро дар бораи се хукбачае, ки орзуи "космонафт, космонифт ва космонофт" шуданро доштанд, мазоҳ мекард, бе мошини мушакбар ба мадори наздизаминӣ меандохтем.

Ҳоло кам нафароне ҳастанд, ки ба кайҳон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Танҳо онҳое, ки бо даҳони пур аз кафф баҳс мекунанд, ки оё дар воқеъ амрикоиҳо бар рӯи Моҳ нишастаанд, ё ин фейке беш нест, ки филмбардори нобиға Стэнли Кубрик ба навор гирифтааст.

Боз ба онҳо тудаи начандон бузурги мухлисони "псевдоблокбастер"-ҳои русиягиро, ки корашон ба ҷуз кофтани камбудиҳои ходимони советӣ набуда, дар мавҷи падидаи эрзатс-ватандӯстӣ шаъну шарафи фатҳкунандагони советиии кайҳонро месароянд, замм мекунем.

Шахсан барои ман Рӯзи кайҳоннавардон — як иди бузург аст. Ҳар сол ман онро ҷашн мегирам, ҳамеша падару модари хушбахтамро ёд мекунам, воқеаи парвози гагариниро ба хотир меоварам, овози шадиди Игор Кириллов аз телевизор ҳанӯз дар гӯши ман садо медиҳад.

Инчунин бисёре аз ҳамсинфонам, ки ба осмони пурситора нигоҳ мекарданду, дастонашонро ба ду тараф ҳаво дода, дар орзуи парвоз ба кайҳон буданд, дар пеши назари мананд.

459
Барчаспҳо:
Юрий Гагарин, Русия, Тоҷикистон